Конуни адибон дар охири асри ХХ

 Конуни адибон дар охири асри ХХ

(Аз дафтари адиб)

29-уми марти соли 1991 дар толори Шурои Олии Тоҷикистон, ки маъмулан анҷуманҳои Иттифоқи нависандагон дар он ҷо баргузор мешуд, анҷумани ХII доир шуд, ки дар ҳавои бозсозиву демократи­созии ҷомеа мегузашт. Зеро дар таърихи Иттифоқи нависандагон аввалин бор буд, ки ба мансаби раиси он ба тарзи ал­тернативӣ ва озод шаш нафар пешниҳод шуд – Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Саттор Турсун, Гулрухсор ва банда Аскар Ҳаким. Ба ғайр аз ин, ра­исро на аъзои садорат дар ҷаласаи худ, ҳамчунонки пештарҳо буд, балки тамоми нависандагон бо овоздиҳии пӯшида дар анҷуман интихоб мекарданд, аз тартиби пешин аз замин то осмон фарқ дошт ва воқеан озоду демократӣ буд. Рӯзи дую­ми кори анҷуман давом мекард. Баъд аз қайди номзадҳо Ибод Файзуллоев, ки котиби садорат дар умури эҷодӣ буд ва ҷаласаи анҷуманро раисӣ мекард, ризояти номзадҳоро барои дохил кардан ба рӯихати довталабон аз рӯи тартиби пешниҳодшудаашон пурсид. Лоиқ Ше­ралӣ ва Саттор Турсун номзадиашонро пас гирифтанд. Вақте раис аз Гулрухсор раъяшро пурсид, ӯ гуфт, ки Аскар Ҳаким номзадиашро мегирад ё на? Раис гуфт, ки ман аз рӯйи тартиби пешниҳодшуда пурсида истодаам, ҳоло навбати ӯ на­расидааст, навбаташ расад, ҷавобашро медиҳад, шумо ҷавоби худро диҳед. Пас ӯ гуфт, ки ман ҳам номзадиамро пас ме­гирам. Мо се нафар – Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб ва банда дар рӯихат мон­дем. Ман наметавонистам номзадиамро пас гирам, зеро сабаб доштам.

Устод Фотеҳ Ниёзӣ, ки ба ман барои узви Иттифоқи нависандагон шуданам тавсия дода буданд (он вақт устод ко­тиби садорати Иттифоқи нависандагон буданд ва баъдан вақте ба нафақа раф­танд, банда ба ҷои эшон котиб интихоб шуда будам), пештар аз анҷуман ба назди ман омада, гуфтанд, ки мо чанд на­висандаи калонсол, ки солҳо барои ин ит­тифоқ кор кардем, ба ҳамин хулоса ома­дем, ки ту ба раисии иттифоқ пешниҳод шавӣ. Мо муносибати дӯстонаи туро бо дигар довталабон, ки низ пешниҳод мешаванд, нағз медонем, бинобар ин, мо аз ту мехоҳем, ки ҳангоми интихобот номзадиатро пас нагирӣ, хоҳиши моро ба ҳеҷ ваҷҳ сарфи назар накун. Дар асл барои ман раиси иттифоқ интихоб шудан он қадар аҳамияти бузурге надошт, зеро вазъиятам ҳамчун сармуҳаррири ҳаф­тавори «Адабиёт ва санъат» аз вазъи раиси иттифоқ беҳтар буд, ки бадтар не, аз ҳар ҷиҳат, ҳам аз ҷиҳати молӣ ва ҳам маънавӣ. Аз ҷиҳати молиявӣ маошам аз маоши раиси иттифоқ камтар набуд, имкони молиявии идораам аз имкони иттифоқ чандин маротиба бештар буд, зеро иттифоқ ташкилоти буҷавӣ буду маблағи каме дошт, нашри ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба сад ҳазор нусха расида буд ва дар суратҳисобаш бештар аз 1 миллион рубл маблағ дошт.

Ҳоло аз рӯи тартиби ҷорӣ номзадҳо бояд барномаи фаъолияти ояндаи худро мегуфтанд, яъне бо ҳамдигар мубориза мекарданд. Ман, ки бо ҳардуи номзади дигар кор карда будам, барномагӯиву муборизаро ба худ муносиб намедидам ва ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ гуф­там, ки муаллим, ҳамаи шумо, нависан­дагон, ҳар сеи моро хуб мешиносед, оё шарт аст, ки мо дар ин ҷо барномагӯиву талош кунем, аз шумо хоҳиш мекунам, пешниҳод кунед, ки ин чиз сарфи назар карда шавад, ҳарфи шуморо нависан­дагон қабул хоҳанд кард. Пас, устод ба минбар баланд шуданду тақрибан чунин гуфтанд: мо, дӯстони гиромӣ, номза­дҳоро хуб мешиносем, ба замми ин дар анҷуман Муъмин Қаноат маърӯза кард, Аскар Ҳаким ҳам, бинобар аз инҳо бар­номагӯӣ талаб карданро сарфи назар кунем, беҳтар аст, хуб, агар Убайд Раҷаб хоҳад, барномаашро гӯяд. Пас аз ин ҳарф Убайд Раҷаб баланд шуду гуфт, ки ман ба ҳардуи ин нафар эҳтиром дорам ва номзадиашро бозхост. Мо ду нафар мондем. Рӯзи 31 март дар овоздиҳӣ банда бист раъй бештар гирифта, раис интихоб шудам. Дар ҷаласаи садорати нав, ки анҷуман интихоб карда буд, Абдураҳмон Абдуманнонро муовин дар умури эҷодӣ, Убайд Раҷабро дар умури эҷодиву ташкилӣ, Гулназарро сармуҳар­рири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», Абдулҳамид Самадро сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» ва Борис Пшеничниро сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» пешниҳод намудам ва садорат ин пешниҳодро тасдиқ кард. Сипас Со­рбонро мушовири бахши наср, Раҳмат Назриро мушовири бахши назм, Ҷӯра Ҳошимиро мушовири бахши адабиёти бачаҳо ба кор гирифтам. Ҳамчунонки маълум аст, Иттифоқи нависандагон соли 1934 таъсис шуда, ҳангоми раис шудани ман таърихи 57 сола дошт, банда аз рӯи талаботи низомномаи де­мократие, ки анҷуман қабул карда буд, ду навбат ба тариқи алтернативӣ ва интихоботи озоду пӯшида раис интихоб шуда, кор кардам. Дар анҷумани ХIII, соли 1997, ба вазифаи раисӣ ду нафар довталаб будем – устод Лоиқ Шералӣ ва банда, нависандагон ин дафъа ба банда 40 раъй бештар дода, боз раис интихоб карданд. Устод Лоиқ баъд аз эълони натиҷаи овоздиҳӣ аввалин шуда, маро оғӯш гирифт, табрик кард ва то охири умраш бо ман муносибати бародарона дошт ва ҳамчун узви раёсат дар кор фаъолона ширкат кард. Руҳаш шод бод, ҷавонмард буд. Аслан ӯ ҳеҷ вақт такопӯи вазифагирӣ надошт, ман инро нағз медонистам, ӯро ин дафъа баъзе рафиқонаш ташвиқ карда буданд, ки номзадиашро ба мансаби раисӣ гузо­рад, онҳо манфиатҳои худро дар назар дошта, Лоиқро ба ин кор водор карда буданд. Зеро пеш аз анҷумани пешини ХII Иттифоқи нависандагон, соли 1991, ман бо ӯ, ки ҳар ду ҳам сармуҳаррир бу­дем, ӯ сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» ва банда ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», дар ин бора суҳбат доштам. Мухтасари суҳбат чунин буд, ки ман ба ӯ гуфтам: устод Лоиқ, анҷуман наздик расида истодааст, дар ин анҷуман на­висандагон дар қатори дигарон шумову маро ҳам ҳамчун номзад ба вазифаи раисӣ пешниҳод мекунанд.

Шумо аз ҳама шоистатаред, бинобар ин, агар шумо хоҳиши раис шудан доред, ман номзадии шуморо ташвиқ карда, ба тарафдориатон овоз медиҳам. Ҷавоби устод Лоиқ тақрибан чунин буд: вазифаи раисии Иттифоқи нависандагон кори ташкилотчигӣ, ташвиши бисёр дорад, ман ҳавсалаи ин хел корҳоро надорам, ман мехоҳам ба кори шоирии худам ма­шғул бошам, бинобар ин, ман ин корро барои ту мекунам, зеро мебинам, ки ту қобилияти хуби ташкилотчигӣ дорӣ, кори сармуҳарририат далели ин аст. Зимнан, раиси Бунёди забон шудани ӯ ҳам барояш ғайримунтазира воқеъ шуда буд. Ба хаёлам, охири солҳои ҳаштод буд, ки дар толори ҳозираи филармония ҷаласаи таъсиси Бунёди забон баргузор шуд. Банда ҳам даъват шуда будам. Толор асосан аз намояндагони ҳаракати «Растохез» пур буд. Дар асл, ҳеҷ кас ваколати интихобот надошт, зеро танҳо бо даъват ҷамъ шуда буданду вакили ташкилоте набуданд. Хуб, он солҳо саргарми демократиябозӣ ҳама корро мекарданд.

Раёсати ҷаласа дар дасти Мазҳабшо Муҳаббатшоев, сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» буд. Ӯ ҷаласаро оғоз бахшиду ба интихоби раёсат шу­руъ кард. Аз толор номи ҳар касеро, ки мегуфтанд, ӯ навишта, пас ҳамаро якҷо ба овоз монду ба раёсат даъват кард. Пас аз ҷойгир шудани раёсат, ӯ ба толор назар афканда, ҷаласаро давом доданӣ буд, ки чашмаш ба ман афтод, ки дар толор нишастаам ва гуфт: Аскар Ҳаким, чаро шумо ба раёсат намебароед? Шумо бештар аз ҳама ҳақ доред, охир пешниҳоди таъсиси Бунёди забон авва­лин бор аз ҷониби «Адабиёт ва санъат» интишор шудааст. Ӯ воқеан дуруст ме­гуфт, зеро чунин пешниҳод аз ҷониби ҳофизи номии мо Зафар Нозим нахустин бор дар «Адабиёт ва санъат» чоп шуда буд, ки он вақт Мазҳабшо Муҳаббатшоев муовини банда буд. Банда ҳеч нагуф­таму баромада дар раёсат дар паҳлуи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ нишастам. Чун ҷаласа Бунёди забонро таъсис доду ба интихоби раёсати он расид, аз толор намояндагони «Растохез» одами худ – Мирбобо Мирраҳимро пешниҳод карданд. Ман ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфтам, ки устод, ба ин вазифа бояд шахсе интихоб шавад, ки обрӯву эътибори баланди адабиву забондонӣ дошта бошад. Дар ин ҷо танҳо ду нафар ин гуна мақомро дорад, Шумо ва Лоиқ. Агар Шумо розиед, ман ҳоло хеста номзадии Шуморо пешниҳод меку­нам. Устод гуфтанд, ки синну солам ба як ҷо расидааст, созмон додани ташкилоти нав ба ман вазнин аст, наметавонам. Пас ман гуфтам, ки дар ин ҳолат Шумо хеста, Лоиқро пешниҳод кунед. Устод бархостанду дар сифати Лоиқ суханҳои шоистае гуфта, номзадиашро пешниҳод карданд, ки пазируфта шуд. Лоиқ ҳам дар раёсат нишаста буд, аз ин тавр су­рат гирифтани воқеа хабаре надошт. Ба сӯи мо, ба маънои шумо чӣ кор кардед, нигоҳи ҳайратомезе кард. Раиси Бунёди забон шуданаш, ҳамин тавр, ғайри их­тиёри ӯ сурат гарифта буд. Бинобар он, соли 1997 дар анҷуман номзадиашро ба вазифаи раисии Иттифоқи нависандагон гузоштанаш ҳам иродаи худи ӯ набуд. Инро Абдулмаҷид Достиев, ки он вақт муовини раиси Маҷлиси намояндагон буд, ба ман гуфта буд. Ӯ гуфта буд, ки бегоҳи рӯзи интихобот ман ба Лоиқ те­лефон кардам, ки дилбардорияш кунам. Ӯ гуфт, ки ҳамин рафиқон, маро ба ин кор ташвиқу водор карданд, афсӯс, ки ба суханашон гӯш кардам.

Хуб, баргардем ба кори банда дар Иттифоқи нависандагон. Аз соли 1992, ки дар ҷумҳурӣ нооромиву кашокашу ҷангу талош оғоз шуд, кори раис ба маротиб мушкилтар шуд, зеро хеле аз аъзои он узви ташкилоту ҳаракату ҳизбҳои гуногун буданд, ки бо ҳамдигар созиш надоштанд.

Бинобар ин, аз якуми сентябри соли 1992 бо қарори раёсат Иттифоқи нависандагонро лоҳизбӣ эълон карда, дар он фаъолияти ҳама гуна созмону ҳаракатҳои сиёсиву ғайрикасбиро манъ кардем. Солҳои навадум барои тамоми ҷумҳурӣ солҳои сангин ва фоҷиаборе буданд, иттифоқи нависандагон аз ҳар тараф мавриди ҳуҷуму таҳдид қарор мегирифт, аъзояш ҳам. Ин ҳолат аз матбуоти он давра ҳам аён аст. Баъзе гурӯҳу созмонҳо Иттифоқи нависанда­гонро ба бетарафӣ айбдор мекарданд, ки маънояш чаро тарафдори мо нестед, буд. Мо эълом карда будем, ки ада­биёт манфиати тамоми мардумро дар назар дорад, адибон ҳам, бинобар ин, мо наметавонем шомили созмонҳои гурӯҳӣ бошем. Банда инро дар ағлаби маърӯзаву суханрониҳоям дар он солҳо борҳо, такрор ба такрор, гуфтаам, дар мақолаҳоям навиштаам. Бинобар он, аксаран банда ҳадафи сангандозии он гурӯҳу ҳаракатҳо қарор мегирифтам. Чанд бор ба сарам бо силоҳ ҳам ома­да буданд, ки хонаамро ҳам кашида гиранд, ки ҳамсоягонам ҳам медонанд. Хушбахтона, ба ҳамаи онҳо истодагарӣ карда тавонистам ва Иттифоқи нависан­дагон аз он муборизаҳо бешикасту бе­порашавӣ баромад, ҳол он ки дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ, ҳарчанд дар онҳо ҷангу хунрезӣ набуд, иттифоқҳои нависандагон ба чанд пора тақсим шуда, ба ҳамдигар талош доштанд. Дар он хидмати муовинони ман, махсусан, Аб­дураҳмони Абдуманнон ҳам калон аст, ки бедареғ хидмати иттифоқ ва нависан­дагонро ба ҷо меовард, ки шояд мавриди дар ин бора муфассалтар суҳбат кардан пайдо мешавад. Ҳамчунонки болотар қайд шуд, иттифоқи нависандагон ҳанго­ми аввалин бор раис интихоб шуданам, таърихи 57-сола дошт, аммо ҳамагӣ чор нафар шоиру нависандаи халқии барҳаёт – Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва Гулчеҳра. Дар давоми дувоздаҳ соли фаъолияти банда ин рақам ба 16 нафар расид, фарқаш маълум аст, боз дар солҳои ҷангу ноо­ромӣ. Аз устод Муъмин Қаноату Ашӯр Сафару Қутбӣ Кирому Лоиқ Шералӣ то Муҳаммад Ғоибу Фарзона, ҳама, ин унвонро дар замони раисии банда ва бо пешниҳоди раёсати Иттифоқи на­висандагон гирифтаанд. Ин, албатта, бо хайриятхоҳии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамаи пешниҳоди Иттифоқи нависандагонро мепазируфтанд, сурат мегирифт.

Аскар ҲАКИМ
(Аз ҷилди ҳафтуми «Куллиёт»)

Дигар хабарҳо