Китоб находан фоҷиа аст

 Китоб находан фоҷиа аст

Оташ задани китоб ҷиноят ва аз  ин ҳам ҷинояти вазнинтар нахондани китоб аст…

Рэи Брэдбери

Дар масъалаи китобу китобхонӣ ҳамеша ду равиши андеша роиҷ буда, ки яке маҳсули муносибат ба китоб донистан ва фаҳму дарки чизҳои номафҳум аст ва дигаре он донистаҳоро ба нафъи беҳбуд бахшидани вазъи зиндагӣ, рушди кишварҳо ва таъмини ҳаёти шоиста истифода кардан. Мутаассифона, дар мо равиши аввал нуфуз дорад, яъне китобро танҳо бо ҳадафи донистани масоили гуногуни олами ашё истифода мекунанд ва равиши дувум, яъне ба манфиати пешрафт ва ислоҳи ҷомеа дарк намудани китобхонӣ чандон аҳаммият надорад.

Натиҷаи чунин муносибат ба китоб аст, ки мардум хеле кам ба ин сарчашмаи донишу хирад ва маърифату зебоӣ рӯ меоранд ва самараи ниҳоии онро дар беҳ шудани вазъу ҳоли зиндагии воқеӣ камтар эҳсос мекунанд. Ҳоло бидуни кадом як пажуҳиши ҷомеашиносӣ маълум аст, ки аксарияти мардум ба китоб майли хеле кам доранд ва сабабашро ба носуфтагиву ноҳамвориҳои зиндагии иҷтимоӣ рабт медиҳанд.

Яъне саводу дониш ҳамон вақт эътибор пайдо мекунад, ки барои беҳ шудани зиндагӣ муосидат кунад, дар сурати ғайр, эътибораш ба хок яксон мешавад… Мантиқан дуруст, аммо…

Аммо агар ин муамморо решаковӣ кунем, хоҳем дид, ки сарчашмаи тамоми мушкилоту проблемаҳо ҳамин китоб нахондан аст. Китоб хондан саодат аст ва китоб нахондан фоҷиа…

Илм собит кардааст, ки беҳтарин фурсати ба китоб одат кунонидани тифлон синни аз чор то шашсолагист. Ҳамин ки кӯдак аз синни шаш ба ҳафтсолагӣ бидуни китоб қадам зад, дигар одат карданаш ба китобхонӣ амри муҳол хоҳад шуд.

Мисоли дигар. Агар то 18-солагӣ наврас ба китобхона нарафт, дигар ба занҷир ҳам бубандед, ба ин макон намеравад, чунки дар мағзаш ҳамин андеша ҷо мегирад, ки бидуни китобхона ҳам зистан мумкин аст. Айни ҳамин андеша дар мағзи донишҷӯён ҳам ҷо гирифтааст ва натиҷааш ҳамин аст, ки бе рафтан ба китобхона ва ҳатто бе хондани китоб ҳам донишгоҳро, мутаассифона, хатм мекунанд.

Ҳатто қисми зиёди онҳое, ки ба роҳи илм мераванд ва дар пайи ҳимояти рисолаҳо мешаванд, хеле кам китоб мехонанд, аз ин рӯ, ҷаҳонфаҳмии илмиву адабиашон хеле ковоку заиф аст.

Дар мавриди қишрҳои дигари ҷомеа, ба ҷуз донишҷӯён, дар бобати дарёфти роҳи ҳалли ин масъала сухан кардан хеле мушкил аст. Аммо роҳи ҳалли масъалаи ба китоб пойбанд кардани донишҷӯён ҳаст ва таҷриба ҳам шудааст. Фаразан, солҳои фаъолияти профессори адабиётшинос Худойназар Асозода ва бо ташаббуси он кас як қоидаи нонавишта, аммо ниҳоят лозим амал мекард: ҳар донишҷӯйи факултаи забону адаб то 20-25 китоби бадеӣ намехонд, ба имтиҳони ниҳоӣ роҳ дода намешуд. Ин корро бо супориши шодравон Асозода устодон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ҷӯрахон Бақозода, Боймурод Шарифзода ва дигарон иҷро мекарданд. Ҳафтае ду-се маротиба дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ ин устодон се-чор соат адабиёт қабул мекарданд, яъне тибқи рӯйхат донишҷӯёнро аз кутуби мутолиакардаашон мепурсиданд ва дар дафтари махсус сабт мекарданд. Ин кор 6-7 сол идома кард ва бо фавти зиндаёд Асозода қатъ шуд. Сабаби асосӣ ин буд, ки вақти муаллим хеле зиёд масраф мегардид, аммо ҳаққи кор дода намешуд. Ҳатто ба роҳбарияти донишгоҳ муроҷиат ҳам шуд, ки чунин фаъолияти муаллимонро ҳамчун соати кор ҳисоб кунанд, аммо накарданд. Посух доданд, ки дар барномаи таълим чунин навъи кор ба эътибор гирифта нашудааст…

Фикр мекунам, ки ягона илоҷи ба китоб баргардонидани таваҷҷуҳи донишҷӯён (на фақат дар донишкадаҳои забону адабиёт, забонҳои Осиё ва Аврупо, рӯзноманигорӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, ҳатто дар факултаҳои улуми дақиқ ва риёзӣ низ) эҳёи ҳамин усули кор аст. Бо ин роҳ донишҷӯ дар раванди ҳаёти донишгоҳиаш ҳадди ақал то 20 китоб мехонад ва баъдан ба китобхонӣ одат мекунад. Фақат масъалаи ҳавасманд намудани муаллимонеро (ҳамчун соати дарсӣ) ёфтан лозим, ки вақташонро ба пурсупоси шогирдон сарф мекунанд…

Ба ин ҷо мерасем, ки сарчашмаи тамоми нақсу иллат ва мушкилоту н-осудагиҳои ҳаёт чизи дигаре нест, ба ҷуз эътибор надодан ба китоб. Албатта, ҳадафи китобхонӣ ҳам гуногун аст: яке барои камолоти худаш мехонад, дигаре барои зарурат (масалан, бояд аз озмуни мансаб ё ҷойи кори муносиб гузарад, вақти холиашро гузаронад, барои маъруза дар анҷумане омодагӣ бинад ва даҳҳо сабаби дигар). Бигзор садҳо сабабу зарурат бошад, аммо натиҷа якест: одам аз ҳолати пешина беҳтар мешавад, диду дарёфташ тағйир меёбад, чашмаш бинотару зеҳнаш гиротар мегардад…

Фарқи асосии миёни китобхондаҳову нахондаҳо одамият ва шафқат аст: онҳое, ки китоб мехонанд, сидқу сафо ва раҳму дилсӯзие ба зиндагии худашон ва ба ҷомеа доранд, одамони нохонда бисёр бераҳм ва золиму ҷоҳил мешаванд, парвои дигарон надоранд ва ҳамеша дар андешаи худашон банданд… Гумон намекунам, ки касе “Гулистон”-и Саъдиро хонда бошад, аз паҳлуи як кампири гадо бе додани чанд пайса бепарво бигзарад, на, чунки ин байти Саъдӣ аз гиребони виҷдонаш медорад:

          Шунидастӣ, ки пиразане дардманд

          Ҳамегуфту рух бар замин мениҳод:

          Ҳар он кадхудоро, ки бар бевазан

          Тараҳҳум набошад, занаш бева бод.

Он муҳандисе, ки кафели лағжонак дар истгоҳ ба кор бурдааст (бар хилофи ба эътибор нагирифтани вазъи одамон дар зимистони сарду пурбарф) ва мардум дар яхбандиҳо аз ин азият мебинанд, нохондакитоб аст ва ҳамчунин он масъуле нохондакитоб аст, ки бояд аз тобистон дар андешаи гармӣ додани мардум дар зимистон мешуд. Барои як зироаткор шояд китоб лозим набошад, то бидонад, ки дар шӯразор дона намерӯяд, ин таҷриба аст, ки дар зеҳнаш ҷо гирифта. Аммо аз китоби донишмандон бояд бидонад, ки чӣ гуна он шӯразорро ба замини ҳосилдеҳ табдил додан метавон.

Мантиқ мегӯяд, ки натиҷаи хондани китоб ҳатман дар рафтору аъмоли кас маълум хоҳад шуд. Бояд маълум шавад, вагарна манфиате аз чунин китоб хондан нест. Ҳамин тавр, ҳар сохтор ва идораву корхонае, ки фаъолияташ хуб аст, маълум, ки роҳбари китобхонда дорад, он ҷо, ки проблемаи зиёд вуҷуд дорад, роҳбараш китобнохонда аст. Агар китоб мехонд, дар сурати ноуҳдабароӣ ариза навишта аз кор мерафт, инсофу адолату виҷдону фаросаташ намегузошт, ки лаҳзае истиҳола кунад… Инҳо аз куҷое хондаанд, ки “ҳар ҷо, ки коре ҳаст, камбудие ҳаст”, ё “кор бе камбудӣ намешавад”. Ин навъ қолабҳои андеша ё стереотипҳо дар мо хеле зиёданд, мутаассифона.

Агар барои як фарди одие, ки ба ҷуз оилаву муҳити кораш дар муомилоти иҷтимоӣ нест, хондани китоб фарз бошад, ин фарз барои онҳое, ки бо мардум сару кор доранд, бояд садчанд бошад. Ҳадди ақал даҳ китоби машҳур аз адабу ҳикмат ва таъриху фарҳангро бояд хонда бошанд… Бе инҳо мудирият кардани фаъолияти мардум ва иҷрои нақшаҳои беҳ кардани соҳоти гуногуни зиндагӣ ғайриимкон аст. Гоҳо мешунавем, ки мегӯянд: барои як муҳандиси роҳ ё иқтисоддон, ё барномасоз ва ё касбу кори дигар чӣ лозим хондани китоб, вақте ки соҳаи фаъолияти худро медонад ва аз кутуби тахассусиаш баҳраҳо гирифтааст.

Гӯё дуруст, аммо ҳар коре, ки онҳо мекунанд, хоҳ роҳ месозанд ё равияи наверо дар иқтисод ба роҳ мемонанд, барномаи наве месозанд, ин ҳамаро ба хотири беҳбуди зиндагии мардум мекунанд, аз ин рӯ, шарт аст, ки феълу хулқу атвор ва равиши андеша, тарзи зист ва эҳтиёҷоти модиву маънавии мардум, фарҳанг ва вижагиҳои тамаддуни онро донанд, чунки объекти ахири муомилаашон мардум аст. Вой бар ҳоли ҳуқуқшиносе, ки сари лоиҳаи ин ё он қонун кор мекунаду намедонад, ки он қонун ба анъанаву фарҳанг ва менталитети мардум созгор аст ё на.

Ҳар кас, ки китоб мехонад, манфиате барои худаш мегирад, ҳадди ақал дунёи ботинашро ба тартиб меорад, олами берунашро бо чашми дигар мебинад, кори беҳуда намекунад ва сухани беҳуда намегӯяд. Мо беҳудагӯёни зиёдеро вомехӯрем ва боварамон намеояд, ки наход инҳо китоб намехонда бошанд. На, инҳо ҳам китоб хондаанд, аммо сарсарӣ ва танҳо барои қонеъ кардани кадом як манфиаташон. Аз китобҳо суроғ мекунанд чизҳоеро, ки ҳамин ҳоло барояшон лозим аст. Ҳатто китоб ҳам наметавонад ин қабил ашхосро аз беҳуда гуфтан “наҷот” бидиҳад. Чунки бидуни омодагии руҳиву равонӣ хондани китоб нафъе надорад…

Хулоса мекунем, вагарна доманаи ин баҳс хеле тӯлонӣ хоҳад шуд. Китоб дар тӯли асрҳо ҳамеша мададгори башарият буд ва вазифааш дар умум рӯшан кардани торикиҳост. Торикиро рӯшании офтоб, барқ ё шамъ рафъ мекунад. Китоб ҳамин гуна рисолат дорад. Дар оғози матлаб сухани адиби маъруф Рэй Брэдбериро ҳамчун сарсухан ё эпиграфи ин навишта овардем. Ин ҷумла, яъне “оташ задани китоб ҷиноят ва аз ин ҳам ҷинояти вазнинтар нахондани китоб аст…” аз романи машҳури ӯ бо унвони “451 дараҷа аз рӯйи Фаренгейт” иқтибос шуд: ин ном, яъне унвони роман ҳамин маъниро дорад, ки дар ин ҳарорат (яъне 451 дараҷа) коғаз месӯзад… Нависанда ҷомеаеро тасвир мекунад, ки дар он китобро душмани башарият эълом кардаанд, барои ҳамин ҳар ҷо, ки китоб пайдо шуд, онро месӯзонанд. Ин ҷомеа на мустақилона қароре бароварда метавонад ва на хулосае аз ҳаводиси айём. Яъне ҳама мардуми дастнигар ҳастанд. Ҳама ба ток-шоуҳои телевизион, иттилооти ВАО ва дигар манобеи ахбор эътимод доранд, аммо китобро намеписанданд…

Андешаи меҳварии нависанда ҳамин аст, ки бидуни таҷрибаи пешиниён, ки дар китобҳо дарҷ аст, наметавон ояндаи наку сохт. Танҳо китоб аст, ки ганҷинаи донишро аз як насл ба насли дигар мебарад ва мардумро андешаманд месозад.

Андеша аз китоб ҳосил мешавад, мисли он ки аз дарахт мева мегиранд. Агар андешаи дуруст ҳосил нашуд, пас, заъфи онро аз дигар ҷо бояд ҷуст. Ба ҳар ҳол, ин мавзуи дигар аст, ки ҳоло мо имкону маҷоли баррасии онро надорем.

Ҳафиз Раҳмон

Дигар хабарҳо