«КИТОБИ СОЛ-2021»

Дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол — 2021» баргузор шуд.

 Дар оғози маросим муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иброз дошт, ки бо иқдомот ва дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди китобу китобхонӣ пайваста беҳтару хубтар мегардад. Пешвои миллат дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2019 масъалаи нашри китоб ва оммавигардонии мутолиаи китобро махсусан таъкид карданд: «Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омўхтани забонҳои хориҷӣ кўшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».

Дар номинаи китоби назм ҷои якумро «Сипоҳи сухан»-и Беҳрўзи Забеҳулло, ҷои дуюмро «Дидаи дард»-и Гурез Сафар, ҷои сеюмро «Нотаи сабз»-и Раънои Хуршед сазовор гардиданд.

Дар номинаи китоби наср ҷои якумро «Кайфар»-и Диловари Мирзо, ҷои дуюмро «Кўҳи оҳан»-и Саидаҳмади Зардон ва Хушқадам Холиқов, ҷои сеюмро «Биё, ки фолат бинам»-и Холиқназар Ҷумъазода соҳиб шуданд.

Дар номинаи асарҳои публитсистӣ таълифи дастҷамъӣ, таҳия ва пеш- ниҳоди рўзномаи «Ҷумҳурият» таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» ҷои якум, «Дидгоҳи давлатмеҳвар»-и Абдуллоҳи Раҳнамо ҷои д уюм ва «Тоҷикистони д ирўз у имрўз»-и Ҷаъфар Ранҷбар ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Дар номинаи асарҳои назми бачагона ҷои якум ба «Чўҷа, ҷўча ва хўҷа»-и Низом Қосим, ҷои дуюм ба «Одоб ҳусни инсон аст»-и Маҳбуба Неъматова ва ҷои сеюм ба «Барбоси ман»-и Нуруллои Ориф сазовор дониста шуд.

Дар номинаи асарҳои насри бачагона «Ситорачаи даруни себ»-и Сафияи Носир ҷои якум, «Бобо»-и Баҳром Фирўз (ба забони русӣ) ҷои дуюм, «Дўстӣ бузург»-и Дурдонаи Зафар (ба забони англисӣ) ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Дар номинаи асарҳои тарҷумаи бадеӣ ҷои якумро «Қонуни тиб»-и Сайнуриддин Шаҳобиддинов, ҷои дуюмро «Се шоҳкор», иборат аз романҳои Луиҷи Пиранделло «Шодравон Маттиа Паскал», Френсис Скотт Фитсҷерд«Гетсбии муаззам» ва Ҳерман Ҳессе «Гурги даштӣ» дар баргардони Салими Зарафшонфар ва ҷои сеюмро «Бруно Ясенский ва Тоҷикистон»-и Бурҳон Салмон, Элвира Султонова сазовор гардиданд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур ҳамасола аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик мебошад.

Дигар хабарҳо