Китоби нав дар шинохти НБО-и «Роғун»

 Китоби нав дар шинохти НБО-и «Роғун»

«Муаммоҳои бунёдии НБО-и «Роғун» бо диди сиёсати экологӣ арзёбӣ гардидаанд», — омадааст дар оғози китоби тозанашри узви ИНТ, нависандаи публитсист Ҳасан Асоев, ки таҳти унвони «НБО-и «Роғун» — намунае аз иқтисоди сабзи минтақа» чанде қабл аз ҷониби матбааи «Дониш» ба нашр расид.

«НБО-и «Роғун» — намунае аз иқтисоди сабзи минтақа» ҷилди 3-юми силсилакитобҳои адиб Ҳасан Асоев доир ба мавзуи мазкур буда, ба умдатарин масъалаҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» бахшида шудааст. Дар китоби мазкур дар шаш фасл ҷанбаҳои гуногуни НБО- и «Роғун» дар сатҳи минтақа муаррифӣ гардида, ба кормандони илм, мутахассисон, аспирантон ва ҳамаи алоқамандони соҳа тавсия дода шудааст.

Асари навбатии Ҳасан Асоев паҳлуҳои гуногуни ифодагари аҳаммияти минтақавии НБО-и «Роғун», ба монанди «Сиёсати гидроэнергетикии Тоҷикистон ва муаммоҳои амалигардонии он», «Чаро НБО-и «Роғун» маҳз дар ҳамин мавзеъ сохта мешавад?», «Сарбанди неругоҳи «Роғун» ва баҳсу андешаҳо дар атрофи он», «Муҳити экологии НБО-и «Роғун»», «Сиёсати экологӣ ва муам- моҳои сейсмологии НБО-и «Роғун»», «Парваришгоҳи гидрологии «Роғун», «Туризми Роғун», «НБО-и «Роғун» ва худшиносии миллӣ» ва ғайраҳоро пайгирӣ намуда, дар он маълумоти ҷолибу хонданӣ доир ба неругоҳи мазкур гирдоварӣ шудааст.

Дар нигоштаҳои мазкур, аз ҷумла «Роғун: меҳвари гуфтугӯҳо», «Тарҳи НБО-и «Роғун» аз нигоҳи коршиносон», «Мавқеи географии мавзеи Роғун ва хусусиятҳои табиии он», «Нақши НБО- и «Роғун» дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ», «НБО-и «Роғун» ва муаммоҳои Баҳри Арал» ва ғайраҳо муаллиф хулосаи худро нисбат ба мавзуи баррасишаванда холисона изҳор доштааст.

Манижа БАҲРОМЗОДА

Дигар хабарҳо