КАЛИДИ БАХТ БУВАД ДӮСТӢ
Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз давраҳои хеле қадим сарчашма мегирад. Ин ду халқи дӯсту бародар дар лаҳзаҳои ғаму шодӣ ҳамеша ғамгусору шодишарики якдигар будаанд. Боиси хурсандист, ки ба шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарони ин ду давлати дӯст, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои дӯстию ҳамсоягии миёни тоҷикону ӯзбекон саҳифаҳои нав боз гардиданд.
Баъд аз ташрифи таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти дӯстонаашон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имзои санадҳои бисёри ҳамкорӣ шодию хурсандии ду халқи садсолаҳо бо ҳамдигар қаринро зиёда намуд.
Ин рӯзро мардуми ҳарду кишвар солҳои зиёд бесаброна интизор буданд. Дар арафаи ташрифи мазкур ифтитоҳи як қатор гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишвар боиси хурсандии ҳарду халқ гардид. Имрӯз тоҷику ӯзбек боз ба хонаи ҳамдигар меоянд, шодиву хурсандӣ мекунанд, робитаҳои илмиву фарҳангӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ мустаҳкамтар мешаванд.
Сафари расмии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯбекистон дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар саҳифаи нав боз намуд.
Ҷиҳати аз ҳама муҳимми ташриф имзои “Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки орзуву омоли чандинасраи мардумони тоҷику ӯзбекро амалӣ месозад. Ба ғайр аз ин, дар доираи сафари мазкур созишномаю қарордодҳо бо ҳадафи то ба як миллиард доллар расондани гардиши мол миёни ду давлат ба имзо расид. Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев инчунин ба корҳои лоиҳакашию иктишофӣ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт оғоз бахшиданд.
Ҷиҳати дигари муҳимми ташриф барои мо, тоҷикони вилояти Ҷиззах, дар ҷараёни сафари мазкур имзои “Харитаи роҳ”-и ҳамкорӣ аз ҷониби роҳбарони вилоятҳои Ҷиззаху Суғд мебошад.
Бовар дорем, ин санади таърихӣ минбаъд ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмиву фарҳангии ду вилояти ҳаммарз такони бузурге мешавад. Имрӯз дар вилояти Ҷиззах зиёда аз 40 ҳазор нафар тоҷикон аҳлона зиндагӣ менамоянд . Барои ҳифзи забон, адабиёту фарҳанг , урфу одати тоҷикони вилоят ҳамаи шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар вилоят шаш мактаби пурра тоҷикӣ фаъолият менамояд. Дастпарварони ин мактабҳо дар тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳарду ҷумҳурӣ саҳми босазо доранд. Маркази фарҳанги миллии тоҷикони вилояти Ҷиззах соли 1992 ташкил гардида, дар рушди забон, расму оин, фарҳангу санъати тоҷикони вилоят саҳми арзанда дорад. Ба наздикӣ маркази мазкур бо лоиҳаи “Робитаҳои адабии Хуҷанди қадим ва Ҷиззахи куҳан” гранти давлатии Бунёди ҷамоатии дастгирии ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба даст овард. Дар асоси лоиҳаи мазкур китоби “Робитаҳои адабии Хуҷанди қадим ва Ҷиззахи куҳан” чоп мегардад. Дар он намунаҳо аз маҳсули эҷодкорони тоҷикзабони Ҷиззах ва ӯзбекони вилояти Суғд нашр хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки аз тарафи Маркази мазкур китоби шоири зуллисонайн Ҷонибеки Қувноқ, тарҷумаи достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Алишер Навоӣ ба забони тоҷикӣ чоп гардид. Дар маросими муаррифии китоби мазкур Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок намуда буд. Қобили қайд аст, ки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек нақши му- носиб дорад. Чанде пеш номбурда бо фаъолияти Маркази фарҳанги миллии тоҷикони вилояти Ҷиззах шинос шуд, ба деҳаҳои Порашт, Ӯхм, Эҷ рафта, бо ҳаёти тоҷикони қаторкӯҳҳои Нурато аз наздик ошно гардид. Бо роҳбарони вилоят ва ноҳияҳои мазкур мулоқот анҷом дода, ба онҳо дар қатори дигар миллатҳо барои дастгирӣ ва фароҳамоварии шароитҳои мусоид ба тоҷикони вилоят миннатдорӣ баён намуд.
Боиси хурсандист, ки солҳои охир сафи донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон меафзояд, рафту омад осон гардида, ҳамарӯза одамон аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар мекунанд. Устод Мирзо Турсунзода беҳуда нагуфтааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Раҳимшоҳ ШАРИФЗОДА,
вилояти Ҷиззах