Ифтитоҳи Пажӯҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ
15 январ дар шаҳри Душанбе Пажӯҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ ифтитоҳ гардид.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз кард, ки ифтитоҳи пажӯҳишгоҳ барои ташаккули марҳалаи нави иртиботи илмию фарҳангӣ пояи устувор мегузорад.
– Ифтитоҳи дубораи Пажӯҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ барои густариши ҳамкории илмии дуҷониба паёми тоза мерасонад. Мо, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ умедворем, ки самти муҳимми идомаи фаъолияти ин муассисаро таҳқиқи муштараки фарҳангии мо ташкил хоҳад дод. Зеро мо аз он қаноатманд ҳастем, ки дар пешниҳоди ҷаҳонишавии ҷашнҳои бузурги ориёии Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада давлатҳои ба ҳамдигар дӯст ва ҳамзабони Тоҷикистон ва Эрон ҳамраъйӣ намуданд, – гуфт Матлубахон Сатториён.
Зикр шуд, ки фаъолияти пажӯҳишгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 оғоз гардида, қариб 20 сол идома ёфт. Дар давоми фаъолият ин муассиса дар нашри мероси классикӣ, таҳқиқоти адабӣ ва осори илмию адабии бузургони илму адаби тоҷик ва ҳамкории илмию таҳқиқотии муҳаққиқони ҳарду давлат нақши муносиб гузошт. Бо кӯшиши ин пажӯҳишгоҳ маҷмуаҳои ашъори шоирони муосири тоҷик Низом Қосим, Фарзона, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур, Доро Наҷот ва дигарон ба хати форсӣ нашр гаштанд. Ин муассисаи илмӣ дар густариш ва муаррифии мактаби луғатнависии тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Яке аз чунин луғатномаҳо фарҳанги шоир ва фарҳангнигори тоҷик Доро Наҷот мебошад, ки соли 2013 дар ин муассиса ба табъ расид. Муассиса дар таҳқиқи забоншиносӣ низ корҳои назаррасе ба анҷом расонидааст.
– Дар идомаи фаъолияти Пажӯҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ бовар дорам, ки таҳқиқот доир ба мероси муштарак, тарғиби дастовардҳои адабию фарҳангӣ, таърихӣ ва мусиқии миллатҳо анҷом дода мешавад, – афзуд Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ иброз дошт, ки имрӯз бо ифтитоҳи ин пажӯҳишгоҳ муносибатҳо ва равобити ҳамкории фарҳангии ду давлат бештар мегардад. Ин ҳамкории фарҳангӣ дар оянда барои ду миллат муваффақияти бештар меорад.
Гуфта шуд, ки дар пажӯҳишгоҳ барои муаррифии фарҳанг ва таҳқиқи осори ғаноманди нависандагону шоирони ду давлат дар оянда корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба анҷом мерасанд. Намояндаи пажӯҳишгоҳ Ҳусейналӣ Раҳимӣ гуфт, ки талош мекунем, дар доираи ҳамкорӣ ҳамоишҳои фарҳангӣ ва омӯзишҳо дар бахши адабиёт ва забоншиносӣ доир намоем.
Номбурда афзуд, яке аз китобҳое, ки солҳои қабл дар ҳамин пажӯҳишгоҳ чоп гардид, китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллатҳастии миллат» мебошад. Инчунин ин китоб ба хати форсӣ баргардон ва дар Эрон низ нашр гардидааст.
– Имрӯз дар тамоми дунё муҳимтарин мавзуъ ҳувияти забон аст. Таваҷҷуҳи Сарвари давлати тоҷикон ба ин мавзуъ, навиштани китоб дар ин хусус ва нишон додани хату ҳудуди забони тоҷикӣ кори хеле муҳим аст. Ин китобро мо нашр ва ба ҷомеаи Эрон пешниҳод намудем, – гуфт Ҳусейналӣ Раҳимӣ.
Пажӯҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ аз чор утоқи корӣ иборат буда, дар он китобҳои нависандагон ва шоирони ду давлат ва он китобҳое, ки ба хати форсӣ баргардон шудаанд, нигоҳдорӣ мешаванд.