Ифтитоҳи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ

 Ифтитоҳи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ифтитоҳ ёфт.

Ин гулгашт барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат сохта шудааст.

Гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ доман густарда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Иншооти фарҳангию фароғатӣ бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозии муосир бунёд шуда, барои фароғати сокинону меҳмонон омода гаштааст.

Саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебо ва чароғон аст. Суҳбат­кадаҳо, айвонча ва дигар инфрасохтори зарурӣ қисмҳои иловагии иншоот буда, доман густардани он ба ҳусни маркази ноҳияи Айнӣ зебоии дигар зам менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта дар ин ҷо ба дастандаркорон барои тасвири шоистаи шоир дар муҷассама баҳои баланд доданд.

Таъкид шуд, ки дар оянда ин макони сайру сайёҳат ҳамчун маркази баргузории чора­биниҳои адабию фарҳангӣ низ ба мардум хидмат хоҳад кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, нақши Гулназар Келдиро ҳамчун шоири ватансаро дар тарбияи маънавии мардум неку муассир арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки устод Гулназар муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз шахсиятҳоест, ки офаридаҳояш барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун ганҷинаи адабиёти муосири тоҷик хидмат хоҳад кард.

Дигар хабарҳо