Суханронии Пешвои миллат ба муносибати 30-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлоли давлатӣ ва ҳувияти миллӣ

Фарзандони ҳар миллате, ки намояндагони фарзонаву хирадмандаш дар рушду густариши тамаддуни башарӣ дар масири таърих хидмати шоистаро анҷом додаву онро шуҳраи офоқ гардондаанд, ҳақ доранд ифтихор варзанд ва бояд бо корбурд аз донишу илму тафаккури созанда ин рисолатро идома диҳанд. Маҳз истиқлол ва ваҳдати миллӣ барои ҳар як миллат замина фароҳам меорад, ки бо муҳайё намудани шароити мусоиди азбаркунии донишҳои замонавӣ корҳои мондагорро ба сомон расонад ва беш аз пеш дар рушду густариши ҷомеаи башарӣ саҳим бошад.
Таърих собит сохта, ки нобиғагони илму адаби тоҷик бо тафаккури офоқии худ бори гарони рисолати саодатмандсозии инсонҳоро бар дӯш доштаанд. Сарнавишти ин миллати тамаддунофар он қадар пур аз шебу фароз буда, ки бо ақлу фаросати ҷаҳонсозиаш муддатҳо барои дигар халқу миллатҳо чун роҳнамову ҳодӣ ва гоҳо бар асари нотавонбинии душманону бадхоҳонаш як қадам дур аз вартаи нобудӣ қарор доштааст.
Дар даҳаи охири садсолаи бистум, ки бори дигар соҳибистиқлолӣ муяссараш шуд, душманону бадхоҳонашро ноором сохт ва аз нав бо ин миллат бозии басо хатарнокро роҳандозӣ карданд. Ин бозӣ аз он лиҳоз бисёр хатир баҳогузорӣ мешуд, ки мехостанд моро бо дасти худамон маҳв намоянд. Бо ин ҳадафи шум мардуми кишвари моро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ба ибораи дигар, нагузоштанд аз Истиқлоли давлатӣ аз ибтидо ба таври вофир ва судманд истифода шавад. Нооромиҳои дохилӣ дар як муддати кӯтоҳ бо суръати тамом доман густарда, саросари кишварро фаро гирифтанд. Як кишвари воҳид ва як миллати боҳам ба пораҳо ва гурӯҳҳо тақсим гардида, ҳастии миллати тоҷик ба ашки сари мижгон мемонд. Ҳар лаҳза хатари нестӣ онро таҳдид мекард. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабабҳои асосии ҷанги таҳмилиро шарҳ дода, зикр намуданд: «Муборизаи ошкоро барои ҳокимият, талошҳои бо роҳи зиддиқонунӣ, зӯроварӣ ва зиддидемократӣ ба даст овардани он дар ҷомеа тафриқа андохта, ба ҷанги бемаънии бародаркуш оварда расонид. Бар асари ҷангу нобасомониҳо мо хисороти калони молию ҷонӣ дидем. Зарари моддии ҷанги бародаркуш зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА ва хисороти ҷуброннашавандаи ҷонӣ бошад, фавти зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандро дар бар гирифт, ки дар натиҷа, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, 25 ҳазор зан бе саробон гаштанд».
Бояд рӯйирост иқрор кард, ки дар ҳамон даврони ноором ағлаб ба тафовут гузоштан миёни сиёҳу сафед қодир набуданд, пиронсолон ба сардаргумӣ афтодаву сиёсатмадорону аҳли зиё ба фарде мемонданд, ки баъди ба ғафлат хӯрдани мушти обдор дар ҳолати бехудӣ қарор дорад. Халқи парешонгашта, ки сари калобаашро гум карда буд, он лаҳза ниёз ба фарде дошт, ки дар баробари сиёсатмадор будан инчунин зирак, ҳушёр, ҷасуру шуҷоъ, матинирода ва фидоии ин марзу бум бошад, то бо тамоми масъулият зимоми давлатдориро ба дасти хеш бигирад ва миллатро аз маҳвшавию давлати тозаистиқлолро аз нобудӣ наҷот бахшад. Дуову ниёиши падарону модарони дилрешу барҷоманда, нолаву шевани ҷигарсӯзи занҳои бевамонда, ашки сари мижгони тифлакони маъсуму бегуноҳи падаргумкарда бепосух намонд, аз миёни мардум ҳодиву раҳнамову наҷотбахш қад алам кард ва ҳастиашро барои расидан ба сулҳу субот, танинандоз гардидани оромиву осудагӣ ва бунёдсозиву ободгардонии замини аҷдодӣ бахшид.
Баргузории иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи тоҷикон аз он рӯйдоди мондагор ҳисобида мешавад, ки барои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси роҳбари кишвар ба армуғон овард ва аз ҳамон айём зина ба зина пояҳои давлатдории навини тоҷикон гузошта шуд, бо дигар кишварҳои олам сиёсати дарҳои боз эълом гардид ва сари ёфтани роҳи ҳалли низоъи дохилию паси мизи музокирот овардани тарафҳои даргир тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуд…».
Бо мушкилоту ҷонбозиҳо, баъди чаҳор соли музокироти тарафҳо муяссар гардид, ки дар кишвари азиятдидаи тоҷикон сулҳу субот танинандоз гардад. Метавон ақида кард, ки аз сию чаҳор соли соҳибистиқлолӣ наздик ба даҳ соли он бо нооромӣ паси сар гардид. Танҳо дар охири қарни бистум бо ҷонбозиҳо, гузаштҳо ва эътимодбахшиҳо муяссар шуд, ки абри ноумедӣ аз рӯйи қалби кулли ҳамватанон дур равад, ба оламу одам дилгарм гарданд ва пайи корҳои ободонӣ камари ҳиммат банданд. Акнун бояд ба оламиён собит мешуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо ҷанги таҳмилӣ ва бо дасти дигарон аз берун тарҳрезӣ шуда буд, дар асл мо миллати мутамаддин, соҳиби таърихи куҳан ва фарҳанги пурғаное ҳастем, ки он натанҳо ба тоҷикон, балки ба кулли башарият тааллуқ мегирад. Таҷлили санаҳои таърихӣ, пос доштани хотири абармардони гузаштаи миллату арҷгузорӣ ба заҳамоти онҳо аз ҷумлаи ҳамин гуна иқдомот буданд. Сипас бояд дар тафаккури мардуми дар тӯли ҳафтод сол дар чаҳорчӯби ғояи ягона тарбиятёфтаву бузургшуда таҳаввулот сурат мегирифт ва ин кори саҳлу осон набуд.
Тавре дар фавқ ишора кардем, бо таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ, арҷгузорӣ ба заҳамоти абармардони гузашта, табдили номи даҳҳо шаҳру навоҳию хиёбону кӯчаҳо бо номҳои таърихию аслии миллӣ ва номи фарзонагони гузаштаи халқамон, такмил ва дар шакли нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва ба ин васила бозгӯ кардани ҷойгоҳи баланди забони ноби тоҷикӣ эълом доштем, ки мо аз нав ба асли хеш баргаштем. Чунин амалкард боз бадхоҳони моро ба ташвиш овард, бо истифода аз роҳу усулҳои нав саъй карданд ба ҳувияти миллии мо халал ворид созанд. Нашри мақолоти иғвоангез дар матбуоти зарди хориҷию сомонаҳои интернетӣ, арзи ҳастӣ кардани равияҳои тундрави мазҳабӣ, ба фаъолияти густарда шуруъ кардани мубаллиғони дигар адёну мазҳаб, таблиғи фарҳанги либоспӯшии ғайритоҷикӣ, ҷалби ҷавонони ноогоҳи мо ба сафи гурӯҳҳои даҳшатзо ва ғайра аз ин шумор буд, ки дар ибтидо то ҷое ба ҳадафи хеш расиданд. Аламовар он аст, ки мақсадҳои шуми онҳо бо дасти ҳамватанони ноогоҳи мо, ки аз ҷодаи ғуруру ифтихори миллӣ нагузаштаанд, то ҷое дар кишвари азизамон татбиқи худро ёфтанд. Ҷойи шукргузорист, ки бо ибтикори саривақтии мақомоти амнияти кишвар ва бо ҳушёрию зиракии сиёсӣ ҷилави онҳо гирифта шуд ва рисолати мо имрӯзиён аз он иборат аст, ки ба фарҳангамон, фарҳанге, ки бозгӯкунандаи ҳувияти миллии мост ва назир надорад, арҷ гузорему бо корбурди ақли созанда, дар баробари онро чун гавҳараки чашм ҳифз намудан, боз ҳам ғанитараш гардонем. Ҳифзи ҳувияти миллӣ ба мо дар сурате муяссар мегардад, ки фарзандони худро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳсоси баланди худогоҳию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба сарватҳои фарҳангиямон тарбият намоем. Барои тақвияти нуктаи хеш ин ҷо иқтибос овардани сухани пандомези Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бамаврид медонам: “Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, ки бо кашфиёти нави илмию техникӣ, бо асарҳои рангорангу пурмазмуни замонавӣ, бо санъату ҳунари баланди худ миллати асрҳо бо фарҳангу тамаддуни хеш шуҳратёфтаашонро боз ҳам машҳур гардонанд ва дар назди оламиён собит созанд, ки онҳо вориси аслии Исмоили Сомонӣ, Балъамиву Рӯдакӣ, Фирдавсиву Сино, Носири Хусрав, Саъдию Ҳофиз, Камоли Хуҷандию Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ мебошанд”.
Бақои ҳар давлату миллат ба сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, маърифатнокӣ, ҳисси баланди арҷгузорӣ ба марзу буму муқаддасот ва ғурури баланди миллӣ рабт мегирад. Ҳамаи ин дар натиҷаи ҳарчи бештар рӯ овардан ба китобу мутолиаи он, донистани гузаштаи пурифтихори худ, эҳёву рушди суннатҳои мардумӣ, тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ба ҷаҳониён муяссар мегардад. Ҳикмати дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷони дубора бахшидан ба сарватҳои фарҳангие чун «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, бунёди Китобхонаи миллӣ, чопи силсилаи «Ахтарони адаб» дар 50 ҷилд, ба ҳар як оила ба таври ройгон дастрас намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Шоҳномахонӣ» маҳз дар ҳамин таҷассум меёбад.
Дар фуроварди сухан таъкид ба маврид аст, ки ҳувияти миллии мо дар даврони соҳибистиқлолӣ камол ёфту боло гирифт ва барои тавлиди тафаккури офоқӣ замина фароҳам овард. Бидуни ҳувияти миллӣ даст ёфтан ба тафаккури фаромилӣ имконнопазир аст. Барои ҳар як тоҷик мояи ифтихору сарфарозист, ки гузаштагони илму адаби мо, аз устод Рӯдакӣ то Фирдавсию Саъдӣ ва Ҷалолуддини Балхию даҳҳо пайравони онҳо соҳиби тафаккури офоқӣ буданд ва аз ҳамин хотир маҳсули зеҳни онҳо моли башарият гардид. Нашри китобҳои бозгӯкунандаи собиқаи чандинҳазорсолаи таърихию адабии миллати мо, ба мутолиаи онҳо ҷалб кардани доираи васеи хонандагон ва дар робита ба онҳо роҳандозӣ намудани озмунҳои мухталифи илмию маърифатӣ, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адабӣ дар кишвар сурат мегирад, барои пайдо кардану тарбия намудани ворисони ҳақиқии чунин бузургон заминаи мусоид фароҳам меорад. Маҳз соҳиби маърифати баланд будани мо ҳувияти миллии моро боло бурда, бақои давлату соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комили миллиро кафолат медиҳад.