Истеъдодҳои ҷавон тарбият меёбанд
Мусоҳиба бо котиби масъули Шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Абдусаттори Раҳмон
– Дар оғоз мехостем дар хусуси Шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат маълумот медодед.
– Шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат моҳи апрели соли 2010 бо пешниҳоди раёсати ИНТ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъсис дода шуд.
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Мирзо Файзалӣ (руҳаш шод бод!) котиби масъули шуъбаи мазкур таъйин гардида, то моҳи декабри соли 2016 дар ин вазифа фаъолият намуд. Аз моҳи январи соли 2017 банда котиби масъули шуъба таъйин шудам.
Ҳадаф аз ташкили шуъба фароҳам овардани шароити беҳтар ба аҳли қалами минтақа, такомули фаъолияти эҷодии эшон, дастгирии навқаламон, баргузор намудани вохӯрию мулоқотҳо бо адибон, ташкили чорабиниҳо бо ниҳодҳои гуногун дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон мебошад.
– Ҳамчун роҳбари шуъба фаъолияти онро чӣ тавр арзёбӣ мекунед? Тарбия ва ба камол расондани адибони навқалам дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Дар ибтидои фаъолияташ шуъба ҳафт нафар аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – Мирзо Файзалӣ, Абдусаттори Раҳмон, Давлати Раҳмониён, Нурулло Норзода, Хурсандӣ Ҳоҷимурод, Низомиддин Давлатзода ва чанд эҷодкори ҷавонро муттаҳид намуда буд.
Дар назди шуъба маҳфили адабии «Қалам» бо роҳбарии шоири соҳибистеъдод Давлати Раҳмониён амал мекунад. Яке аз аъзои ин маҳфил, шоири ҷавон Бузургмеҳри Ҳаким аст, ки ғолиби чандин озмуни ҷумҳуриявист. Соли 2023 се узви дигари ин маҳфил – Фазлиддин Носирзода ва Нӯшофарин Ҳусейнзода дар номинатсияи эҷоди назм ва Ҷамила Акрамова дар номинатсияи эҷоди наср ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардиданд. Ба ҳамин тариқ, мо барои ба майдони адабиёт ворид гардидани қаламкашони умедбахш саъю талош карда истодаем.
Кормандони шуъба дар заминаи дастуру тавсияҳои Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ёрию дастгирии Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҳамасола корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад. Аз ҷумла, бо дастгирии як идда соҳибкорони боҳиммати шаҳр шуъба китоби дастҷамъиеро бо номи «Ҳадиси Ваҳдат» мураттаб намуда, ба нашр расонд. Китоб ба ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд. Рӯзи 27 июни соли 2017 дар варзишгоҳи муҳташаму тозабунёди шаҳри Ваҳдат дар тантанаи идона бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоб ба меҳмонон тақдим карда шуд. Худи ҳамон сол аҳли қалами шуъба китоби дигареро бо номи «Гулхонаи ҷавонӣ» ба чоп расонданд, ки аз гулчини эҷодиёти устод Рӯдакӣ сар карда, то чакидаҳои қалами ҷавонони соҳибистеъдоди адабиёти муосири тоҷикро дар бар мегирифт. Яке аз корҳои дигаре, ки шуъба анҷом дод, ба чоп омода ва нашр намудани «Куллиёт»-и Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Мирзо Файзалӣ мебошад. «Куллиёт»-и шоирро Бузургмеҳри Ҳаким мураттаб намудааст, ки аз ду қисм – назму наср иборат мебошад.
Қисми аввали он дар ҳаҷми 800 саҳифа нашр ва ба дасти ихлосмандони каломи адиб расид. Ба хотири гиромидошти хотираи устод, бо кӯшишу талошҳои шуъба ва дастгирии мақомоти иҷроияи шаҳр муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 ба номи эшон гузошта шуд. Соли 2022 бо дастгирию кумаки молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахусус, раиси он Мирзо Исмоилзода бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Мирзо Файзалӣ мунтахаби ашъори устод бо номи «Зиндаам бо ту, Ватан!» ба нашр расонда шуд.
Бахшида ба 80-солагии устод Бозор Собир (равонаш шод бод!) аҳли эҷоди шуъба китоберо бо номи «Занҷираи тиллоии шеър» ба нашр расонда, дастраси ҳаводорони каломи шоир намуд.
– Ҳамкории шуъба бо муассисаҳои таълимӣ дар кадом поя қарор дорад?
– Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№1, 131, 132, 17, 13, 9 ва 2-и шаҳр ба хотири бузургдошти шоир вохӯрии аҳли қалам бо устодону шогирдон баргузор када шуд. Рӯзи 18 майи соли 2022 дар толори мактаби рақами 71 бо иштироки раиси шаҳр, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигар меҳмонони олиқадру ҳаводорони каломи бадеъ маҳфили хотирмон доир гардид.
Бояд зикр кард, ки ҳамасола дар арафаи иди Наврӯз, рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми шуъба, бо иштироки адибон базми шеър доир карда мешавад. Дар баргузории даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» адибони мо ҳамчун аъзои ҳакамон фаъолона иштирок менамоянд. Банда чор сол боз узви ҳакамони даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи адабиёти бачаҳо будам ва шоир Давлати Раҳмониён дар номинатсияи эҷоди назм ҳайати ҳакамонро пурра мекард.
Тибқи нақша, баргузории вохӯрию мулоқотҳои адибону олимон ва аҳли фарҳанг бо устодону шогирдони зиёда аз 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо афсарону аскарони қисмҳои ҳарбӣ ва донишҷӯёну устодони коллеҷҳои тиббию омори шаҳр ташкил карда шуд. Ҳар моҳ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи фарҳанг дар кохи «Маърифат» маҳфилҳои адабӣ баргузор карда мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки дар назди шуъба маҳфили адабии «Лаҳзаи дидор» ҳар моҳе як маротиба доир мегардад, ки масъули он шоир Давлати Раҳмониён мебошад.
Барпо намудани шаби эҷодии адибон яке аз бахшҳои асосии нақша-чорабиниҳои шуъба ба шумор меравад. Тибқи нақшаи муштарак бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раёсати маориф ва шуъбаи мо аз миёнаҳои моҳи октябр то охири моҳи декабр бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, устод Кароматуллоҳи Мирзо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 17, 71, 9, 13, 132, 20, 134 ва 15 маҳфилҳои илмию адабӣ баргузор гардиданд. Соли равон ҳамчунин, маҳфили адабии шоири соҳиблаёқат Хурсандӣ Ҳоҷимурод бо иштироки раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устод Низом Қосим ва намояндагони ҳукумати шаҳр дар кохи «Маърифат» шуда гузашт, ки хотирмон буд. Чанде қабл мулоқоту вохӯрии омӯзгорону хонандагони гимназияи Балъамии шаҳр бо икдому дастгирии шуъба ва роҳбарияти гимназия бо адибон, барандагони Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Абдурауф Муродӣ, Шодӣ Раҷабзод ва банда гузаронида шуд, ки шавқовару рангин буд ва ба мактабиён таассуроти нек гузошт.
Дар умум, шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар шаҳри Ваҳдат ният дорад, ки минбаъд низ як қатор чорабиниҳои адабию фарҳангиро ба роҳ монда, дар ташкил ва барпо намудани ҳамоишу мулоқотҳои адибон бо муассисаву корхонаҳои қаламрави шаҳр саҳми босазои худро гузорад.
Мусоҳиб Ш. Суҳайл