Иноят Насриддин. Фоҷиаи домангир (Порае аз қисса)
Таркише, ки аз ваҳму талвосаи нобаҳангом дар қафаси синаи мӯйсафед рух дод, гӯё ҳамон заминларзаи фоҷиабори Қаратоғ буд, ки бо даҳшати тасаввурнопазир дар як лаҳза ҳама буду набудро ба коми замин фурӯ бурда, дар оғӯши садҳо ман хоки сард олами торикистону бедард эҷод кард. Ва мӯйсафед, баъд аз зеру забар гардидани ҳама буду набуд бо эҳсоси фориғиҳо аз дарди ҷонкоҳ худро дар олами дигар дид. Дар ин олами руъё ба ҷуз фароғати беинтиҳо дигар чизе вуҷуд надошт. Мӯйсафед сари ҳамин андеша дарк кард, зиёда аз он имон овард, ки пас аз мурдан зинда гардонидан ҳақ асту рост.
Ҳукми маргро чанд тан хилъатсафедон бо ҳар гуна асбобу анҷом болои сари ӯ хам хӯрдаву часпу талоши ихтисосӣ доштанд, бо оҳанги таассуф ба забон оварданд. Ва ҳоло бо пазируфтани ҳамин ҳукм ҷасади мӯйсафедро рӯи сандуқи хонаи гӯшагардон гузоштаанд.
Ӯ фориғ аз ҳама ғаму ғурбат дар оғӯши фароғати беинтиҳо аз кадомин гӯшаи дурдасти олами беканор ҳарфи атрофиёнро мешунавад, гирумони онҳоро эҳсос мекунад. Мешунавад, ки милисаи маҳалла бо чанд тан ҳамкасбони ҳоло ҳозир аз маркази ноҳия расидаи худ аз Розияи ҳанӯз ҳам мадҳуш такрор ба такрор чизе мепурсад ва дар ҷавоб келинаш мисли одами ақлбохта бо забони олмонӣ берабт ҳамон ҳарфу суханеро ба забон меорад, ки то таркидани дили мӯйсафед бо дасту рӯйи хуншору мӯйи парешон болои ҷасади ба хун оғуштаи Зафар мегуфт.
Мӯйсафед аз ҳарфҳое, ки келинаш бо садои ваҳмангез ба забон меовард, чизе сарфаҳм намерафт. Ӯ хост сар бардошта, бо таҳлили рӯйдоди ваҳшатбор, ки дар фурсати як пиёла чой нӯшидан ба вуқуъ пайваста, деҳаро ба по хезонд, ба атрофиён, қабл аз ҳама ба милисаҳои рӯи ҳавлӣ чизе бигӯяд. Аммо барои ин амал қудрат дар ихтиёри ӯ набуд. Ҷуссаи лоғараш бо банду басти тани дардманд дар оғӯши кадомин як роҳати руҳафзо фароғат дошт. Ӯ аз сад як фисади чунин роҳату осоишро тайи ҳафтоду ҳафт соли умри ба сар бурдааш надидааст. Ҳама дарду ранҷ, ваҳму ғам ба фаромӯшиҳо рафт, пеши назараш биёбоне доман густурдааст, ки онро бо вусъати нигоҳ фаро гирифтан амрест муҳол. Сароби биёбон ончунон дилкашу ҷаззоб аст, ки дили аз зарбаи нобаҳангом таркида пора-пора гардидааш ҷониби ин зебоӣ мисли селаи турнаи навбаҳорон парвоз дорад. Турнаҳо барои васл ҳар қадар ба сароби биёбон наздик шаванд, он руъёи дилкаш ҳамон андоза дурӣ меҷуст. Ва мӯйсафеди фориғ аз дарду ранҷҳо ба ин манзара мутаваҷҷеҳ гардида, дарк кард, ки гирумони олами фонӣ бо ҳама доду гирифтҳо, росту дурӯғҳо, хушбахтию бадбахтиҳо ҳамчун руъёи дилкаш дар оғӯши ҳамин сароб паноҳ бурдаасту аз ҳарорати хуршед лаҳза ба лаҳза бухор мешавад. Баробари дар оғӯши биёбон бухор гардидани ҳубобҳо дар вусъати бепоёни он чеҳраи гарми момаи Олтиной зуҳур кард. Пиразан ҷуссаи ҳатӯлашро ба асои даст такя дода, бо ситез чизе мегуфт. Мӯйсафед вуҷудашро саропо гӯшу ҳуш намуда, ба суханони пиразан мутаваҷҷеҳ гардида бошад ҳам, рӯшан дарк карда натавонист, ки кампири сӣ харбузапаз қабл аз ин реҳлаткарда бо ситез чӣ мегӯяд. Аҷаб не, ҳамон милтиқи шикориро ёд оварда, мӯйсафеди насиҳат напазируфтаро маломат дорад. Аз ваҷоҳати насиҳатгӯву рӯи реги биёбон бо ситез асо кӯфта, хат кашиданаш пайдост, ки боз ҳамон гапи рӯзи гаҳворабандони Зафар гуфтаашро такрор намуда, дар девори хона кашол будани милтиқ хосияти бад дорад, мегӯяд. Ҳа, хосияти бад доштани онро мӯйсафед фаҳмид, аммо афсус, ки дер фаҳмид…
***
Момаи Олтиной сари ҳар қадам ҷуссаи ҳатӯлашро ба асо такя дода ва бо ҳамин такядорӣ пои дардмандашро кашола карда, ба тӯйхона ҳозир шуд.
Ӯ дарвозаи нимроғро бо нӯгӣ асо тела дода, ҳайрон буд, ки чаро аз ҳавлӣ бо гирумони тӯйдорӣ садое ба гӯш намерасад. Ва бо андешаи он ки шояд дар шумури рӯз ғалат карда бошад, баробари ба ҳавлӣ ворид шудан, бо валвалаи ба ҳар хонадони деҳа ба харҷ медодааш нидо кард:
– Келин! Ҳой, келин!
Аз шунидани садои пиразан гӯё Саодатро Хоҷаи Хизр ба мадад расида бошад, ҳатто хамири дасташро пок накарда, бадав рӯи ҳавлӣ баромад.
– Ассалому алейкум, мома, – соҳибхона дастони хамиролудашро муаллақ дошта, ба эҳтироми соҳибмаслиҳати маъракаҳои мардуми деҳа таъзим кард ва қадаме пеш омада, бо лутфи бештар афзуд: – Момаи соҳибмаслиҳатам кай меомада бошанд гуфта, чашмам дар роҳатон чор буд. Хуш омадед, момаҷон.
– О, чӣ хел чашмат дар раҳам чор буд, ки дарвозаат маҳкаму аз хонаат лоақал садои дойра намебарояд, – кампир ба асои дасташ такяи бештаре дода, аз зинапояҳои сангин ба пешайвон баромад. – О, қойда дари тӯйхонаро саҳарии барвақт калон кушода, карнаю сурнай набошад ҳам, лоақал бо ягон куҳнадойра дангар-дунгур меандозанд.
Соҳибхона эродҳои кампирро бо табассум пазируфта, ӯро ба кати чӯбини бо кӯрпачаву лӯлаболиштҳои тоза ороста ҳидоят намуд ва баробари рӯи кат нишаста, нафас рост кардани соҳибмаслиҳати деҳа узр овард:
– Хотирҷамъ бошед, момаҷон, ҳамааш мешавад. Ҳамин ки келинро оварданд, бо рақси духтарҳову ҳай баракаллои шумо садои карнаю сурнайро ба ҳафт маҳалла мерасонем.
– Нағз мекунӣ. Бигузор дӯсту душман донад, ки бо орзую ҳаваси бисёр аз роҳи дур келин овардӣ, – гӯён кампир даст ба дуо бардошт. – Илоҳо омин, чунин дову даска, тӯю тамошоро Худо ба ҳама насиб гардонад. Тӯй муборак!
Саодат низ даст ба рӯ кашида, сипосгузорӣ намуд:
– Ба худатон низ муборак бошад. Ҳамзаҷон набераи худатон. Барои ҳамин ин тӯй тӯйи шумо.
– Ҳа-а, нофи вай маҳмадонои бетоқата худам буридагӣ. Ҳай бачаи саросема буд-е! Аз ҳамин саросемагӣ қариб ки дар кӯча таваллуд мешуд, – кампир ҳамон рӯзи пеш аз муҳлат таваллуд шудани Ҳамзаро ёд оварда, бо лабханд илова кард. – Раҳматии очааша дар ҳафтмоҳагии ин маҳмадоно, ҳангоми чароғи сурфаи бибиҳоро гирондан, дард гирифт гӯед. Очааш чунон бетоқат шуд, ки ҳатто дуои дастархони мушкилкушоро фаромӯш карда, саросема хестем.
– Бибиҳоро садқа, нури чароғашон расо зӯр будааст-да, – назди пиразан дастархон густурда, бо ҳазл даромад ҳамсояи деворандармиёни Саодат. – Одама ду моҳ пеш аз муҳлат аз маҳбас озод кардан кори осон не.
– Ту, Ҳоҷари гӯрсӯхта, ҳазли хунуката мону гапа гӯш кун, ки набераи ман чалла таваллуд шуда бошад ҳам, бо қудрати чароғи бибиҳо чӣ ҳунар нишон дод.
Ҳоҷар аз эроди пиразан панд бардошта «хӯш» гӯён лаби кат амонат нишаст ва ба идомаи нақл мутаваҷҷеҳ шуд.
– Қудрати мушкилкушою бузургии бибиҳоро бинед, ки Ҳамзаҷон баробари ба хона расиданамон фурсати ба хонаи дарун даромадан надода, бо доду фарёд дасту почакзанон дар ҳамин пешайвон таваллуд шуд. Агар чаққонӣ намекардам, ин бачаи саросема бо нофи набурида дасту почак зада, барои шодиёнагирӣ рӯи ҳавлӣ мебаромад.
– Тарафи худатон рафтагӣ-да, момаҷон, – гуфт бо табассум Саодат ва бо назардошти ҳамарӯза аз ҳолу аҳволи мардум хабардор будани пиразанро илова кард: – Шумо ҳам ҳар рӯз то хурду калони деҳаро як бор хабар гирифта набароед, дилатон қарор намегирад.
Воқеан, ин пиразанро одат ҳамин аст.
Гумонаш, мардуми деҳаи Қаротоғ бе хабаргирию ҳолпурсии ҳамарӯзаи ӯ зиста наметавонад ва агар вай ин амалро анҷом надиҳад, деҳаи дар оғӯши кӯҳ домангустурдаро сел мебарад ё мисли ҳамон заминларзаи пурваҳшат зери хок мемонад. Бо ҳамин андеша баробари кафидани чашми рӯз аз хона мебарояд ва ба ҳар дару дарвозаи деҳа сар хаста, бо ҳолу аҳволпурсӣ чӣ ташвишу тараддуд, дарду ғам доштани мардумро бо чашми сар мебинад. Агар кору рӯзгори нафаре ниёз ба мададу зарурати маслиҳат дошта бошад, назди раиси колхоз ва дигар калоншавандаҳои деҳа меравад.
Асои дасташро ба замин сахт-сахт кӯфта, каму костагии рӯзгори мардумро ҳарф ба ҳарф мегӯяд. Ва калоншавандаҳо ҳад надоранд, ки ба гуфтаҳояш эрод бигиранду пешниҳодашро напазиранд… Ягона одаме, ки дар деҳа ҳарфу сухани ӯро напазируфта, бо ситез ба замин асо кӯфтанаш эътибор намедод, ин шавҳараш Қиём Порсо буд. Пиразан аз ин марди якраву қайсар бисёр ҷабру ситам дида, ҳангоми ҳар моҷаро бисёр мушту лағат хӯрда бошад ҳам, дар панҷ вақт намоз ӯро бо некӣ ёд оварда, дуо мекунад, ки ҷояш ҷаннату манзили охираташ обод бошад. Ва бо ҳамин одати хӯ гирифтааш имрӯз низ дар тӯйхона шавҳарашро ёд оварда гуфт, ки раҳматӣ мӯйсафед бо падари Ҳамзаҷон барои ман дар ҷавонӣ хеле талошу борҳо занозанӣ карда бошанд ҳам, дар зиндагӣ рафиқҳои хуб буданд.
Ҳоҷар аз ин хушгӯйии пиразан завқ бурда, ба ҳар эҳтимол аз масофаи дастраси асои ӯ дуртар нишаста, ҳазл кард:
– Гӯр ақлатон шавад, момаҷон. Ман ба ҷойи шумо мешудам, чашм пӯшида, падари Ҳамзаҷонро мегирифтаму як умр гӯшти кабку оҳу хӯрда, ҳамин Саодати ноуҳдабароя соҳиби хушдомани доно мекардам.
– Кӣ ноуҳдабаро?! – бо ситез даст ба асо бурд пиразан ва дид, ки масофа дур аст, пойи дардмандашро нарм-нарм соиш дода, нешханд зад. – Ту, Ҳоҷари гӯрсӯхта, буз ба ҷӯйпарии гӯсфанд хандидагӣ барин гап назан. Саодат нимҷонак бошад ҳам, ғайрат кунад, кори даҳто ту барин кундаи ҷувозро дар як дам саранҷом мекунад.
Ҳоҷар аз сифати таҳқиромез ба забон овардаи мусоҳибаш заррае наранҷида, бо табассум киноя кард:
– Ҳа-а, чаққониашро асло напурсед, момаҷон. Мани кундаи ҷувоз баъди ду танӯр кулча пухтан ҳавлӣ рӯфта баромадаму ин уҳдабарои таърифиатон ҳанӯз ҳам хамири дасташро нашустааст.
– Ҳасад нахӯр, ки кадбонуи ҳасудхӯр бешавҳар мемонад, – гуфт кампир ва назараш аз тирезаи барқади айвон ба духтари ҳамсоя афтода, насиҳатомез валвала андохт. – Ҳой, духтари Қурбон чӯлоқ, куҷо дидӣ, ки духтари лоиқи шӯ ҳамин хел хамир мушт мекунад?! Бо ин хел хамир мушткуният шӯ ёфтанатро Худо медонад.
Ҳанифа хиҷолат кашида, рӯи сурфаи орд сар хам кард. Саодат хамири кайҳо хушкшудаи кафи дасташро соиш дода, узромез ба байн даромад:
– Ҳеҷ гап не, момаҷон, ҳоло ҷавон аст, ҳамин ки рӯзгор ба сараш афтид, ману шумо барин ёд мегирад.
– Э, дар синну соли вай ман ду бача зоида, ҳар рӯз ду танӯр нон мепухтам, – ва гӯё бо ҳамин алами рӯзе ду маҳал нон пухтан Каримро ёд оварда бошад, ба атроф чашм давонда пурсид: – Келин, мардакат наметобад?
– О, баробари аз дар даромаданатон гуфтам-ку, бо хешу табор саҳарии барвақт барои келинбиёрӣ хонаи қудо рафтанд.
– Ҳа-а, ҳоло Каримҷон Сангмела рафтагӣ гӯ. Ин хел бошад, то якто-нимто мардак пайдо шудан поямро дароз карда шинам, ки сабилмонда дард дорад.
– Бемалол, момаҷон, хонаи худатон барин баҳузур шинед.
– Ташаккур, – пиразан пои дардмандашро ба қади кӯрпачаи нарм дароз кардаву нарм-нарм соиш дода нолид. – Дардаш ҳай қаттол-е! Гумон мекунӣ, таги санги осиё монда бошад. Аз ҳамон соле, ки раҳматӣ мӯйсафед ҷувозкаш шуд, ин зормондаро хода барин дароз карда шиштагем шиштагӣ.
Пиразан сари бист сол боз аз дарди по азоб мекашад. Банд дар банди устухон сӯхта, ба қавли худаш, пои дардмандашро дар даҳони мор мебинад. Ва бо ҳамин қиёс ҳар боре шавҳар банг кашида, ба сараш қамчин мебардошт, ба даму арбадаи ду аждар гирифтор шудам, гӯён менолид. Ва ҳоло низ бо эҳсоси дарду ёди ҳамон солҳо даҳон ба шиква кушод:
– Раҳматӣ аждаҳои ҳақиқӣ буд. Қаҳраш ояд, аз чашмаш оташ мепариду дар дами нафасаш месӯхтӣ. Ба ту дурӯғу ба Худо рост, мӯйсафед кунда барин танаву тири ҷувоз барин сурун дошт. Халта-халта зағиру банд-банд пахолро ба кундаи ҷувоз андохта, тофтанашро медидӣ, ҳушат мерафт. Раҳматӣ дар ҳунари човандозӣ аз ҳамун аспи айғираш ҳам бақуввату гиротар буд. Аз нӯги қамчинаш хун мечакид.
– Ваҳ! – беихтиёр нидо кард Ҳоҷар, дасти гирояшро аз пойи момои Олтиной раҳо намуда. – Ҳоло як умр хун хӯрда, рӯз гузаронидам гӯед.
– Не, раҳматӣ маро гул хӯрондаву гул пӯшонда, зандорӣ мекард. Лекин, ҳамин қадар ки агар ҷаҳлаш ояд, ҷомааша чаппа пӯшида, маро гоҳ ба амиру гоҳи дигар ба падари ҳамин хонадони тӯйдор Амонмерган, тортуқ мекард.
Момои Олтиной ин гапро бо ҳазл иброз дошта бошад ҳам, дар асл Қиём Порсо нисбати амири Бухоро ва рафиқи худ Амонмерган дар як гӯшаи дил кудурате дошт. Он гоҳ-гоҳе ҳангоми банг кашидану бо занаш моҷаро кардан чун захми куҳна рӯ гирифта, ҷувозкашро аз худ бегона мекард.
Дар даврони салтанати амирони манғитӣ аз ҷониби миру бек ва дигар амалдорони қаламрави Бухоро тортуқ кардани духтарони дар боғи балоғат ҳамчун ғунча бишукуфта маънии ба мансабу манзалати амир арҷ гузоштанро дошт.
Ва аз қазову қадар бо мушоҳидаи чашми зиракбини кадоме аз телпакдастёрони маҳал сифати ҳусни Олтинойи чордаҳсола ба гӯши мири Ҳисор расид…



