ИКРОМӢ ҶАЛОЛ

ҶАЛОЛ ИКРОМӢ 20 сентябри соли 1909 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Соли 1928 Донишкадаи муаллиминро хатм карда, соли 1930 ба Душанбе омадааст ва дар Кумитаи омӯзиши Тоҷикистон, ки баъдтар ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ табдил ёфтааст, кор кардааст. Чанде мудири бахши адабии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст. Солҳои тӯлонӣ ба фаъолияти озоди эҷодӣ иштиғол варзидааст.

Ҳикояҳои аввалинаш дар ибтидои солҳои 20-уми асри гузашта навишта шудаанд. Дар ташаккули шахсӣ ва нигорандагии ӯ сахтгирӣ ва ғамхориҳои Устод Айнӣ нақши ҳалкунанда гузоштааст. Аввалин ҳикояи мунташираи ӯ «Шабе дар Регистони Бухоро» (1927) бо талқину раҳнамойии Устод Айнӣ навишта шудааст. Нахустин ҳикояҳои дигари ӯ дар давоми солҳои 1928-1930 нахустин қиссаи ӯ «Тирмор» дар давоми солҳои 1931-1934 дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» чоп шудаанд.

Китобҳои аввалини «Ҳаёт ва ғалаба» ва қиссаву ҳикояҳояш «Ду ҳафта» соли 1934 интишор ёфтаанд. Баъдан маҷмӯаҳои «Тирмор» (1936) ва «Аз Маскав чӣ овардӣ?!»-яш (1936) ба табъ расидаанд.

Сипас романҳои «Шодӣ» (қ. 1-1940; қ. 2-1949) ва «Ман гунаҳкорам» (1957), қиссаи «Тори анкабут» (1957) аз чоп баромада, ӯро дар қатори беҳтарин нависандагони тоҷик қарор додаанд. Баъдан романҳояш «Духтари оташ» (1962), «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»,(1965) ва «Тахти вожгун» (1974), ки трилогияи маъруфи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-ро ташкил додаанд, дар Душанбе, Маскав, Теҳрон, Порис, Прага, Берлин ва дигар мамлакатҳо борҳо мунташир гаштаанд ва заминаи филмҳои бадеӣ қарор гирифтаанд.

Соли 1974 (дар ҳамқаламии Ҳ. Назаров) романи ҳаҷвии «Саргузашти Сафармахсум», соли 1980 «Сафармахсум дар Бухоро»-ро таълиф кардааст, ки ба чандин забон нашру тарҷума шуда, шуҳрати муаллифро ба маротиб афзудаанд.

Романи «Зоғҳои бадмур»-и ӯ соли 1979 дар Душанбе, соли 1979 дар Маскав (ба забони русӣ) чоп шудааст.

Романҳои «Хатлон»-у «Гули бодом аз Конибодом» дар солҳои охири ҳаёти нависанда ба қалам омада, дар онҳо симои ҳамзамонони бунёдкору ҳунарварамон ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Ҷалол Икроӣ очеркнависи машҳуре ҳам буда, китобҳои очерки сафарии «Сафар кардан – ҷаҳон дидан» (1957), «Аҷоиботи сафар» (1963) ва «Дар домани Офтоб» (1964; дар ҳамқаламии А. Одинсов)-аш дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буданд.

Дар бораи Устод С. Айнӣ хотироти муассире эҷод кардааст, ки соли 1972 дар шакли китоби алоҳидаи «Устоди ман, мактаби ман ва худи ман» ба дасти хонандагон расидааст.

Асарҳои драмавии ӯ борҳо саҳнагузорӣ шудаанд, ки «Душман» (1933), «Дили модар» (1934), «Тухми муҳаббат» (1937), «Хонаи Нодир» (1943 ҳамроҳи А. Файко), «Шаби 28-ум» (1946), «Ҷавоби муҳаббат» (1947), «Ситора» (1952), «Дохунда» (1954), «Дилҳои сӯзон» (1970), «Гарнизон таслим намешавад» (1975) ва ғ. аз он шумуланд.

Мунтахаби чаҳорҷилдаи осораш дар давоми солҳои 1986-1973 ба табъ расидааст.

Дар таҳия ва нашри намунаҳои насри ривоятии ниёконамон (Ҳазору як шаб», «Чаҳор дарвеш») ва тарҷумаи осори нависандагони машҳури русу шӯравию хориҷӣ, монанди А.П. Чехов, М. Горкий, М. Шолохов, А. Толстой, А. Довженко, К. Чуковский, Бародарон Гримм, М. Авезов, Б. Корбобоев, Ю.Балтушис, Ю. Лебединский ҳиссаи сазовор гузоштааст.

Сеҷилдаи осораш дар Маскав ба чоп расида, беҳтарин офаридаҳояш ба аксари забонҳои мардуми шӯравӣ, олмонӣ, чехӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудаанд.

Соли 1964 барои романи «Духтари оташ» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.

Нависандаи халқии Тоҷикистон (1976).

Бо бисёр ордену медалҳои ҳукуматӣ мукофотонида шудааст.

Соли 1935 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Соли 1993 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо