ИКРОМӢ СИРОҶИДДИН

 Сироҷиддин Икромӣ 9 майи соли 1964  дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт таваллуд шудааст.

Пас аз хатми мактаби миёнаи №3-и зодгоҳаш ва   шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1990) ба ҳайси китобдор, китобшиноси пешбар,  ходими   калони илмӣ, мудири шуъба, муовини директори Хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи давлатии китоби ҷумҳурӣ) (1987-2015) кор кардааст. Ба сифати директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» аз моҳи майи соли 2015 то моҳи декабри соли 2020 фаъолият намуд. Аз моҳи январи соли 2021 ба ҳайси мудири бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  фаъолият дорад.

Аз соли  2017 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2001) аст.

Муаллифи маҷмўаи ашъор ва қиссаву ҳикояҳои “Ошёни меҳр” (“Ирфон”, 2000), “Дар ҳасрати дидор” (“Ирфон”, 2010), “Баъди борон” (“Ирфон”, 2012), “Як қадам то варта”, (“Адабиёти бачагона”, 2014), “Аз зулмот ба сафо” ( 2014), “Вақте ки насиб накард” (“Бебок”, 2015),  “Боздошти муҳоҷир” (“Ирфон”, 2018), “Подош” (“Адиб”, 2020). Дар Озмуни китоби сол ду китоби адиб, “Боздошти муҳоҷир” ва “Подош” солҳои 2018 ва 2020 дар бахши наср сазовори ҷойи аввал дониста шуданд.

Соли 2015 қиссаи “Аз зулмот ба сафо” дар Озмуни  байналмилалии адабии “Евроосиё”, дар нуминаи “Осори адабӣ” соҳиби ҷоиза гардидааст.

Намунаи осори муаллиф ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд.

Даҳ филмро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Мукофотҳо: Аълочии матбуоти Тоҷикистон (1999), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2017), Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2014).

Телефон: 900002717. Почтаи электронӣ: isbntajikistan@mail.ru

Дигар хабарҳо