Изҳори ҳамдардии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва пайвандони Давлатманд Холов

 Изҳори ҳамдардии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва пайвандони Давлатманд Холов

Шаби 18-уми феврали соли 2024 сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ,  роҳбари ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов баъд аз бемории тулонӣ дар синни 74-солагӣ вафот кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бисёр арзишманди Давлатманд Холовро дар рушди санъати овозхонӣ, махсусан, сурудҳои халқӣ ва жанри «Фалак» таъкид карда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ баён намуданд.

 

Низом Қосим

Устодо…
Ба Давлатманди Хол

Устодо, созҳоро бин, ҳама дар кор маст!
Уд масту ной масту чанг масту тор маст!
Шӯру шавқе, к-ин дару деворро бахшидаӣ,
То ба рӯзи ҳашр монад ин дару девор маст!
Бас бузург имрӯз дар базми ту маст афтодаанд –
Соз маст, Овоз маст, Афкор маст, Ашъор маст!
Бо садоят омад андар базми мо ҳушёрдил
Мавлавии Балх масту Ҳофизу Аттор маст!
Хушдилон бо ҳам расанд ин ҷо, ба қадри ҳам расанд
Аз шароби базм масту аз майи дидор маст!
Аз ту, эй ҳушёрдил, дар базми мастони сухан
Сарнагун ҳар шиша масту соғари саршор маст!
Обу гил ояд гар ин ҷо, бозгардад ҷону дил,
Маст ҳушёр ояд ин ҷо ҷумлаву ҳушёр маст!
Аҳлу ноаҳли ҷаҳон дар базми ту рақсад ба ҳам,
Паҳлуи ҳам бехуд афтад ёр маст, ағёр маст!
Сози нотакрори ту, овози нотакрори ту
Аҳли дилро ҳар куҷое мекунад такрор маст!
Наҷми иқболат ба гардун ҷовидон тобанда бод,
Аз шароби нури наҷмат – гунбади даввор маст!
Саҳнаат бодо гулафшон дар баҳору дар хазон,
Бешумар гулдастаатро ҳар гулу ҳар хор маст!
Давлатат афзун, ки моро масти афзун кардаӣ,
Кам машав ҳаргиз, ки кардӣ ҷумларо бисёр маст!
1995

Давлатманд
Пур аз афроди давлатманд дунёст,
Ба дашти ташна давлатманд дарёст,
Ба сад овоз давлатманд гӯёст…
Вале овози Давлатманд яктост!
2015
***
Созу овози дил нигошту рафт,
Дони овозу соз кошту рафт.
Чу вай афзун набуд давлатманд,
Давлаташро ба мо гузошту рафт.
19.02.2024

 

Ато Мирхоҷа

Суруди охирини Давлатманд

Бирафт ӯ, аз Душанбе бурд гармиро,
Зимистон шуд.
Сафедиро ҳама ҷо кошт руҳи ӯ,
Мусаффо даҳр чун ҷон шуд.
Ба мо як давлати пур аз суруду сур боқӣ монд
Давлатманд.
Ҳама боли малоик аз само резонд Давлатманд –
Суруди охиринашро чунин бархонд Давлатманд!

 

Гулрухсор

Таъзия

Рафтани ногаҳонии ҳунарманди мумтози тоҷик, нафақат фалаксаро, балки дардсарову маънисаро таҳаммулнопазир аст. Аммо «Рафтанду равему боз оянду раванд». Агар дар садсолагӣ ҳам аз дунё мерафт, барои мо мухлисонаш гӯё бевақт буд. Дар чунин лаҳзаҳо беҳтарин сухан хомӯшист. Такрор ҳам шавад, мегӯям, ки Давлатманди Хол намояндаи барҷастаи ҳунару фарҳанги насли мо буд. Дар ду қарн бо мо зиндагӣ кард. Таронаҳояш, сурудҳояш, оҳангҳояш дарвозаҳои дилҳоро кӯфта, бе пурсиш ворид мешуданд. Аз рафтани ҷовидонаи ин марди ҳунар мо як тасалло дорем. Ба қавли шоир: «Танҳо садост, ки мемонад». Садое, ки то «Шоҳнома Ватан аст», дар фазои ифтихору ишқу умед баланд аст.
Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Зикри Давлатманд солҳо дар ёдҳо хоҳад монд. Ба аҳли хонавода ва мухлисонаш ҳамдардам.

 

Абдулҳамид Самад

Ёдаш гиромӣ бод

Хабари вафоти хунёгару овозхони нотакрору маҳбуб Давлатманди Хол дилу ҷигар доғ кард. Ба гуфти устод Рӯдакӣ: Марги чунин хоҷа на корест хурд.
Ман ҳамеша ба Давлатманд Бузург муроҷиат мекардам. Ӯ ноҳинҷор мешуд ва бо табассум хоксорона пичиррос мезад: «Эй ака». Вале Давлатманд аз қадамҳои нахустин дар шоҳроҳи ҳунари сурудан ва офаридани савту наво, шеваҳои сабки оҳангсозӣ, овозхонии хоси худ, истифодаи созҳои гуногуни мардумӣ, шаҳдкашии печ дар печи афсункори садои нодир аз ҷониби устодони маъруф ва мухлисон чун падидаи нав шинохтаву эътироф гардид. Ҳадафи Давлатманд бо савту навоҳои ширадору дилхурӯш тозаҷӯӣ, тозаофарӣ, тозахонӣ буд. Ин ҳадафи бузург заҳмати сангину пайваста мехост. Давлатманд бо иродаи мустаҳкам бо тарбия ва сайқали ҳунари зотиву худодод дар роҳи мақсад бо шеваву сабки тозаи оҳангсозӣ, истифодаи устодонаи созҳои мардумӣ, истифодаи ашъори рангини шоирони маъруфи гузаштаву муосир, бо шаҳдкашии пуравҷу фавқулодаи печ дар печи овози афсункор ҳам дар Тоҷикистону мамлакатҳои ҳамзабон ва давлатҳои дигар шоистаи пазироӣ, дӯстдорӣ ва таҳсину офарин шуд.
Давлатманд аз оғози ба майдони ҳунар омадан, ҳам дар сарояндагӣ, ҳам корбасти созҳову оҳангофарӣ аз пайи тақлид нарафт. Вай бо офаридаҳои тозаи шукӯҳманду пурҳангома тавонист пиру барнои олами ҳаводори ҳунарро шефтаву шайдо гардонад ва ба даврони суруду оҳангҳои хосси Давлатманд оғоз бахшад: оғози зебо, дилхурӯш ва пурбаракат. Савту суруди афсункори Давлатманд дар Эрону Афғонистон, Фаронсаву Амрико… ҳаводорону ошиқон пайдо кард.
Давлатманд бо мурури солҳо ба хазинаи нодири пурбаҳои ҳунар табдил ёфт. Аз баракати ҳунар ва завқи волои ӯ биёр созҳои суннатии миллӣ дар як оҳанги муҳташаму дилкаш бо ҳам ҷӯр шуданд. Оҳанге, ки кас аз дур ҳам шунавад, аз зеру бами мақом ва лаҳни ширадору пуравҷи муассираш пай мебарад,ки офаридаи Давлатманд асту сарояндааш низ худи ӯст. Ин нишонаи мактаб аст, мактаби хоси савту наво ва овозхонии дилангезу нотакрори Давлатманд. Ин мактаб, ин сабку шеваи оҳангсозӣ ва сурудхонӣ дар радифи хизмати дурахшони дигар устодони зиндаёди санъати бастакориву овозхонии тоҷик хазинаи тиллоии ҳунари миллиамонро рангу бори тоза бахшиду мебахшад.
Бо оҳу дарди ҷигарсӯз меандешам, ки Давлатманди пурҳунар аз байни мо ҷисман рафт, вале худро ба он таскин мебахшам, ки савту сурудҳои нотакрор, аз шарбату шираи ҳунари бузурги ӯ саршор ва хизмати бузурги ӯро дар эҳёву рушди фалакхонӣ, сурудҳои дилчаспи ба модар, ифтихору ғурури ватандорӣ, фарҳанги бостон, даврони истиқлоли Тоҷикистону дастовардҳои беназираш, ки хизмати бузургеанд дар рушди ҳунари овозхонии миллӣ насли имрӯзу фардои Тоҷикистон ҳамеша пос медоранд.
Бузургмарди ҳунар, Давлатманд Хол, хазинаи нодири савту овоз ва сурудҳои дилангезашро ба ёдгор монда, ҷисман аз байни мо рафт. Хизмати фарзандона ба миллат, шавқу сурури маънавии беандоза ба мардум, бешак, ҳунари нотакрораш ӯро дар дилу дидаи миллати қадршиноси тоҷик зиндаву ҷовидон нигоҳ медорад. Ёдаш гиромӣ бод.

 

Амирбек Мӯсозода,

Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Савти нотакрор

Давлатманд Хол яке аз маҳбубтарин сарояндагони миллати тоҷик ба шумор меравад, ки дар ҷодаи овозхонӣ, оҳангсозӣ ва мутрибӣ симои нотакрор дошт, чунки ба кам ҳунармандон муяссар мешавад, ки ҳамзамон ин се сифатро дар худ дошта бошанд. Устод бо ин се сифати нотакрор дар олами санъати миллии тоҷик шуҳратёр гардид.
Дар жанри мусиқии анъанавӣ, алалхусус равияи фалак, соҳиби мактаби хос буд, дар ин ҷода муваффақиятҳои беназир касб кард. Муҳаббати афзояндаи халқ ба ин сарояндаи нотакрор далели равшани ин андеша аст.
Ин шуҳрату маҳбубият то ба андозаест, ки мо, аҳли эҷод, бо боварӣ изҳор менамоем, ки дар жанри фалакхонӣ “Фалаки Давлатманд” арзи ҳастӣ кардааст.
Устод Давлатманд Хол ҳамчун узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон низ ҳамеша аз пайи эҷоди таронаю оҳангҳои баландмазмуне буд, ки Ватани азиз, табиати бемисли он, меҳри модару муҳаббати дилбарро дар худ таҷассум намудаанд.
Эҷоди Давлатманд Хол хазинаи бузургеро мемонад, ки барои тарбияи насли нави эҷодкор мактаби беназири ҳунарист. Ҳамкории пайвастаи ҳунарпеша бо шоирони маҳбуб Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим ва оҳангсозони маъруф Хайрулло Абдуллоев, Фаттоҳ Одина, Талаб Саттор ва камина сазовори зикри хос аст, зеро ин ҳамкорӣ ба фаъолияти тарафайн таъсири бузург бахшидааст.
Барои санъати миллии тоҷик даргузашти чунин ҳунарманд талафоте бузург аст ва ягона тасаллӣ садои бемисли дар гӯши дилу ҷонҳо танинандоз, абадзиндагии осори пурбаҳо ва пайваста дар хизмати ҳамватанон будани он аст.
Ёди устоди ҳунар гиромӣ бод!

 

Ибодулло Машраб,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Буд, ҳаст ва хоҳад монд

Фурӯтанию хоксорӣ то куҷост, ки вақте як гурӯҳи калони ҳунарии ҷавонон дар як ҷо ҷамъ мешаванд, пеш аз намоиш байни ҳам суҳбат мекунанд, чунки онҳо ҳанӯз ба дараҷаи ҳунарманди асил нарасидаанд, ҳунармандони хубанд, вале ҳунарманди хубе, ки ман мегӯям, пеш аз баромаданаш ҳеҷ вақт ба кори дигаре машғул намешавад ва суҳбати дигаре намекунад. Ана ҳамин хислатҳо хоси ҳунарманди асил Давлатманд Хол буданд.
Соли 2005 бори аввал бо даъвати ЮНЕСКО ба Париж бо як барномаи бисёр мукаммал сафар кардем, дар он ҷо бо ҳидояти Пешвои миллат ва дастгириҳои он кас ҳунармандони мо, албатта, ба илҳом омаданд ва кӯшиш карданд, ки сурудҳои нав ба нав эҷод намоянд. Сурудҳоеро омода карданд, ки мувофиқ ба муҳтавои барнома буд. Дар он ҷо се нафар аз ҳунармандони мо сазовори ордени бисёр баланди Фаронса гардиданд, ки онро Президенти ҳамонвақтаи Фаронса Жак Ширак ба ҳунармандони мо супорид. Ва яке аз онҳо Давлатманд буд.
Дар барномаи «Шоми дӯстӣ»-и Тоҷикистону Ӯзбекистон суруди аз ҳама охир суруди Давлатманд Хол буд. Мо барои навиштани матн ба ин суруд ба Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим муроҷиат кардем ва шеъри аҷибе навиштанду пешбарӣ карданд. Давлатманд чунон як оҳанге сохт, ки тамоми толор ба ваҷд омада, аз ҷой хестанду дар давоми суруд кафкӯбӣ карданд. «Ду донак ба як пӯст тоҷику ӯзбек» ҳамин хел мазмун дошт ин шеър. Вақте ки ин суруд садо дод, ман дидам, ки дар толор Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаловати махсус мебурд.
Натиҷааш ин шуд, ки мо боз сафари ҳунарӣ доштем ба Ӯзбекистон ва ин барномаи «Шоми дӯстӣ» дар Тошканд низ барпо гардид. Дар он ҷо низ Давлатманд сурудхонӣ мекард, вале дар барномааш аллакай дигар сурудҳо буданд. Боз як суруди зебои Давлатманд дар он ҷо садо дод, ки ҷамъбасткунандаи барнома гардид. Ҳунарнамоии моро дар он ҷо низ бисёр гарм истиқбол карданд. Натиҷааш ин шуд, ки ба чанд ҳунарманди мо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистонро лоиқ донистанд ва боз ҳам яке аз онҳо Давлатманд Хол буд.
Ӯ мутриби чирадаст, оҳангсози мумтоз ва ҳофизи беҳамтои мо буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Дигар хабарҳо