ЗОҲИР АБРОР

 ЗОҲИР АБРОР

АБРОРИ ЗОҲИР (Имомов ович) 15 январи соли 1965 дар деҳаи Ботурободи ноҳияи Қӯрғонтеппа (ҳозира Сарбанд) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1984 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Фаъолияти кориро дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» оғоз намуда, дар Кумитаи комсомоли вилоят, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» идома додааст.

Дар мақоми директори кинотеатр, ёвари раис, сардори раёсати шабакаҳои кино ва кинопрокати Иттиҳодияи ҷумҳуриявии кино ва видеои «Тоҷиккино» фаъолият бурдааст.

Солҳои 1999-2000 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём», 2000-2004 директори Телевизиони Тоҷикистон, 2004-2005 сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, солҳои 2007-2012 директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буда, аз соли 2012 мақоми директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои давлатӣ»-ро бар уҳда дорад.

Ҳикояву қиссаву романҳояш аз охири солҳои 80-уми асри гузашта дар нашрияҳои даврӣ, маҷаллаи «Садои Шарқ» ва муассисаҳои нашоротии гуногун дар қолаби китобҳои «Дуроҳа», «Моҷарои қабр», «Таносух», «Васваса», «Пастиву баландӣ», «Мунтасир», «Душанбе», «Як рӯзи ҳаёт», «Се тасвиру се тақдир», «Ғуруби Офтоб», «Бомдоди ишқ», «Хокпайванд», «Коммунист», «Ману туву фаришта», «Дар ҷустуҷӯи инсон», «Дар ҷилди одам», «Майдон», «Нӯхтаи нафс», «Мотами гурбаи сиёҳ», «Бозгашт», «Муҷассамаи ишқ», «Муқовимат», «Охирин сайди сайёд», «Арсаи набарди гургон», «Ёри ғор», «Дунёи бесомон», «Ибни Лодан», «Шикасти зулмот», «Рақс дар сояи девори оҳанин», «Қасидаи зери теғ», «Мусофири ҷодаи ишқ» ва ғ. ба табъ расидаанд.

Муаллифи филмномаҳои бадеӣ ва мустанаде мебошад, ки тавассути киностудияи «Тоҷикфилм», ТВ «Сафина» ва Шабакаи аввали Телевизиони тоҷик таҳти номҳои «Муҷассамаи ишқ», «Хокпайванд», «Беназир», «Подош», «Гумон», «Моҷарои рӯзи ид», «Моҷарои хурд дар шаҳри калон», «Гирдоб», «Тинат», «Асрори чашмаи заррин», «Оташи ҷанг ва парчами нанг» пешкаши тамошобинон гардидаанд.

Аълочии фарҳангу матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Аброри Зоҳир  22 ноябри соли 2015 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо