Сӯгворӣ. ЭГАМ НАЗРУЛЛО
Хабари нохуше аҳли адабро андуҳгин намуд. 27- уми январ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири хушзавқ ва пурмаҳсули кӯдакон Эгам Назрулло дар синни 74-солагӣ оламро падруд гуфт.
Мавсуф умри худро, ҳам бо роҳи таълим дар мактаби миёна ва ҳам бо эҷоди шеърҳои рангину хонданӣ, вақфи кӯдакону наврасон кард. Соли 1982, баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ чандин сол дар мактаби зодгоҳаш, деҳаи Сангчашмаи ноҳияи Ҳисор омӯзгор буд ва як муддат дар шуъбаи маорифи ноҳия низ фаъолият дошт.
Қаробат бо наврасон пайваста адибро ба иншои ашъор барои онҳо ангеза медод ва навиштаҳояш дар матбуоти даврӣ аз солҳои 80-уми қарни гузашта интишор меёфтанд.
Маҷмуаҳои ашъори кӯдаконаи «Ба ҷӯи нав об омад» (1983), «Дар хона баҳорам ҳаст» (1999), «Асо чӣ сеҳр дорад?» (2002), «Аз дафтари Азиза» (2003), «Таҳи кулоҳ чӣ бошад?» (2007), «Мо ҳама банди корем» (2023) баёнгари ҳунари хуби ӯ дар эҷоди ин навъи шеър мебошанд. Аз шодравон ҳамчунин китобҳои «Саду як ғазал», «Достони Имоми Аъзам», «Ай дӯст, куҷоиву куҷоӣ?» ба ёдгор мондаанд, ки ному ёдашро зинда медоранд.
Соли 2002 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд ва бо нашри ашъори тоза, хусусан шеърҳои кӯдаконааш, дар ҳаёти адабии кишвар фаъолона иштирок дошт.
Чароғи ёдаш ҳамеша фурӯзон ва ному осораш ҳамвора гиромӣ бод!