Сӯгворӣ. РАВШАН ЗАМИР

 Сӯгворӣ. РАВШАН ЗАМИР

1 август нависандаи хушзавқу соҳибқалам Равшан Замир дар зодгоҳаш — шаҳри Хуҷанд, дар 75-солагӣ оламро падруд гуфт.

Равоншод умре дар ҷодаи рӯзноманигорӣ ва нависандагӣ хомафарсоӣ карда, дар байни аҳли қалами вилояти Суғд соҳибэътибор гардид. Навиштаҳояш аз ҷавонӣ дар матбуоти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ интишор меёфтанд.

Мавсуф кори худро ҳамчун хабарнигори рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») дар вилояти Суғд оғоз намуда, сипас муддате сардори Маркази матбуоти вилоят ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои он будааст.

Ҳамчун хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ» дар вилоят ва рӯзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон» дар инъискоси

масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми шоиста гузоштааст.

Ҳикояҳову қиссаҳояш дар китобҳои «Ашки осмон», «Мағзи ҷон», «Чашми бад», «Парӣ дар киштичаи гул», «Фарзанди хок ту, фрзанди хок ман», «Нур аз дур», «Ҳамнаво бо субҳ», «Ситораи сапедадам», «Роҳ ба водии рӯшан», «Уқобони парвозӣ» ва ғайра фароҳам омадаанд.

Барои осори бадеияш соҳиби ҷоизаҳои адабии ба номи Раҳим Ҷалил ва Ҳоҷӣ Содиқ гардидааст.

Соли 1999 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Ному осори ин рӯзноманигор ва нависандаи асил ҳамеша гиромӣ бод!

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

 

Дигар хабарҳо