Заминаи адабиёти навин

 Заминаи адабиёти навин

Ïèñàòåëü Àáäóëüêàñèì Ëàõóòè (ñïðàâà) áåñåäóåò ñ íàðîäíûì àêûíîì íà I ñúåçäå ïèñàòåëåé.

Сарсухани таърихии устод Лоҳутӣ ба нашри нахустини “Намунаи адабиёти тоҷик”

Ман бо ин ном аз дере ошно будам. Тасаввури ин исм ба фаврият як шахсро ба назари ман меовард, ки оғози ҷавонӣ дар як муҳити зулму ҷавр дар роҳи озодии халқ хидмат карда, бар зидди истибдод ҷасурона мубориза намуда, бародари фозили худро шаҳид дода. Он вақт ҳайкали мубораки вай дар пеши чашм ҷилвагар мешуд: бемор, низор, занҷир дар гардан ва кунда бар по, дар зери тозиёнаву чўби фаррошони амири Бухоро аз гардан то камар гӯшти пушташ рехта, ба тавре ки ҳамаи устухонҳояш намоён аст.

Рӯзгор бар ин тарзи шиносоӣ нодида гузашт. Як тасодуфи дигар шавқу ҳаваси маро дар дидани ин бузургвор зиёд кард, орзуи маро барои зиёраташ оташинтар намуд; дидани осори адабии ӯ.

Пас аз хондани осори адабии Айнӣ ба он ширинӣ аз хотирам гузашт, ки амири Бухоро на танҳо золиму мустабид, балки бисёр гӯсолаву безавқ ҳам буда.

Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили муҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт. Он ҳамин «Намунаи адабиёти тоҷик» буд.

Садамоти дунё, занҷирҳо, зиндонҳо, чӯбҳову шиканҷаҳо устодро пиру мунҳанӣ кардаву чашмонашро беқувват намуда. Бо вуҷуди ин, як сол буд, ки ба ҷамъу тартиби «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохта буд. Он рӯзҳо китоб ба поён расидаву машғули покнависии он буданд. Ман онро мухтасаран мурур кардам.

Чунонки худи устод шарҳ дода, ба сабабҳои бисёре ин китоб бе хеҷ гуна танқиду таҳлиле навишта шудааст, аммо барои танқиду таҳлили нависандагони ояндаи тоҷик ғанитару ҷомеътарини манбаъҳои адабиёти тоҷикист.

Ба фикри ман, «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон аст. Устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳо, ки дар ба дару кӯча ба кӯча рафта, то онро ёфтаву ба даст оварда ва дар натиҷа заминаи ҳозирӣ барои танқиду таҳлилоти адабии тоҷикон омода намуда.

Адабиёти имрӯзаи тоҷикон чун гулистонест, ки солҳои дароз посбонӣ надидаву обёрӣ нашуда ва муҳтоҷи ороишу пероиши бисёрест. Ман яқин дорам, ки устоди муҳтарам дар миёни ҷавонони наврасу самимии тоҷик тӯдаҳои адабӣ ташкил додаву барои тавҳиди усули адабии забони форсӣ пояҳои муҳкаме устувор хоҳанд кард.

Асосан Осиёи Миёна ҳамеша яке аз марказҳои бисёр муҳимми адабиёти форсӣ буда. Балки пас аз нобуд шудани адабиёти ин замон ба воситаи ҳуҷуми араб ва сӯзондани осору китобҳои форсӣ, Осиёи Миёна қадимтарин манбаъ ва сарчашмаи адабиёти форсист.

Он рӯз дар зери зулму фишори араб Рӯдакиҳо дар Осиёи Миёна паҳлавонӣ кардаву адабиёти мурдаро зинда намуданд.

Муқтазиёти ин давра, давраи адолати Шуравӣ ва озодии милал аз устодони адаб ва нависандагони маъруфи форсӣ: Фитратҳо, Мунзимҳо, Зеҳниҳо ва Айниҳову амсоли онон барои тараққӣ додани адабиёти ин забони таърихӣ беш аз инҳоро талаб мекунад.

ЛОҲУТӢ,
майи 1926. Маскав

Дигар хабарҳо