Забони «Шоҳнома» аз дидгоҳи донишмандони тоҷик

 Забони «Шоҳнома» аз дидгоҳи донишмандони тоҷик

 Нахустин суханро дар ситоиши за­бони ин достони беназир Давлатшоҳи Самарқандӣ соли 1487 дар «Тазкират- уш-шуаро» гуфтааст. Ӯ бо истинод ба ин мазмун – «дар ниҳоди сухан доди суханварӣ додан», ки дар матни зерини Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ омадааст:

Бигуфтӣ, ки ман дар ниҳоди сухан
Бидодастам аз табъ доди сухан.

Ҷаҳон аз сухан кардаам чун биҳишт,
Аз ин пеш тухми сухан кас накишт.

Аз ин пас намирам, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам,

андешаи худро мустанад кардаву оро додааст: «…алҳақ доди суханварӣ ва фасоҳат дода ва шоҳиди адл бар сидқи ин даъвӣ китоби «Шоҳнома»-и ӯст, ки дар ин понсад соли гузашта аз шоирон ва фасеҳони рӯзгор ҳеҷ офаридаеро ёрои ҷавоби «Шоҳнома» набуда ва ин ҳолат аз шоирон ҳеҷ касро мусаллам нагашта ва ин маънӣ ҳидояти Худоест дар ҳаққи Фирдавсӣ ва азизе фармояд:

Дар шеър се тан паямбаронанд,
Ҳарчанд ки лонабия баъдӣ,
Авсофу қасидаву ғазалро
Фирдавсию Анварию Саъдӣ.

Ба баёни Давлатшоҳ (дар понсад соли гузашта…) бигӯем, дар панҷсад соли баъд, яъне дар садаи ХХ, танҳо ба устод Садриддин Айнӣ муяссар гашт, ки пиро­муни аҳволу осори Ҳакими Тӯсӣ сухан ба миён гузорад. Ба гумони мо, аллома устод Айнӣ пас аз моҷарои сиёсии соли бист ва таснифи «шиносномаи миллии тоҷикон» – «Намунаи адабиёти тоҷик» дар фикри таълифи рисола «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ» меафтад ва онро анҷом медиҳад. Рисола бори аввал дар маҷаллаи «Барои адабиёти социалистӣ» ба ифтихори ҳазораи Ҳаким Фирдавсӣ соли 1934, пасон соли 1940 ба сурати китоби алоҳида ба табъ расида­аст. Устод Айнӣ аз аввалин муҳаққиқо­ни тоҷик аст, ки дар ин рисола зимни тавзеҳи масоили таъриху адабиёт доир ба забон ва таркиби луғоти ин шоҳкор андеша иброз намудааст. Чун ин асар ба ҳама дастрас аст, аз шарҳи муфассали он худдорӣ хоҳем варзид ва ба арзи нук­таҳои поён иктифо менамоем. Аз ҷумла, назари устод ҳовии чунин матолиб аст:

1.Забони «Шоҳнома». Таҳти ин унвон дар тавсифи забони «Шоҳнома» омада­аст: «Забони «Шоҳнома» содатарин ва софтарини забонҳои классикони Эрон аст. Ин забон… (мо ихтисор кардем – С.А.) тамоман беарабӣ набошад ҳам, бо вуҷуди ин ки дар замони истилои араб бар Аҷам навишта шудааст, ба дараҷае, ки беарабӣ гуфтан тавон, камарабист…, арабиҳои авомнофаҳмаш кам андар кам аст».

2.Муносибати забони «Шоҳнома» ба забони тоҷикӣ. Дар ин фасл назари устод Айнӣ оид ба вижагиҳои луғавии муш­тараки лаҳҷаи тоҷикони Осиёи Миёна ва луғати забони «Шоҳнома» ба асоси пажӯҳиши ховаршиноси маҷор Герман Вамбери (1832-1913) – «Забони форсии Осиёи Миёна, ки бо вай тоҷикон гап ме­зананд, то имрӯз аз тарафи донишман­дони забони форсӣ тадқиқ нашудааст… дар ин лаҳҷа, хоҳ аз ҷиҳати луғат бошад, хоҳ аз ҷиҳати аъроб, хосиятҳои бисёре ҳастанд, ки услуби Фирдавсиро ба хотир меоранд» баён шудааст.

Устод ин мулоҳизаи Герман Вамбе­риро воқеӣ дармеёбад ва мегӯяд, ки «Агар мо аз забони «Шоҳнома», монанди мубад, пизишк, пӯзиш, ромишгар, даж, дажхим, калимаҳои аз форсии қадим мондаро ва, инчунин, монанди або, абар адотҳоро (манзур истилоҳи грамматикаи классикист, ки ба он пешоянду пасоянд ва дигар унсурҳои ёварро ифода ме­карданд – С.А.)… ба назар нагирем, на ин ки сар то пойи он ба оммаи тоҷикон фаҳмост, балки бештарини онҳо имрӯз дар забони зиндаи мардуми тоҷик кор фармуда мешаванд: ҳатто дар «Шоҳ­нома» он гуна луғатҳои форсӣ ва бо он гуна талаффуз кор фармуда шудаанд, ки имрӯз дар забони адабии Эрон кор намефармоянд, аммо дар миёнаи тоҷи­кон зинда аст».

Дар поёни ин фасл ба тарзи муқоиса – дар забони зиндаи тоҷик ва дар «Шоҳно­ма» – чанд вожа пешниҳод гардидааст, ба монанди: ҷавонмард – сахӣ:

Саросар ҷаҳон пеши ӯ хор буд,
Ҷавонмард буду вафодор буд.

Кӯдак– тифл:

Чу кӯдак лаб аз шири модар бишуст…

Дармон – даво; тандурустӣ, сиҳҳат:

Пизишкию дармони ҳар дардманд,
Дари тандурустию роҳи газанд.

Хулоса, устод Садриддин Айнӣ аз аввалин шоҳномашиносон ва шоҳномапажӯҳони асри ХХ ба шумор меравад ва бар зарурати таҳқиқи баъдии забони «Шоҳнома» ва таркиби луғати он таъкид ҳам кардааст: «Ман мехостам «Шоҳнома»-ро аз ин ҷиҳат тадқиқ карда баромада, натиҷаи ба даст даровардаамро ба забони зиндаи имрӯзаи тоҷик татбиқ намуда бинам. Аммо барои ин кори дарозфурсатхоҳ вақт гунҷоиш надорад».

Донишманди дигаре, ки пас аз устод Айнӣ дар бораи забони «Шоҳнома» чанд сухан ба қалам додааст, академик Аб­дулғанӣ Мирзоев мебошад. Ӯ дар мақо­лаи хеш – «Забони адабиёти классикӣ ва муносибати он бо забони имрӯзаи тоҷик» дар мавриди корбурди истилоҳҳои дарӣ, порсӣ (на он забон, ки ба мамла­кати Форс нисбат дошта бошад – А.М.), порсии дарӣ дар забони «Шоҳнома» ва воқеияти пайванди сухани Фирдавсӣ бо забони имрӯзаи тоҷик изҳори назар кардааст. Чунончи, ба муносибати баён кардани воқеаи аз арабӣ ба забони ада­биёти классикӣ баргардондани «Калила ва Димна» аз «Шоҳнома» ин пораматнро шоҳид баргузидааст:

«…Ба тозӣ ҳаме буд то гоҳи Наср,
Бад-он гаҳ ки шуд дар ҷаҳон шоҳ Наср,

Гаронмоя Булфазл дастури ӯй,
Ки андар сухан буд ганҷури ӯй,

Бифармуд, то порсии дарӣ
Бигуфанду кӯтоҳ шуд доварӣ».

Ҳамзамон, академик Абдулғанӣ Мир­зоев ба навиштаи Э.Е. Бертелс – «Забо­ни дарӣ-тоҷикӣ-порсӣ» руҷуъ намуда, аз ҷониби ин мутафаккир мавриди истиқбол қарор гирифтани андешаҳои устод Айни­ро зимни интишори китоби «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ» ва дар замина ҳамназар будани ӯро бо қазияи луғоти забони «Шоҳнома» таъйид кар­дааст. Ва худ бар иловаи мулоҳизаҳои устод Айнӣ навиштааст: «…. на танҳо дар мероси адабии Фирдавсӣ, балки дар осори ҳар яке аз шоирони асрҳои Х-Х1 монанди кифт (Унсурӣ), китиф (Лаби­бӣ), хирман (Асҷудӣ), замбар / занбар (Дақиқӣ), юғ (Абушукур), лунҷ (Лабибӣ), айвон (Фаррухӣ), шаст (Маъруфӣ), тундур (Тайён), лумба / лунба (лунб- фарбеҳ–Аморра) ҳазорон калима пайдо кардан мумкин аст, ки аз калимаҳои зиндатарини забони гуфтугӯйии имрӯзаи тоҷик мебошанд».

Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ҳам ҳангоми арзёбии фаъолияти ада­бии Абулқосими Фирдавсӣ дар дастури адабиёт ба забони «Шоҳнома» чунин арҷ гузоштааст: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ на танҳо аз ҷиҳати омӯхтани таърихи забонамон, балки аз ҷиҳати бой ва му­каммал кунонидани забони адабии мо низ як манбаи хеле муҳимми қиматбаҳо ба шумор меравад».

Соли 1952 «Сухане чанд оид ба луғати «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» ном пажӯҳиши Иброҳим Ализода дар «Ахбор»-и АФ РСС Тоҷикистон интишор ёфт. Мавсуф чун ба таҳқиқи вожаҳои ин шоҳасар солҳоро паси сар карда буд, бо такя ба манобеи пурарзиш дар хусуси вижагиҳои каломи Фирдавсӣ сухан ронда, пасон «Фарҳанги мухтасари «Шоҳнома»-ро тадвин кард, агар ҳам дер, аммо бо эҳти­моми шодравон Лоиқ Шералӣ Бунёди забони форсии тоҷикӣ луғатномаро ба чоп тавсия кард ва он соли 1992 аз сӯйи нашриёти «Адиб» иқболи нашр ёфт.

Аз аҳаммияти омӯзишу таҳқиқи забо­ни «Шоҳнома» устод Мирзо Турсунзода соли 1961 дар Анҷумани Иттифоқи нави­сандагони Тоҷикистон чунин суханҳоро ба арз расонидааст: «Дар филологияи тоҷик диссертатсияе, ки қувва ва зебо­ии забони ягон классикро таҳлил карда медода бошад, мавҷуд нест. Ва ҳол он ки таҳлил кардани, масалан, забони Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Умари Хайём кори бисёр муҳим мебуд ва ба адабиёти мо, ба нависандагони ҷавони мо фоидаи калоне мерасонд» .

Устод Носирҷон Маъсумӣ, яке аз муҳаққиқони маъруфи таърихи забон, дар рисолаи «Дар бораи вазъият ва баъзе тағйирот дар таркиби луғавии забони адабии тоҷик дар асрҳои Х-Х1Х» (1951) дар шарҳи мақулаҳои луғавӣ ҳафт бор ба Фирдавсиву достони безаволаш муроҷиат кардааст. Баъзе аз далелҳои мавриди таҳлили устод аз ин қароранд:

– дар забони адабии он давра (1Х-Х) калима ва ибораҳои зиёди қадимаи тоҷи­кӣ — форсӣ ҳанӯз зинда буда, дар фонди асосӣ ва таркиби луғавии забони адабӣ ҳиссаи муайянеро ташкил мекарданд… Ин гуна элементҳо (унсурҳо – С.А.) дар навиштаҷоти Фирдавсӣ аз ҳама зиёдтар аст, амсоли бурз (боло; пушт; қадду қомат), род (ҷавонмард; доно), нажанд (ғамгин; зишт), пархош (ҷанг), зӯбин (на­въи найза), пиромун (атроф, гирдогирд), борагӣ (асп), эдун (акнун), пажӯҳанда (ҷустуҷӯкунанда, таҳқиқкунанда), бо­стон (қадим, куҳна), бевар (10 ҳазор), кайфар (ҷазо, подош), база(ҳ) (гуноҳ, айб), хадеш (кадбону, соҳибхона), жард (пурхӯр), деранд (замона, даҳр, рӯзгор), коно (нодон, аҳмақ), колбад (тан, шакл, андом), гӯрӣ (айш, нишот), нева (нола, фарёд) ва ғайра;

– дар забони адабии асри 1Х-Х… аз забони зиндаи халқ дохил шудани бисёр калимаҳо ва калимасозии аҳли қалам низ равашан ҳис карда мешавад, ки ин ҳол сабаби бой шудани забони адабии онвақта ва фонди луғавии он гардидааст. Чунончи, Фирдавсӣ калимаҳои шӯрбахт (бадбахт), рада (қатор), басанда (ки­фоя), бӯз (ҷавон), тарқидан (таркидан), гурунҷ (биринҷ), торак (фарқи сар), кадхудой (соҳибхона), тафт (гарм, ши­тобон), кост-костӣ (нуқсон, каму кост), кӯз (букрӣ, кӯзпушт), ғӯл (дев)… далели барҷастаи протсеси мазкур мебошад.

Э. Муллоқандов аз дигар алоқамандо­ни Фирдавсиву «Шоҳнома»-и ӯст. Эҳсос кардем, ки бо иттико ба фикрҳои устод Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Иброҳим Али­зода ва Носирҷон Маъсумӣ мақолае зери унвони «Шоҳнома» ва забони имрӯзаи тоҷик» таълиф кард ва он соли 1971 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» рӯйи чопро дид.

Ӯ низ дар мавриди наздикии забони «Шоҳнома» бо забони мо ҷиҳати қиёс кардан далелҳои шоеъро ба ихтиёри хонанда вогузоштааст.

Маводи ҷомеътарро дар мавриди забони «Шоҳнома» дар дастури устоди Донишгоҳи миллӣ, зиндаёд Саид Ҳали­мов (1979) мушоҳида менамоем. Дастур ба вазъи таърихи забони адабии тоҷик (асри Х) ихтисос дорад. Ба иртиботи мавзуи «Забони адабии тоҷик, аҳамми­яти маданӣ ва таърихии он» дар дастур омадааст, ки «Бо ин забон Фирдавсӣ, бо таъбири худаш, «Аҷам зинда кард», вай забони тоҷикиро ба курсии заррини назм шинонд…» Дар ҷойи дигар гуфтааст: «Инкишоф ва тараққии услуби назми бадеӣ ба забони тоҷикӣ бо номи эҷод­кори «Шоҳнома» Абулқосими Фирдавсӣ алоқаманд аст» .

Дар поёни дастур рисолаяке бо номи «Саҳми Фирдавсӣ дар инкишофи забони адабии тоҷик» мулҳақ шуда, ки роҷеъ ба вижагиҳои луғавӣ, сарфӣ, наҳвӣ ва сабкии забони «Шоҳнома» маълумоти саҳеҳро дар бар дорад.

Сулаймон АНВАРӢ

Дигар хабарҳо