ДӮСТМАТОВ ЗАЙНИДДИН

 ДӮСТМАТОВ ЗАЙНИДДИН

ЗАЙНИДДИН ДӮСТМАТОВ 15 апрели соли 1932 дар деҳаи Патари ноҳияи Конибодом ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1957 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров, соли 1967 бахши рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро дар Маскав ихтитом бахшидааст.

Ба ҳайси тарҷумони рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», мудири гурӯҳи лекторони Кумитаи комсомоли вилояти Ленинобод, ходими адабии рӯзномаи «Совет Тоҷикистони», ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Машъали коммунизм», муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқат»-и ноҳияи Ленин ва мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» кор кардааст.

Чанде аз ҳикояҳояш дар китобҳои дастҷамъии «Гулдаста» (1964), «Чашма» (1966), маҷаллаҳои «Садои Шарқ» ва «Шарқ юлдузи» (Тошканд) чоп шудаанд.

Соли 1968 қиссаи «Ёқут»-ро навишта, соҳиби шуҳрати арзандаи нависандагӣ гардидааст.

Муаллифи китобҳои «Одамон, аз гуноҳам гузаред!», «Дили беқарор», «Уқоби даштӣ», «Боғҳо», «Ситораи Мироб», «Ҳикояҳои Помир», «Ҷӯянда-ёбанда», «Рекордсмен», «Ашти Калон» ва ғ. мебошад.

Қиссаи «Шоми Ширчашма» (1975) дар маҷаллаи «Шарқ юлдузи» (Тошканд) чоп шудааст.

Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Моҳи апрели соли 2007 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо