Ду боли эҷод

 Ду боли эҷод

Ба назари аввал чунин менамояд, ки кори эҷодӣ комилан инфиродист ва асарҳои бадеӣ, аз ҷумла шоҳкорҳо, ба танҳоӣ ва дар гӯшаи инзиво офарида мешаванд. Бо вуҷуди ин, дар таърихи адабиёт мисолҳои равшане ҳастанд, ки бо ҳамқаламӣ навишта шудани асар ва бо як бол ба авҷи шуҳрат парвоз кардани ду нафарро таъйид мекунанд. Кифоя аст, ки бародарон Грим, Козма Прутков, Кукриникси, Илф, Петров, бародарон Стругатскийҳо, бародарон Артур, Бародарон Вернерҳо, ки нуҳ ҷилди «Шоҳнома»-ро ба забони англисӣ тарҷума кардаанд, ба ёд биёварем. Ин феҳристро метавон дарозтар кард. Чунин мисолҳоро аз адабиёти тоҷик низ овардан мумкин аст. Повести хеле хондании «Шаҳло ва Шифо» низ ҳоси- ли ҳамкорӣ ва ҳамқаламии Аминҷон Шукӯҳӣ ва Ҳилолиён Аскар мебошад. Ҳамчунин ин ду адиб романи «Печутоби роҳҳо»-ро бо ҳамдастӣ офаридаанд.

Ҳамин гуна ҳамкориву ҳамдастии пурбор байни Ато Ҳамдам ва нави- санда, филноманавис, рӯзноманигор ва педагоги рус Леонид Чигрин низ роҳандозӣ шуда буд, ки муҷиби ба миён омадани як силсила романҳои муҳимми таърихӣ гардид.

Ба гуфтаи адабиётшинос Ҳамроқул Шодиқулов, ин ду нависанда анъанаи оғознамудаи Абдушукур Пирмуҳам- мадзода ва Александр Волкейнштейн, Ҷалол Икромӣ ва Арнолд Одинсовро ба шоистагӣ идома додаанд.

Леонид Александрович Чигрин, ки як умр дар Тоҷикистон зиндагиву эҷод кард ва мутаассифона, чанде пеш дар вилояти Ростов, ки ҳамроҳи ҳамсараш, адабиётшинос ва педагог Вероника Чигрин бо исрори писараш он ҷо сафар карда буд, аз олам даргузашт. Агар зинда мебуд, имсол 80-солагияшро таҷлил менамуд.

Мо аз Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам хоҳиш кардем, ки дар бораи шиносоӣ, ҳамкориву дӯстии чилсола бо ин нависанда ва сифатҳои хоси инсониву эҷодии ӯ хотирот ва андешаҳояшро ба хонандагон баён намояд.

— Лутфан бигӯед, ки шумо дар кадом вазъу ҳолат бо Леонид Чигрин ошно шудед, ошноие, ки баъдан ба дӯстиву ҳамқаламии мустаҳкам табдил ёфт?

— Соли 1977 ман мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро хатм кардам ва сармуҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Ҷавонони Тоҷикистон» таъйин гардидам. Рӯзе баъд аз ин раиси Кумитаи давлатии кинемотографияи тоҷик Шодӣ Саид занг зад ва маро ба наздаш даъват кард. Пеш аз ин ӯ сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» буд ва ман зери роҳбарии ӯ кор мекардам. Рӯзи дигар наздаш рафтам, зеро ӯро яке аз устодони худ медонистам. Шодӣ Саид аз ман хоҳиш кард, ки барои филми мустанад дар бораи картошкапарвари машҳури ноҳияи Рашт Саиднабӣ Бурҳонов филмнома бинависам. Таҷрибаи филмноманависӣ надоштам, вале наметавонистам гапи устодамро ба замин гузорам. Бинобар ин розӣ шудам. Андаке баъд бо мақсади ошноӣ бо қаҳрамони филми оянда ноҳияи Рашт ба сафари хидматӣ рафтам. Пас аз анҷоми кор боз назди Шодӣ Саид омадам. Ӯ ба дастнависам чашм давонду гуфт, ки дар соҳаи кино одами нав аст, вале дар идораашон филмномавнависи пуртаҷрибае кор мекунад ва ба котибааш дастур дод, ки Леонид Чигринро даъват намояд. Бо ин ном шинос будам, зеро Чигринро дар радифи Михаил Шевердин, Сергей Бородин, Александр Файнберг, Минел Левин, Марианна Фофанова ва дигарон барҳақ аз нависандагони пешгоми Осиёи Марказӣ медонистам. Чигрин ба дафтари Шодӣ Саид даромаду бо мо вохӯрдӣ кард. Ҷолиб ин буд, ки суҳбати мо он рӯз, аз аввал то охир бо забони тоҷикӣ сурат гирифт. Баъдан фаҳмидам, ки Чигрин на зодаи Беларус, балки мутаваллиди шаҳри Конибодом будааст, шаҳре, ки солҳои кӯдакияш он ҷо сипарӣ шудааст. Шодӣ Саид ба ӯ фармуд, ки филмномаи маро бихонад ва агар таҳрирталаб бошад, таҳрир кунад. Чигрин ба ман гуфт, ки ҳафтаи дигар наздаш биёям. Ман дар рӯзи муқарраршуда наздаш ҳозир шудам ва дидам, ки навиштаам чандон зиёд таҳрир нахӯрдааст. Чанде баъд филми мазкур рӯйи навор омад.

— Андешаи ҳамкории эҷодӣ, дар як заврақ дарёнавардӣ кардан ва рӯйи як сафҳа хома рондан аз ҷониби кӣ ва чӣ гуна ба миён гузошта шуд?

— Баъди сипарӣ шудани муддате Леонид Чигрин хост, ки бо ҳам вохӯрем ва ман розӣ шудам, зеро аз дидору шиносоии аввал бо ӯ таассуроти нек доштам. Ӯ пешниҳод кард, ки дар иншои филмномаи мустанад дар бораи раиси машҳур Миралӣ Маҳмадалиев ва ҳамчунин роҷеъ ба сарвари машҳури колхози ноҳияи Куйбишев С. Шоев шарики ҳам бошем. Ман, ки аз муваффақияти филмномаи аввалам руҳбаланд будам, ин пешниҳодро пазируфтам. Ҳамкории эҷодии мо ҳамин тавр оғоз ёфт.

Боре ба Тоҷикистон як гурӯҳ сайёҳоне омаданд, ки мақсад доштанд Роҳи абрешимро аз аввал то охир пиёда тай кунанд. Бо Чигрин азм кардем, ки дар бораи ин сайёҳон филмномае бинависем ва вақте ки ин филмнома рӯйи когаз омад, фаҳмидем, ки аз он мешавад як роман сохт. Мо аз пайи ҷамъоварии матлабҳои иловагӣ шудем, ба танҳоӣ дар осорхонаҳо кор кардем ва сипас ҳама маводро як ҷо ҷамъ оварда, романро ба бобҳо тақсим кардем. Вақте ки дастнависи роман ба чоп расид, ман онро ба дасти сафири вақти Ҷумҳурии халқии Хитой дар Тоҷикистон расонидам. Дипломати варзида романро ба таври шоиста қадрдонӣ кард ва ваъда дод, ки ба чоп ва тарҷумаи он ба забони хитойӣ мусоидат мекунад. Сафир ба ваъдааш вафо кард.

Мехоҳам бигӯям, ки китоби дигари ману Чигрин «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» ба 12 забон тарҷума шуд.

— Ба қалами ҳардуи шумо инчунин як силсила романҳои таърихӣ тааллуқ доранд. Ин романҳо чӣ гуна тарҳрезӣ шуданд, барои сужаи онҳо аз кадом сарчашмаҳо истифода бурдед?

— Барои эҷоди асари бузург гоҳе як навиштаи кӯтоҳи рӯзнома ё суҳбати одамони хирадманду донишвар метавонад асос ва замина бошад. Мавзуъҳо ба таври гуногун пайдо мешаванд, масалан, аз кадом як хотироту ёддошт ва навиштае…

Дар ин миён эҷоди романи «Озар аз Истаравшан ё шамшери Спартак» шавқовару ҷолиб буд. Кор аз он шуруъ шуд, ки мо бо Чигрин ногаҳон маълумо- ти кӯтоҳеро аз таҳқиқоти муаррих Би- чурин дар бораи тоҷики ҷавоне бо номи Озар аз шаҳри қадими Истаравшан, ки барои Спартаки бузург — сардори ғуломони шӯришгар дар Рими Қадим бо дастони худаш шамшер сохтааст, дарёфт кардем.

— Ҷолиб аст, ки кори ду нависанда дар атрофи як ғоя ва мавзуъ чӣ гуна ҷараён мегирад… Шумо дар як утоқ, пушти як миз кор мекардед ё ба таври инфиродӣ, бо пешниҳоди вариантҳои худ?

— Вақте ки мавзуеро интихоб мекардем, аввал онро муфассал муҳокима менамудем, сифатҳои қаҳрамононамонро муайян мекардем, нақша мекашидем ва тарҳи аввали сужаро дар зеҳнамон мерехтем. Сипас ба танҳоӣ аз китобхонаҳо, осорхонаҳо ва аз суҳбати донишмандон мавод ҷамъ меовардем. Баъд ҳамроҳ менишастему маводи ҷамъшударо меомӯхтем, чизеро ихтисор мекардему чизеро меафзудем. Пасон муайян мекардем, ки кӣ кадом бобро дар чӣ муддате бинависад. Баъд асарро покнавис мекардем. Китоб, ки ба поён расид, онро алоҳида бозхонӣ мекардем ва баъд хулосаҳоямонро мегуфтем. Кори мо рӯйи ҳар як китобамон ҳамин гуна ҷараён мегирифт.

— Табиист, ки байни ду нафар, бигзор онҳо ҳамкору ҳамқалам ҳам бошанд, вобаста ба масъалаҳо, рӯйдодҳо ва шахсиятҳо ихтилофи назар метавонад вуҷуд дошта бошад. Дар сурати ба миён омадани чунин ихтилофҳо шумо чӣ гуна ба ризоият мерасидед?

— Албатта, чунин мавридҳо буданд. Бе ин намешавад. Дар рафти кори эҷодӣ ин амри маъмулист. Вале байни мо ихтилофҳои тезу тунд, мисли зиддиятҳои афсонаи И. А Крилов дар бораи қу, моҳӣ ва харчанг, сар намезаданд. Мо баҳс мекардем, дурустии андешаи худро исбот кардан мехостем, вале баъди баҳсҳои оташин, санҷидаву баркашида, рӯйи як нукта қарор мегирифтем. Чигрин дар баҳсҳо эътидол ва назокатро риоя мекард, аз эътирофи камбудии худ хиҷолат намекашид.

— Забони асосии кори муштараки шумо русӣ буд. Шумо, ки нависандаи тоҷикзабон ҳастед, нусхаи аввали асари шумо ва Чигрин ба кадом забон таҳия мешуд? Хонандагон, чи тоҷикзабону чи русзабон, дар бораи осори шумо чӣ андешаҳо доштанд?

— Бале, шумо дуруст гуфтед. Ҳар яке аз мо ба забони модарии худ менавишт. Баъд мо навиштаи ҳамдигарро тарҷума мекардем. Леонид Чигрин тарҷумони чирадаст буд, тавре ки қаблан гуфтам, забони тоҷикиро хуб медонист. Асари тоҷикиро бе ҳеҷ мушкил аз аслаш тарҷума мекард. Гоҳе барои тарҷума Истад Қосимзодаро ҳам шарик менамудам.

Дар бораи бархӯрди хонандагон ҳамин қадар мегӯям, ки дар бораи китобҳои мо адабиётшиноси маъруф, шодравон Атахон Сайфуллоев чанд тақризи мусбат навишт.

— Дар тули солҳои зиёди ҳамкорӣ шумо, албатта, Леонид Чигринро хуб шинохтед. Лутфан бигӯед, ӯ чӣ гуна инсон буд, ҳамчун нависанда чӣ сифати фарқкунанда дошт, назараш дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон чӣ гуна буд?

— Новобаста ба тафовути синну сол, ман худамро бо Чигрин ҳамнасл ва ҳаммаром меҳисобам. Ӯ инсоне буд бағоят ҳалим, поктинат ва олиҷаноб. Бо ӯ дӯстии хонаводагӣ ҳам доштем, дар ҷашну маъракаҳо ба хонаи ҳамдигар рафтуомад мекардем. Аҳли хонаводаи ӯ меҳмоннавозу намакшинос буданд. Вақте ки бори аввал ба остонаи хонаи онҳо по гузоштам, бароям ҳайратовар буд, ки Чигринҳо хеле одамони ҳушёру зирак буданд ва дар сари дастархон танҳо нӯшидани чойро афзалтар медонистанд. Дар бораи ҳунари нависандагияш бояд гуфт, ки услуби хуб дошт, зебо ва самимӣ менавишт. Ва боз аз ҳамон оғози шиносоиямон дарёфтам, ки Чигрин одами ниҳоят фурӯтан аст. Ҳеҷ вақт кӯшиш намекард, ки номаш дар рӯйхати баргузидаҳо бошад, бузургманиширо хуш надошт, аз дунболи мукофотҳои расмӣ даводав намекард.

Дар мавриди муносибати ӯ ба тоҷикон ва Тоҷикистон бо камоли масъулият мегӯям, ки ӯ дӯсти содиқи тоҷикон ва дилбастаи Тоҷикистон ва таъриху фарҳанги он буд. Қариб ҳама қаҳрамо- нони китобҳояш тоҷикон буданд.

Чанд рӯз пеш аз сафараш ба Русия ӯ иқрор намуд, ки ҳаргиз тарки Тоҷикистон кардан намехост, ҳатто дар солҳои сахти даргирӣ ин корро накард, вале ҳоло бо исрори писари низомияш, ки дар вилояти Ростов иқомат дорад, маҷбур аст, ки биравад. Ва ҳамчунин гуфт, ки ҳамсараш ҳам хоҳиш кард, зеро мехоҳад назди ҷигаргӯшааш бошад.

Хабари марги Леонид Александрович маро сахт андуҳгин кард. Ҷойи ин шахси наку, ки ҳамеша аз дӯстӣ бо ӯ ифтихор доштам, холист. Акнун бе ӯ гӯё танҳо бо як бол парвоз мекунам.

— Муҳтарам Ато Ҳамдам, Шумо дар густариш ва тақвияти робитаҳои адабии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо, хусусан дар доираи ИДМ, барои нашри осори адибони тоҷик ба шакли китоб ва дар нашрияҳои хориҷӣ хидматҳои шоён кардаед. Бо ҳамқаламу ҳамкоратон Чигрин Шумо собит намудед, ки ҳатто нависандагони кишварҳои гуногун метавонанд кори муштаракро анҷом бидиҳанд ва ин ҳамкорӣ метавонад ба манфиату бурди онҳо бошад. Ин ҳама таҷрибаву малака ба Шумо ҳаққи маънавӣ медиҳад, ки ба эҷодкорони ҷавон, хусусан вобаста ба ҳаммуаллифӣ тавсияву маслиҳатҳо бидиҳед.

— Ба ҷавонон гуфтаниям, ки интизори илҳом набошанд. Илҳом дар ҷараёни кор худаш меояд, чунонки иштиҳо вақти хӯрдан кушода мешавад. Ҳамеша ин сухани Гётеро дар ёд дошта бошанд: «Шоир ҳукмфармои фариштаи Илҳом аст. Дуруст гуфтаанд, сабру заҳмат ҳама гиреҳро мекушоянд. Онҳоро бояд зери ҳукми худ қарор дод!»

Боз ман мехоҳам, ки нависандагони ҷавон аз устодони сухан ибрат бигиранд, аз онҳо сабақ биомӯзанд ва натанҳо аз онҳо, балки аз якдигар ҳам ёд бигиранд.

— Барои суҳбати ҷолиб сипосгузорам!

Мусоҳиб Мансур СУРУШ

Дигар хабарҳо