Душанбе – мизбони ҷашнвораи бузурги синамо
Маротибаи дуюм аст, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, шоҳиди тантанаҳои ҷашнии синамогарони дунё мегардад. Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – “Тоҷи Сомон”, ки бори дувум баргузор шуд, аз гӯшаву канори мухталифи ҷаҳон дӯстдорон ва намояндагони ҳунари синаморо ба ҳам овард.
Аз 15 то 20 октябри соли ҷорӣ Душанбе мизбони Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – «Тоҷи Сомон» буд, ки таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо роҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.
Ин рӯйдоди муҳим натанҳо як ҷашни синамо, балки як шеваи нави муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, платформае барои намоиши филмҳои ватаниву хориҷӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонони эҷодкор, тақвияти арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлол буд.
Ҳадафи асосии ҷашнвора – дастгирии насли ҷавони синамогарон, инъикоси зебоиҳои Тоҷикистон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба синамои тоҷик арзёбӣ мешавад.
Чорабиниҳои фарҳангиву синамоӣ
Дар доираи Синамоҷашнвора барномаҳои гуногуни фарҳангиву касбӣ, аз ҷумла, Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Форуми байналмилалӣ ба муносибати 60-солагии коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров, барномаи омӯзишии “Устод ва шогирд”, ҷаласаи Шӯрои директорони киностудияҳо, нахустнамоиши филмҳо ва намоиши филмҳои ғайриозмунӣ баргузор шуданд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, барои иштирок дар ҷашнвора аз 25 кишвари ҷаҳон беш аз 300 дархост ворид гардида, аз онҳо 150 филм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва 36 филм барои озмун интихоб шуданд. Ин рақам худ шаҳодат медиҳад, ки “Тоҷи Сомон” қадаме устувор дар роҳи ҳамбастагии синамогарони кишварҳои Осиё, Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузошт.
Рӯзҳои синамои Эрон
Шоми 15 октябр дар кинотеатри “Ватан” Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ ёфт. Дар маросим директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён суханронӣ намуда, баргузор гардидани ин чорабиниро нишони дӯстию ҳамкориҳои судманд байни ду кишвари ҳамзабон номиданд.
Онҳо таъкид карданд, ки Рӯзҳои синамои Эрон метавонад ба рушди минбаъдаи синамои миллӣ ва ташаккули лоиҳаҳои муштараки синамоӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Дар арафаи Рӯзи кинои тоҷик гурӯҳе аз кормандони фаъоли Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар идомаи барнома филми ҳунарии “Шаҳсавор” (коргардон Ҳусейн Намозӣ) намоиш дода шуд. Дар тӯли панҷ рӯз мухлисон тавонистанд филмҳои нави эронӣ, аз ҷумла “Ғариза” (коргардон Сиёвуш Асадӣ), “Пул бар рӯи рӯдхонаи хурд” ( коргардон Эҳсон Оқилӣ) ва филмҳои кӯтоҳметражи “Ҳикояи кӯтоҳ”, “Хусрав 127”, “Бешаҳрвандӣ”, “Бозии тақдир” ва “Беохир”-ро тамошо кунанд.
“Пайроҳаи хашм” – самари ҳамкории Тоҷикистону Русия
Рӯзи 16 октябр дар ҳошияи Синамоҷашнвора дар кинотеатри “Наврӯз” нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Русия – “Пайроҳаи хашм” баргузор гардид. Филмро киностудияи “Лендок”-и Русия якҷо бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таҳия кардааст. Коргардони он Олег Фомин мебошад. Нақшҳои асосиро ҳунарпешагони маъруф Максим Дрозд, Анфиса Черних, Павел Чинарёв, Артём Ткаченко, Алена Бабенко ва Маҳмадсаид Шоҳиён бозидаанд.
Филм аз саргузашти як афсари рус ҳикоят мекунад, ки дар оғози солҳои 90 дар марзи Тоҷикистону Афғонистон адои хидмат менамуд. Саҳнаҳои филм пурра дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар Душанбе, Норак, Дарвоз ва Варзоб наворбардорӣ шудаанд ва табиати зебои кишварро ба таври шоиста инъикос мекунанд. Ин филм ба тариқи ғайриозмунӣ дар Синамоҷашвора иштирок намуд.
“Моҳӣ дар шаст” – офаридаи нави синамогари тоҷик
Яке аз рӯйдодҳои фараҳбахш дар рӯзҳои баргузории Синамоҷашнвора нахустнамоиши филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” буд, ки бо коргардонии коргардони шинохтаи тоҷик Муҳиддини Музаффар рӯйи кор омад. Нахустнамоиши филми мазкур санаи 18 октябр дар кинотеатри “Наврӯз” баргузор шуд. Дар фазои тантанавӣ таҳиягарони филм аз роҳрави сурх гузашта, ҳамроҳ бо мухлисон онро тамошо карданд.
Ин филм офаридаи навбатии коргардони маъруфи тоҷик Муҳиддини Музаффар буда, аз зиндагии писараки даҳсолае бо номи Далер қисса мекунад. Далер, тарбиятгирандаи мактаб-интернат, бо ҳамроҳии шавҳари омӯзгораш Самад, ки ба қиморбозӣ майл дорад, ба ҷустуҷӯи модараш мебарояд. Сафаре пур аз ҳодисаҳо, ки аз шимол то ҷануби Тоҷикистон идома меёбад, писарбачаро рӯ ба камол меорад ва ӯро водор месозад, ки тасмими сарнавиштсозе бигирад.
Филм саргузашти Далер, тағйироти рӯҳиву равонии Самад – қаҳрамони дигарро низ инъикос мекунад. Ин таҷрибаи пурмоҷаро боиси худшиносии ҳарду мешавад ва тамошобинро ба андешидан водор месозад.
Филми “Моҳӣ дар шаст” нахустин лоиҳаи муштараки “Довфилм” аст, ки бо синамогарони эронӣ рӯйи кор омадааст. Он пурра дар пасманзари табиати зебои Тоҷикистон сабт гардида, дар Эрон танзиму садогузорӣ шудааст. Давомнокии филм 96 дақиқа аст. Муаллиф Бахтиёр Каримов ва роҳбари бадеӣ Валерий Аҳадов мебошад. Нақшҳои асосиро дар филм Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Исфандиёр Ғуломов, Шаҳло Раҳимӣ, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев, Асланшоҳ Раҳматуллоев ва дигарон офаридаанд.
Дарсҳои “Устоду шогирд”
Дар ҳошияи Синамоҷашнвора инчунин дарсҳои “Устоду шогирд” гузаронида шуд, ки ҳадафи он тақвияти робитаҳои фарҳангӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди синамои муосир дар фазои ҳамкориҳои байналмилалӣ маънидод гардид. Фарҳод Маҳмудов, ҳунарпешаи шинохтаи Русия, устоди Донишгоҳи давлатии синамои Русия (ВГИК) санаи 19 октябр дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” чунин дарс гузаронида, бо ҳозирин дар атрофи нозукиҳои соҳаи синамо суҳбати гарму ҷӯшон намуд. Дарси “Устоду шогирд” ҳамчунин бо ҳузури Юрий Любшин, устоди донишгоҳи мазкур дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон санаи 18 октябр барпо гардид. Дар ҷараёни дарс Любшин бо донишҷӯён ва устодони соҳаи синамо доир ба таҷрибаи наворбардорӣ, вежагиҳои кор бо рӯшноӣ, ороиши саҳна ва забони визуалӣ суҳбат намуда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дод. Юрий Любшин наворбардори маъруфи шӯравӣ дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶШС Ӯзбекистон ба номи Ҳамза, устоди Донишгоҳи давлатии синамои Русия (ВГИК) мебошад.
Ҷаласаи шӯрои директорон
Дар рӯзҳои баргузории Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи сомон” ҷаласаи шӯрои директорони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва хориҷи наздик санаи 19 октябр баргузор шуд. Дар ҷаласа роҳбарони киностудияҳои миллӣ, марказҳои синамои давлатӣ ва иттифоқҳои эҷодӣ аз Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Гурҷистон, Афғонистон, Тотористон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа масоили асосии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи истеҳсол, интишори филмҳо, табодули таълим, рақамикунии бунёди филмҳо ва таъсиси бойгонии ягонаи расонаии кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба имзо расонидани тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни киностудияҳо ва иттифоқҳои эҷодӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар доираи ҷаласа миёни шаш кишвар ва созмони синамоӣ тавофуқномаҳо ба тасвиб расиданд.
Ба имзо расидани қарордодҳои мазкур қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи синамо, табодули таҷриба, рушди робитаҳои фарҳангӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба пешрафти кинематографияи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст, мебошад.
Маросими ҷоизасупорӣ
Шоми 19 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” баргузор гардид. Дар оғози маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” бо роҳнамоӣ ва дастгирии Презинденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории ин рӯйдоди муҳим ба таври шоиста муаррифӣ намудани арзишҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи “Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2023 –2027” мебошад.
Баъдан ҷоизасупорӣ ба аҳли ҳунар шуруъ гардид. Ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” ба Алексей Герман барои филми “Ҳаво”( Русия), ҷоизаи “Беҳтарин наворбардор” ба Константин Бесаҷе барои филми “Қасри сиёҳ” (Беларус), ҷоизаи “Беҳтарин оҳангсоз” ба Фарзин Халакбар барои филми “Моҳӣ дар шаст” ( Тоҷикистону Эрон), ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ба Алтаншагай Ганбаатр барои филми “Падар” (Муғулистон), ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” ба Анастасия Тализина барои филми “Ҳаво” ( Русия) ва ҳамчунин ба Таҳмина Раҷабова барои филми “Хоби сурх” (Тоҷикистон) дода шуд.
Шоҳҷоизаи ҷашнвора барои “Беҳтарин филми ҳунарӣ” ба коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар барои филми “Моҳӣ дар шаст” тақдим гардид.
Инчунин ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” ба филми кӯтоҳи “Занги шомгоҳӣ”-и коргардони қирғиз Саодат Казакбаева, ҷоизаи махсуси ҳакамон барои филми қазоқии “Шаҳрвандони бом” ба Гулшод Сумангулова, ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобин» ба филми “Шаҳзода”-и Иван Маниев аз Молдова ва ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Душанбе “Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография” ба Тӯрахон Аҳмадхонов аз Тоҷикистон супорида шуд.
Ҷоизаи “Синамо бидуни марз” насиби “Духтари капитан”-и коргардони рус Лариса Садилова барои рушду таҳкими дӯстии халқҳо ва ҳамкориҳои синамогарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар рӯзҳои баргузории Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – «Тоҷи Сомон» меҳмонон ба ноҳияҳои гирду атроф, аз ҷумла ба шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Норак сафар намуда, обанбори Норак ва дигар мавзеъҳои сайёҳии кишварро тамошо карданд.
Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанеб – “Тоҷи Сомон” имрӯз натанҳо як ҷашнвораи синамоӣ, балки рамзи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳёи синамои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гаштааст. Душанбе бо баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву эҷодӣ, воқеан, ба маркази муҳимми фарҳангии минтақа табдил ёфтааст.
Мижгон ХАЛИЛЗОДА



