ДУСАД МАРДИ ҶАНГӢ БЕҲ АЗ САД ҲАЗОР

Буд набуд… 50 сол пеш дар шаҳри Душанбе мире буд. Боре  раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон барои ҷудо намудани манзил ба назди ин мири шаҳр, ки он вақт шаҳрдорӣ дар таҳти назорати ҳизб буд, меояд. Ба Мири шаҳр Мамадназар Худоназаров  (Рӯҳаш шод бод) котиба хабар медиҳад, ки аз Союзи композиторон раисаш омадаст. Раиси шаҳр бо дағалӣ гуфт:

-Ман фақат як «Союз», «Союз! -и  Турсунзодаро  медонаму эътироф мекунам….

Эҳсос кардам, ки имрӯз тамоми матбуоти даврию электронӣ фақат дар бораи нархи картошка, иваз шудани рақами автомобилҳо ва тозакунии сафҳои Иттифоқи нависандагон ҳарф мезананд.  Автомашина надорам, аз хӯрдани картошка низ  парҳез мекунам. Аммо ба баҳси тозагии сафи адибон бетараф буда наметавонам.

Шукри беҳад, ки имрӯз  «хишовакунӣ»-и  «киштзори адабиёт»аз ҷониби  Иттифоқи нависандагон «Союз»-и Устод Турсунзодаро боз аз  нав эҳё мекунад.

Аслан  чанд сол боз аз баҳсҳо парҳез мекунам. Вале ба гумонам тамоми пиру барнои кишвар «фейсбукнишину фейсбукхон»-анд. Як пирамарди Бадахшонӣ ба танз лутф кардааст:

Эй бор Худо, хору забунам накунӣ,

Аз суҳбати «фейсбук» бурунам накунӣ!

Албатта, дасти ақлу шуурам ба фейсбук кӯтоҳ аст. Ба ин хотир андешаҳоямро  ба ҳайси узви қатории Иттифоқи нависандагон (Аниқ намедонам, вале агар маро хориҷ карда бошанд, аз хонандагон узр мепурсам) манзури матбуот мегардонам. Иқтибосе  аз аллома Такур мантиқи андешаҳоямро тақвият медиҳад: «Тухмро то нашиканӣ, тухмбирён намехӯрӣ».

Адабиёти ҳазорсолаи мо ҳама вақт ва дар ҳамаи сохторҳои сиёсӣ дар доираҳои адабӣ, иттиҳодияҳо  рушд мекард. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ  иттиҳодияҳои эҷодӣ дар асоси усули  мақолаи  ленинии «партиявияти адабиёт» фаъолият намуда, ба маҳорату истеъдод аз даричаи сиёсати рӯз бархӯрд мекарданд. Қариб ҳамаи маҷмааи хизматрасонию кӯмакҳои иҷтимоӣ ба зиёиён  тавассути ин иттиҳодияҳо сурат мегирифт. Аз ин рӯ, пазириш ба узвият низ шартҳои сангин дошт.

Ёд дорам, раҳматӣ бобоям Тилло Пӯлодӣ ҳар сол ба осишгоҳҳои Қафқоз мерафту ҳар ҳафта аз мағозаи ҳукуматӣ маводди хӯрокворӣ мегирифт. Ҳамин  хидматгузорӣ то ба ҳол аз ҳушу гӯши зиёиён нарафтааст. Ва баробари парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ дари Иттифоқи нависандагон боз шуда, саршумори адибони ҳаваскор мисли замбурӯғи фасли борон  афзоиш ёфт.

Барои шуҳрати адабиёт дар тамоми давру замон шоҳону ҳукуматдорон саъю талош доштанд. Онҳо дарк мекарданд, ки арқому  ҳақоиқи таърих танҳо дар либоси адабиёт ҷовидонӣ мемонад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ низ барои тозагии сафҳои эҷодкорон чораҳои шадид андешида мешуданд. Замоне Иосиф Сталин раиси Иттифоқи нависандагони СССР Максим Горкийро наздаш хонда, талаб мекунад, ки машҳуртарин адибони русро номбар кунад. Максим Горкий рӯйхатро аз Бунин сар мекунад.

Иосиф Сталин норозиёна мегӯяд:

-Бунин дар Фаронса аст!

-Бунин дар Африқо ҳам Бунин аст, — посух медиҳад Горкий.

Максим Горкий рӯйхатро мукаммал ба Сталин пешкаш мекунад. Дар қатори  нависандаҳои маъруф чанд нафар адибони тасодуфӣ низ ба чашм хӯрданд.

Иосиф  Сталин баъди номи бист нафар адиби маъруф  вергул монда,  «ва  дигарон» менависад ва бо табассуми айёрона  мегӯяд: Албатта бо  «ва дигарон» адабиёти сотсиалистиро пеш бурдан мумкин нест.

Баъди ду рӯз 20 нафар адиби «ва дигарон» аз узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ хориҷ шуданд.

Адибони миёнаистеъдоду тасодуфии тоҷик дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ низ кам набуданд. Мардум ҳатто латифае эҷод кард: Насли калонсол медонанд, ки дар паҳлуи Хонаи адибон мағозаи «Ҳазору як майда чуйда» буд. Дар пешорӯи мағоза ҳайкали устод Айнӣ ва Максим Горкий меистод. Шахсе барои шиносаш суроға мегуфт:

-Ба назди Хонаи адибон биё!

-Ин Хонаи адибон дар куҷо аст?

-Дар онҷое, ки Айнӣ, Максим Горкий ва «Ҳазору як майда чуйда» ҳаст.

Ин лутфи танзомези мардумӣ ба сифати суфуфи адибон ишора мекард.

Дар интиҳои  қарни бист барои «булҳавасон»-и  адабиёт чораҳои нав пайдо шуданд. Дар бисёр кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ассотсиатсияҳои адибон таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон  чунин иттиҳодияҳо фаъол мебошанд, ки танҳо бо шаҳодатномаҳои зебо ва воҳиманок маъруфанд. Агар дар чунин иттиҳодияҳо «вундерқаламон» пайдо  шаванд, бе мамониат ба Иттифоқи нависандагон пазируфта хоҳанд шуд.

Баҳс дар атрофи тозагии суфуфи адибон дар матбуот ба тадриҷ марзи  таҳқири шахсиятро  убур кард. Касе адибон Низом Қосим, Ато Мирхоҷа ва Рустами Ваҳҳобро ба «опозитсия» айбдор кардааст. Кош, мисли ин адибон боз даҳ нафар «опозитсия»мебуданд, он гаҳ  шуҳрати ҷаҳонии фарҳанги мо садчанд мешуд. 

Банда дар 26 соли узвияти Иттифоқи нависандагон бидуни як шаҳодатнома ягон кӯмаке аз Иттифоқ  нагирифтаам. Барои нашри китоб низ  талош накардам. Воқеан, ношукрӣ  нашавад, як бор  дар Хонаи адибон нусхаи шиносномаамро ройгон нусхабардорӣ карда будам. Вале  аз хидматҳои адибон Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Рустами Ваҳҳоб, Баҳманёр, Абдулҳамиди Самад, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ чашм пӯшидан кӯрнамакист. Ёд дорам, замоне барои Рустами Ваҳҳоб як ташкилоти  сарватманди хориҷӣ барои кор дар хориҷа маоши кайҳонӣ, кӯшку унвонҳо ваъда дод. Аммо Рустам дар рӯзҳои мушкил Тоҷикистонро тарк накард. Давидани Устод Баҳманёр низ то Панҷакат буд. Бо вуҷуди он ба номаш дар хориҷи кишвар хонаву пул омода карданд. Ин абармардони  адабиёт  дар таъмину тақвияти  сулҳу ваҳдат ҷоннисорона хидмат карданд. Аз ҷониби дигар, хориҷ кардану (Ба қавли завҷаам «Генеральная уборка») шомил кардан ба  узвият фоҷеа нест. Баръакс, имрӯз тамоми зиёиёни кишвар китобҳои адибони хориҷшударо ҷустуҷӯ мекунанду мехонанд. Худам номи чанд нафарро  дидаму барои кунҷковӣ китобҳояшонро варақ задам. Каме кӯшиш кунанд, боз  баъди сад сол ба сафи адибон барқарор хоҳанд шуд.

Ман воқеан ба усули табобат ва кашфиётҳои тиббии Мулозуҳур Тоҳирӣ аҳсан мегӯям. Бо чашми худам шарбати табобатӣ, нӯшобаи шифоии Муллозуҳур Тоҳириро дар дастурхони ситораҳои санъати Амрико дидаам. Вале мутаассифона, аз осори адабиаш хабар надорам. Ба қавли нависандаи бузурги адабиёти ҷаҳон Азиз Несин «Ман барои  адабиёти турк хидмати бузург кардам, зеро шеърнависиро тарк кардам».

Ривоят мекунанд, ки дар сайёраи мо ҳар дуюмин нафар аллома аст. Аммо ба ҳар ҳунар кам-кам даст задан сари алломаро мехӯрад. Дар бандари  киштиҳо рангмол девораҳои киштиро ранг мекард. Сардори бандар ӯро дида, бо хашм гуфт:

-Эй аблаҳ, ин киштӣ мотор надорад!

-Корам ба мотор чӣ! Ман кори худама мекунам, -бепарвоёна посух дод рангмол.

Бояд мисли рангмол амал кунем, он гоҳ буз низ талоши хирманкӯбӣ намекунад.

… Боре Убайди Зоконӣ аз паҳлӯи масҷиде мегузашт. Аз даруни масҷид ғавғои гӯшхарош меомад.Чун дари масҷид кушод, аз он ҷо саге ҷаҳида берун шуд. Убайди Зоконӣ сабаби ғавғоро пурсид:

-Ин саги ҳаромӣ дар масҷид шош кардааст, -гуфт бо хашм имомхатиб.

-Ҳазратам, саг ақл надорад. Мо, ки соҳибақлем, талоши ворид шудан намекунем, -гуфт Убайди Зоконӣ.

Воқеан, мавзӯъҳои баҳс зиёданд. Мо бояд дар атрофи  содироти моли адабиёт бештар андеша ронем. Дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон 5-10 шабакаҳои тарҷимаи адабиёт ба забони хориҷӣ мавҷуд аст. Имрӯз дар Эрон, Афғонистон, Покистону Ҳиндустон ҳаводорони назму насри тоҷик зиёданд. Ашъори Муъмин Қаноат, Лоиқ, Гулназар, Бозор Собир, Камол Насрулло, Фарзона, Озарахш, Низом Қосим дастрас нест. Дар Русия ва Аврупо шеъри Аниса Собирӣ, Бахтиёр Аминӣ, Музаффари Ҳайдар… фарҳанги моро муаррифӣ мекунанд.

Биёед, ба ҷои кофтани нуқси вазни шеъри Низом Қосим, Ато Мирхоҷа ва дигарон истеъдодҳо, намунаҳои волои адабиётро пайдо кунем…

Наҷмиддин ШОҲИНБОД, бознашр аз ҳафтаномаи

«Чархи гардун

Дигар хабарҳо