Дуруд, Роғун!
Дуруд, рӯди саркаши Вахш! Мо ин рӯзро солҳо мунтазир будем. Баъди бунёди Неругоҳи барқи обии Норак кишвари азизи мо — Тоҷикистон шуҳраи офоқ гардид. Мардуми мо бо илҳоми тоза ва неруи нав ба бунёди неругоҳи азим ва бесобиқаи Роғун сар карданд. Аммо дар арафаи Истиқлолияти кишвар ва бесарусомониҳои афзуни минбаъда бунёди Неругоҳи Роғун нотамом монд. Садди нахусти обие, ки дар миёни рӯди саркаши Вахш тарҳрезӣ карда буданд, бар асари обхезию селҳои шадид ва бадхоҳии адувони миллати мо бо мурури замон хароб гардид. Ночор, баъди каме фурӯ нишастани бесарусомониҳои давр ҳама корҳои бунёдсозии Роғун аз нав оғоз ёфт.
Дар пешорӯи мардуми мо садҳо мушкилӣ пеш омад . Ихтилофи сиёсии давр ба хунрезиҳо расида, риштаи ҳаёти даҳҳо ҳазор ҷавонону мардуми бегуноҳро барканд. Бар асари ин нооромиҳо ғорати таҷҳизоту техникаи мавҷудаи Роғун афзуда, харобу фатарот гаштани нақбҳои собиқа шуруъ гардид. Маблағи кофӣ барои бунёди Роғун дар хазинаи давлат набуд. Гузашта аз ин, сарусадоҳое идомаи корҳои дубора оғозшударо душвортар месохт. Душвориҳои пешомада то ҷое расид, ки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ба ташхису тадвини дубораи лоиҳаи мавҷудаи Роғун рӯ оварда, аз лиҳози экологӣ ва шароити табиӣ хатарбор будан ё набудани ин неругоҳро тайи чандин солҳо кашол доданд. Ва саранҷом, пирӯзӣ насиби мардуми бошарафу қавииродаи мо гардид ва корҳои бунёдии Неругоҳи барқи обии Роғун дубора авҷ гирифтанд.
Орзую ормонҳои деринтизор, ки андаруни дили мо солҳо нуҳуфта буданд, имрӯз ҷомаи амал мепӯшанд. Мо боз бо сари баланд ва ифтихори беандоза гуфта метавонем: Муборак бод шукӯҳу ҷалоли гардиши чархаи бахт! Муборак бод ин неруи нурафзои зиндагибахш, ки хонаву кошонаи ҳар фарди Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояро чароғон месозад!
Аҳсант ба нафароне, ки дар бунёди ин неругоҳ ғайрату неруи ҷавонии худро фидо карданд.
Бигузор, чархаи дуюм ва чор чархаи дигари неругоҳи азими барқи обии Роғун номи пуршарафи Тоҷикистон ва фарзандони асили онро дар таърихи бунёдкориҳои Ватан бо ҳуруфи заррин сабт намояд.
Барот АБДУРАҲМОН, Нависандаи халқии Тоҷикистон