Достони марди донишманд, миллатпараст ва намакшинос

 Достони марди донишманд, миллатпараст ва намакшинос

Ба муносибати 90-солагии олими шинохта Валӣ Самад

Валӣ Самад ҳисобро дӯст медорад. Дар навиштаҳои ӯ шумор зиёд аст. Агар вай адабиётшинос намебуд, риёзидон мебуд монанди чандин ҳамдиёрони номиаш дар муҳити ҳисобпарвари Исфара. Мавсуф агарчи ҳисобдон нашудааст, аммо чизҳои зиёдеро аз олами ҳисоб ба коргоҳи адабшиносӣ бо худ овардааст.

Яке аз онҳо дақиқкорист. Валӣ Самад ба ҳар коре, ба ҳар мавзуе, ба ҳар масъалае, ки даст бизанад, онро бо ҳавсалаи тамом ҳамаҷониба тафтишу таҳқиқ менамояд. То хурдтарин хабару гузоришро дар замина аз бойгонии китобхонаҳои кишварҳои дуру наздик ва одамони ҷудогона пайдо мекунад ва онҳоро мӯшикофона меомӯзад. Борҳо шудааст, ки вай барои аниқ ва дақиқ намудани санаде, рӯйдоди алоҳидае, ҷузъиёте сафарҳои илмии такрор ба такрор ва тулоние доштааст. Валӣ Самад дар таҳқиқ шитобзада нест, аҷалакориро намеписандад. Ӯ собир аст ва таҳаммуландеша. Аз замони нашри мақолааш «Чордаҳ рӯз дар Қафқоз» (1960) то рӯзи дифои рисолаи номзадиаш «Масъалаҳои асосии робитаҳои адабии тоҷику озарӣ дар садаи XIX» (1976) 16 cоли расо рӯи як мавзуъ кор бурдааст. Ва баъдан низ омӯзиши мавзуи мазкурро дар тули солҳои зиёд идома дода, танҳо дар соли 1992 баxше аз натиҷаҳои ковишҳои илмиашро дар шакли китоби алоҳидае зери унвони «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал» нашр намуд. Ва бо ҳамин сабақе дод ба иддаи касире аз номзаду докторҳое, ки дар таҳқиқ ба натиҷае нарасида, бо шитоб аз пайи чопу ҳимоя мешаванд. «Олимоне»-ро медонем, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории бо кашу кӯк ва ҳарому ҳалол сиёҳкардаашонро, гоҳе бе муқаддимаву бе хулосае, ба муҳокима гузоштанд ва дар ҳама ҷо то ба ҳол менозанд, ки «кандидат наук» ва «доктор наук» ҳастанд. Ин бечораҳо аз ҷумлаи касоне буданд, ки коғаз сиёҳ кардаҳояшонро илм медонанд. Бехабар аз он ки ҳар чизе, ки рӯйи коғаз омад, илм нест. Илм таҳқиқ аст, тадқиқ аст ва олим кошифи ҳақиқате, асле, нуктае.

Валӣ Самад ба дараҷае алоқаи фавқулода ба дақиқкорӣ ва мӯшикофӣ дар илм дорад, ки он аҳёнан ӯро ба сарҳади ифрот кашидааст ва маҷбур сохтааст, ки гоҳе ба резачинию резахӯрӣ низ роҳ бидиҳад. Ва ин чиз муҳаққиқро дар он ҳолатҳо санадгаро (фактолог) намудааст. Барои вай як фикри зимнӣ, як маълумоти туфайлӣ, як иқтибос, як ном дар ҳошия низ муҳим аст ва наметавонад аз ҳеҷ яке аз онҳо сарфи назар бикунад.

Ҳосили ин гуна дақиқкориву мӯшикофиҳои Валӣ Самад буд, ки муқарризон рисолаи номзадиашро бартар аз рисолаи докторӣ шуморида, ҳар фаслу боби онро аз лиҳози арзиши илмӣ ҳамвазни рисолаи ҷудогонае донистанд. Муҳаққиқ маҳз ба шарофати ин гуна дақиқкор буданаш дар илм тавонист, ки ба як силсила бозёфту кашфиёти хурду бузургe муваффақ бишавад, аз қабили кашфи мавҷуд будани ду Возеҳ – Мирзо Шафеи Возеҳ ва Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, ду Козимбек – Мирзо Муҳаммади Козимбек ва Козимбек Обиддинов, дар пайравии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ маснавӣ гуфтани Николай Чернишевский ва ғ. Зиндагиноманависи монанди муаллиф ҳисобпарваре шуморидааст, ки Валӣ Самад тақрибан сӣ бозёфти илмӣ ва адабӣ дорад. Ман миқдори онҳоро нашумурдаам, вале яқин медонам, ҳастанд ва кам нестанд.

Валӣ Самад кошифи бақои суннатҳои адаби форсӣ дар фарҳанги қавму миллатҳои Қафқоз ва Русия, хосса дар адабиёти мардуми туркзабони ин ду минтақа мебошад. Ҳамаи он чизе, ки ӯ то ба имрӯз навиштааст ва нақшаҳое ҳам, ки барои оянда дорад, дар ҳамин замина мебошад. Пеш аз ӯ касоне буданд, ки ба ин мавзуъ даст задаанд ва баъд аз ӯ ҳам нафарҳое пайдо шуданд, пайравӣ карданд. Лекин инсоф он аст, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо дар ин соҳа монанди Валӣ Самад заҳмат накашидаанд ва табиист, ки комёбӣ ҳам ба даст наоварданд. Ин ҷода ҷодаи сарсупурдагон аст вa дар он барои онҳое, ки аз рӯйи ҳавову ҳавас ва ғаразҳое қадам ниҳодаaнд, ҷой нест. Валӣ Самад ба сифати фидоии илм тавонистааст, ки нуфузи муассири адаби форсии тоҷикиро дар пайдоиш, ташаккул ва пешрафти адабиёти бегонагон мушаххас сохта, ҷойи онҳоро муайян намояд. Ва ба исбот бирасонад, ки адаби форсӣ дар давраҳои гуногуни таърихи фарҳанги бегонагон ҳоҷатбарор ва ҷавобгӯйи ниёзҳои доғи адабӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқии онҳо будааст. Пушкин, Толстой, Чернишевский, Фузулӣ, Охундов, Собир, Фадеев ва дигарон аз рӯйи эҳтиёҷ ба адабиёти форсӣ рӯй овардаанд, то ниёзҳояшонро бароварда бисозанд. Шеъри Фирдавсӣ, Ҳофиз ва Лоҳутӣ барои онҳо гурезгоҳе, ҳаволагоҳи маънавие буд. Валӣ Самад ҳамзамон бо кашфиёти илмие, ки карда, кори савоберо низ анҷом додааст ва бо ҳамин боиси такмилу тасҳеҳи афкори адабшиносӣ ва нақди адабии тоҷик гардидааст. Агар ихтиёр ба дасти ӯ мебуд, гумон мекунам, ба аксари тадқиқоти мавҷудаи донишмандони кунунии тоҷикӣ такмила менавишт. Китобу мақолаҳои худи маҳаққиқ чун қоида, тасҳеҳу такмилу тавзеҳу поварақиҳои зиёд доранд. Вай намехоҳад, ки чизе дар илм норавшан бимонад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки навиштаҳои Валӣ Самад дар заминаи робитаҳои адабӣ дар ҷомеаи тоҷик дар қатори мақолаву асарҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Акбари Турсун дар солҳои 70-90-ум омили ташаккули тафаккури миллӣ ва парвариши ҳисси худшиносӣ ва болидан аз гузашта ва имрӯзаи илму фарҳанги хеш гардид. Ва худи муаллиф ба ҳайси як миллатпарасти воқеӣ ном баровард. Вай яке аз он фарҳангиёни камшуморе буд, ки дар давлатӣ шудани забони форсии тоҷикӣ саҳми бевосита доштанд. Мавсуф на танҳо дар таълифоти илмиаш, балки дар корҳои фарҳангии хеш низ гоҳо аз ҳадди эътидол берун мерафт. Қиссаи дар маҷмуаи илмии «Паёми бародарӣ» тарҷума ва ё ҳазф намудани қисми туркиасли номи ду донишманди тоҷик – Турсунбой Неъматзода ва Ҳамроқул Шодиқулов ба шакли Истад Неъматзода ва Ҳамроҳ Шодӣ сари забонҳост.

Валӣ Самад бурун аз андоза ҳақгузор ва намакшинос мебошад. Ӯ хурдтарии некие ё хидматеро, ки аз касе дидааст, якояк медонад ва фаромӯш накардааст. Ҳамчунин бадиҳоро аз ёд набурдааст. Хотираш мисли дафтари аъмоли ҳамаи онҳоест, ки дар тули умраш ба онҳо бевосита ё бавосита, ҷисман ё руҳан сар ба сар задааст. Ҳақгузорӣ ва намакшиносии Валӣ Самад зотист ва аксуламалест дар муқобили кӯрнамакиҳо ва кӯриҳои он донишмандон ва адибону фарҳангиёни дохилию хориҷие, ки нисбат ба адаби форсӣ ва суннатҳои волои он раво дидаанд. Гумон мекунам, ки ҳам ину ҳам он бошад. Агар дар кадом як гӯшаи дунё нафаре огоҳона ё ноогоҳона шоире аз шоирони форсигӯйро аз қавму миллияти худ бидонад ва мероси онро моли худ гардонад, ғамашро дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Валӣ Самад мехӯрад, азоб мекашад, вақташро сарф намуда, ҷавоб мегӯяд, то ҳақ ба ҳақдораш бирасад ва касе баъд аз ин натавонад, ки Рӯдакии Панҷрӯдиро турк бигӯяд ва забони маснавиҳои осмонии Низомии Ганҷавиро туркӣ бихонад.

Агар Валӣ Самад имрӯз зинда мебуд, ба синни мубораки 90-солагӣ мерасид. Аз марги нобаҳангоми ӯ 7 сол гузашт. Аммо ёди ӯ ҳамеша дар дили адабиётдӯстону миллатпарастон зинда аст. Ёди ин азизи адабиётдӯсту миллатпараст ҷовидон хоҳад монд.

1999 – 2026

Абдунабӣ САТТОРЗОДА

Дигар хабарҳо