Диққат: Озмун! Тараннумгари сулҳу созандагӣ

 Диққат: Озмун! Тараннумгари сулҳу созандагӣ

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 110-солагии адиби маъруф, Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар барои беҳтарин мақолаҳо ва шеърҳо озмуни «Мирсаид Миршакар – тараннумгари сулҳу созандагӣ»-ро эълон мекунанд.

Мақолаҳо ва шеърҳо ба ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» пешниҳод гардида, дар онҳо бояд бештар ба моҳияту муҳтавою махсусиятҳои эҷодиёти адиб (ба вижа, вусъати мавзўъҳои ватандўстӣ, ифтихори миллӣ ва асолати таърихӣ дар осори адиб), нақши номбурда дар такомули адабиёти тоҷик, ҷанбаҳои фаъолият ва лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти ў таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Аз бозгўи тарҷумаи ҳоли адиб ва суханони умумию такрор худдорӣ бояд кард.

Ба мақолаҳо ва шеърҳое, ки дар баробари мавзўи тозаву ҷолиб забони шевою хушобуранг доранд, афзалият дода мешавад. Мақолаҳо метавонанд илмӣ, илмию оммавӣ, публитсистӣ, ёддоштӣ ва ё методӣ бошанд.

Озмун аз рўзи эълон шуданаш то охири моҳи август идома меёбад ва дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

Ғолибон ба таври зерин ҳавасманд гардонида мешаванд:

Барои шеърҳо

Ҷойи аввал – 1200 сомонӣ

Ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ

Ҷойи сеюм – 800 сомонӣ

Барои мақолаҳо

Ҷойи аввал – 1200 сомонӣ

Ҷойи дуюм – 1000 сомонӣ

Ҷойи сеюм – 800 сомонӣ

ТАЪКИД:

Ҳаҷми мақолаҳо то

4-5 саҳифаи чопи компютерӣ (ҳарфи Times Nev Poman Tj. 14.2 интервалӣ) ва ҳаҷми шеърҳо то 50 мисраъ муқаррар шудааст.

Пас аз ҷамъбасти озмун мақолаҳо ва шеърҳо дар шакли китоби алоҳида интишор хоҳанд шуд.

Суроға: ш. Душанбе, Исмоили Сомонӣ, 8, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», тел. 224- 57-39, Е.mail: gazeta_аdabiyot@mail.ru

Дигар хабарҳо