Дер хоҳад монд дар дилҳои мо!
Ба муносибати 90-солагии адиби зиндаёд Алӣ Бобоҷон
Устод Алӣ Бобоҷонро хурду калони кишвар нағз мешиносанд. Фарзандони тоҷик бо шеърҳои ширину шевои ӯ ва даҳҳо ҳамқаламонаш, ки вақти худро вақфи иншои осори ҳунарӣ барои кӯдакону наврасон кардаанд, бузург шуданд ва ҳам акнун ин ашъор гармдорандаи дили хурдсолони имрӯзу фардо мебошад. То кунун китобҳои Алӣ Бобоҷон барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар мисоли «Бачаҳои хуб» (1963), «Мусича» (1965), «Парвози орзу» (1971), «Некӣ ба некӣ» (1975), «Осмондара» (1981), «Зардолуи маҳтобӣ» (1988), «Атри кӯҳистон» (1993), «Алифбои парандаҳо» (2013) ва ғайра рафи китобхонаҳои пуродаму серхонандаро оро медиҳанду дам ба дам варақгардон мешаванд. Ҳатто хонандагоне, ки камтар ба китобу китобхона таваҷҷуҳ доранд, намунаи ашъорашро аз китобҳои дарсии мактабҳои миёна хондаанду дар хотир доранд. Вай инсони шариф, фарҳангдӯсту адабпарвар ва худшиносу худогоҳ буд. Бар алайҳи ҳар беэҳтиромиву вайронкорие, ки дар баробари адабиёту ҳунар медид, ҳар сухани ноҷои беҳуввияту сабукиродаеро дар пайи инкори тамаддуни ҳазорсола мешунид, мешӯрид, ба ғазаб меомад, бо ситеза ҷавоб мегардонд. Ҳафтае ду-се маротиба вориди дафтари корам мешуд ва дастовезаш китобе буд, ки сатрҳояш бо қалами сурх хатогирӣ шудаанд. Китобро рӯйи миз мегузошту ба варақ задан шуруъ мекард.
– Ана, додари азизам Муҳриддин, ин ҷо хатои фоҳиши вазн. Ин бемантиқиву бетаносубиро бинед-а. Ана ин шеърро маҷбурӣ навиштааст, дар он шеърият нест.
Амсоли ин даҳҳо эроди дигар мегирифту ба ҳоли адабиёт дилаш месӯхт. Вақте бо тааммуқ китобҳояшро варақ мезадам, ба ин дубайтӣ расидам, ки дар ҳавои дубайтиҳои халқӣ сурудааст:
Сари кӯҳи баланде дав-давонам,
Расад то бар фалак дуди фиғонам.
Дусад саҳву хато дар як китоб аст,
Қимоб аз корҳои ноширонам.
Устод Алӣ Бобоҷон мехост зебоии каломашро бо равиши равонии сухан ба гӯши бачаҳо бирезад.
Аз ин рӯ пайи таркибу ибораороиҳои аҷибу болохонадор намерафт ва ҳаргиз дар пайи ошноизудоӣ кардани калимаҳо набуд. Вақте барои хурдсолон шеър мегуфт, мекӯшид аз пайи ҷузъиётнигорӣ биравад. Ҷузъиёт, ҳодиса ва воқеаҳоеро аз ҳаёти кӯдакон, ки ҳароина дар рӯёрӯйи онҳо қарор доштанд, ба шеър мекашид ва ба ҳамин минвол шеърашро барои хонандагони хурдсол ҷолибу шавқовар ба ҷилва меовард. Шеъри «Худатон ҳам медонед»-и ӯ ҳамин гуна аст:
– Матлубахони доно,
Духтарчаяки хушрӯ,
Хоби шаб дидаатро,
Канӣ, ба додоят гӯ!
– Худатон-ку медонед:
Вақте ки аз пеши моҳ
Мегузаштем, шумо ҳам
Бо ман будед ҳамроҳ.
Албатта, дар тасаввури кӯдак руъё ҳам шабеҳи зиндагии воқеӣ аст. Қаҳрамони хурдакак, ки падарашро дар хоб ҳамроҳи худ дидааст, ҳамин гуна тасаввур дорад ва дар посухи саволи падар ҳамин гуна ҷавоб пеш меорад, ки ҷолиб аст.
Ба ин монанд шеъри дигари ӯро бо номи «Дастёр» мехонем. Аммо ин ҷо манзара дигаргуна сурат мегирад. Гуфтугӯи содаву самимии Фирӯзаву Дилороми хурдсол. Ду дугонае, ки саргарми бозиҳои кӯдаконаи худанд:
– Фирӯзахон, ман рафтам!
– Ҳа, ба куҷо, Дилором?
– Ба хона!
– Боз камтар ист?
– Не, меравам! Гап тамом!
…Бегаҳ шуд, ҳозир аз кор
Меоянд очаҷонам.
Он кас хӯрок мепазанд,
Ман ёрӣ мерасонам.
Ин ҷо мо аз ахлоқи як кӯдак намегӯем, ки қасди ёрӣ расондан ба корҳои модарашро дорад, балки ба ҳунари нигорандагии шоир менигарем ва манзараро ба сурати муколама зебову дилнишин дармеёбем.
Дуруст аст, ки ин суруда ҷанбаи ахлоқиву тарбиявӣ ва ҳам арзиши хуби ҳунарӣ дорад. Ба сурати диалог даромадани он шеърро монои як ҳикояи хурд кардааст, ки ҷолиб аст. Аз ин даст ашъори хубу хонданӣ ва маҳбубият касбкардаи шоир дар миёни хурдсолон шеъри дигари ӯ бо номи «Устопарасту» аст, ки аксари мактаббачагон онро ҳифз нмудаанд.
Устод Алӣ Бобоҷон барои шеърҳои аз ҳаёти кӯдакон сурудааш борҳо ғолиби озмуни рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ шуд. Дар ин радиф барои калонсолон низ шеър сурудааст ва ашъораш дар маҷмуаҳое чун «Гули бодом» (1966), «Мавҷи сурур» (1973), «Нилуфар» (1980), «Намаки зиндагӣ» (1986) ва ғ. интишор ёфтаанд. Вай дар ашъори барои калонсолон навиштааш ҳам пайи печидагии сухан намеравад. Гоҳе агар тасвирофаринӣ мекунад, тасвирҳояш содаву заминианд, тасвирҳое тасаввуршуданиву мафҳум барои ҳамагон. Фаҳму дарки хонандаро ба назар мегирад ва мехоҳад андешаҳояшро шоирона баён дорад. Шоиронагиҳои шеъри ӯ дар бештари маврид, дар тасвирҳои шоирона ва вуқуъгароӣ, ки шеърро бамаротиб пайванд ба рӯзгори воқеии инсон мекунад, рӯнамо мешаванд.
Масалан дар шеъри «Диёри домани хуршед»-и ӯ нурҳои хуршеди ба ғурубрафтаро чун тоқии зардӯхт дар сари қуллаҳо мебинем, ки барои шеъри солҳои 70-ум тасвири тозаву шоирона буд:
Бар сари ҳар кӯҳсорат субҳу шом
Тоқии зардухт пӯшонад шафақ.
Чун китоби зарҳалии Шашмақом,
Дил занад девони ҳуснатро варақ.
Дили софу сода дошт ва шеъраш низ софу содаву табиӣ метаровид. Шеъри «Эй кабутар»-и ӯ намунаи нағзи он содабаёниҳост:
Туро ман мепарастам, эй кабӯтар,
Нигаҳбони ту ҳастам, эй кабӯтар!
Пару боли сафедатро бибӯсам,
Биё, биншин ба дастам, эй кабӯтар.
Дар шеъри мазкур ҳеҷ кӯшише дар пайи санъатсозӣ нашудааст, манзара аз дида ва хостаҳои як инсони рӯшандилу меҳрубон, ки муҳаббат ба кабӯтар намоди инсондӯстиву табиатгароии ӯст, содаву самимӣ тасвир шудааст. Чизе ки ин шеърро дилкашу хонданӣ ба ҷилва овардааст, содагии сухани шоир аст, ки бидуни такаллуф баён мегардад.
Ҳатто дар ашъори иҷтимоӣ ва тобиши танздоштаи ӯ низ ҳамин гуна лутфи сухани содаву намакинро дидан мумкин аст:
Сари кӯҳи баланд оҳугузар шуд,
Бароят зиндагии тоза сар шуд.
Чу хеши ту раиси шаҳр гардид,
Мароми раҳравиҳоят дигар шуд.
Устод Алӣ Бобоҷон асарҳои насрӣ (ҳикоёти воқеӣ, очеркҳои ҳуҷҷатӣ ва мақолаҳои публитсистӣ) ҳам менавишт. Онҳо дар китобҳои «Домулло Азизов» (1970), «Нахустқаҳрамони тоҷик» (1979), «Тоҷикистони ман» (1983), «Чароғи Ӯялӣ» (дар ҳаммуаллифии Собири Шоҳонӣ,1996), «Соҳибҳунар» (1998), «Писархонди алоқачиён» (1999), «Конибодом» (дар ду ҷилд), «Меҳрпайванд» (2006), «Дурахши ситора (дар ду ҷилд, 2012) ва ғайра фароҳам омадаанд.
Ҳамчунин силсиламақолаҳои бисёреро дар ҷилдҳои гуногуни Энсиклопедияи советии тоҷик ба табъ расондааст. Муаллифи 30 китоб, мақолаю очерки зиёд мураттиби бисёр баёзу тазкираҳои дастҷамъона мебошад. Дар фароварди сухан бо пӯзиш аз руҳи устоди азиз Алӣ Бобоҷони пуркору пуриқтидор як байт шеърашро бо андак тағйир муносиби ҳоли ӯ ироа мекунем:
Рафт ӯ гарчи зи маҳфилҳои мо,
Дер хоҳад монд дар дилҳои мо!
Муҳриддин Сабурӣ



