Дар партави ПАЁМ. Шоҳроҳи саодат
— Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, – изҳор намуд сардори раёсати сохтмони асосии Неругоҳи барқи обии Роғун Давлатбег Қарчизода, — ҳамовозии гарми бинокорони моро ба амал овард. Онҳо барои иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳо сафарбар шуданд. Боиси ифтихор аст, ки Паём ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хориҷии мамлакатро фаро гирифта, ба пешрафти босуръати кишварамон мусоидат мекунад.
Дар он, аз ҷумла, оид ба иншооти азими аср Неругоҳи барқи обии “Роғун” омада:
“Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми НБО-и “Роғун»-ро ба истифода диҳем. Бо ин мақсад соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳоло дар ин иншооти муҳимми аср 15 ҳазор нафар мутахассису коргар ва 3,5 ҳазор техника фаъолият доранд.
Бо мақсади амалисозии тадбирҳои пешбинишуда истеҳсоли барқ дар кишварамон пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда бо “энергияи сабз” таъмин гардида, дар ин замина аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ ба ҳадди ниҳоӣ коҳиш ёфта, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” ба “кишвари сабз” табдил меёбад.
Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафти сохтмони НБО-и “Роғун”-ро зери назорат қарор дода, барои пешрафти кори он дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода, бинокоронро ба икдоми фидокорона сафарбар менамоянд.
Ёд дорам, 9-10 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносӣ аз раванди тадбирҳои ободонӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварда, корҳои азнавсозии роҳи мошингарди “Роғун-Обигарм-Нуробод” ва роҳи автомобилгарди НБО-и “Роғун”-ро то Неругоҳи барқи обии “Шӯроб” аз назар гузаронида, таъкид карданд, ки лоиҳа сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода, рафту омади одамон ва кашондани бори мардум осон карда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ бори дигар вазъи корҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро дида, аз заҳмати бунёдкорон изҳори миннатдорӣ карда, саҳми онҳоро дар сохта ба истифода додани ду агрегати неругоҳ иқдоми ватандӯстона маънидод намуданд. Зикр карданд, ки то имрӯз ин агрегатҳо зиёда аз 6,4 миллиард киловат/ соат неруи барқ ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода, рушди мунтазаму устувори иқтисоди миллӣ, қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи соҳаҳои истеҳсолот ва аҳолии кишварро бо неруи барқ, таъмин менамояд. «Аз ин лиҳоз, — дарҷ шудааст дар Паём, — моро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноки ҳар чӣ бештари захираҳои энергетикии кишвар диққат диҳем. Маҳз ба ҳамин хотир, мо Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро сохтмони аср эълон кардаем.
Бо бунёди ин неругоҳи бузург мо натанҳо мушкилоти нарасидани барқро барои аҳолӣ ҳаллу фасл менамоем, балки ба хотири рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меорем».
Президенти мамлакат барои суръат бахшидан ба ҷараёни корҳои сохтмони НБО-и “Роғун”, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани марҳалаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва ба истифода додани агрегатҳои навбатӣ диққати ҷиддӣ дода, кори баҷо овардани ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО-и “Роғун”, ширкати “Вибилд”-и Итолиё, ҶСК “Тоҷикэлектромонтаж”, заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норакро барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд.
Президенти кишвар ба кори корхонаҳои зикргардида аз наздик шинос шуда, дар мулоқот бо роҳбарону мутахассисони неругоҳ ва фаъолони шаҳр барои вусъат бахшидани корҳои минбаъда ва баланд бардоштани сарбанд то сатҳи 1110 метр ва дар муҳлатҳои муайянгардида ба истифода додани агрегати 3-юм супориш дода, зикр карданд, ки бинокорони Неругоҳи “Роғун” дар ин майдони набард ва арсаи нангу номуси миллӣ бо ҷасорату матонат ва эҳсоси баланди ватандӯстона заҳмат кашида, кишвари хешро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд ва талошу заҳмати ватандӯстонаи ҳар як бинокор дар китоби таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.
Давлатбег Қарчизода аз ҷумлаи нафаронест, ки сӣ сол боз дар вазифаҳои гуногун дар ин иншооти бузург заҳмат кашида, пастиву баландиҳояшро паси сар намуда, худро ҳамчун бинокори асил нишон дода, ба ордени “Шараф” сазовор гардидааст.
Ёд дорад солҳои аввали ба ин сохтмон ба кор омаданашро: “Давлати шуравӣ сохтмонро оғоз карда, шиори “Эстафетаи коргарӣ”-ро ба миён гузошта, аз гӯшаҳои гуногуни мамлакат мутахассисону коргаронро ба кор даъват намуд.
«Банда он вақт дар вазифаи сармуҳандиси корхонаи техникии неругоҳ фаъолият карда, кӯшиш доштам, ки иншоотҳои зеризаминӣ саривақт бо техникаи зарурӣ таъмин гарданд. Бо ин мақсад техникаи мавҷударо мудом ба кор омода карда, ба рафти кори онҳо назорат мебурдем.
Бар асари пош хурдани шуравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аксар коргарону мутахассисон рафтанд. Ба болои ин, 8-9 моҳи майи соли 1993 борони сел борид. Оби дарёи Вахш ба маротиб зиёд шуда, нақбҳоро бо сангу рег пур кард, дарвозаҳоро шикаст, техникаи дар соҳил бударо ба доми худ кашид. Он рӯзҳо ҷон дар каф, танҳо як крани борбардорро аз нобудшавӣ наҷот додем».
Д. Қарчизода ин ҳодисаи ғайричашмдоштро пеши рӯ оварда, изҳор намуд:
— Шукр, ки дар ин рӯзҳои даҳшатбор талафоти ҷонӣ надодем. Бо кӯшишу талоши хирадмандона ва ғамхоронаи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз Истиқлол тақдири худамонро худамон ҳал мекардагӣ шудем. Гуфтору кирдори Президенти кишвар барои мо, бинокорон, намунаи ибрат аст. Ҳар гоҳе Ҷаноби Олӣ ба шаҳри Роғун ташриф биёранд, рафти сохтмонро аз назар гузаронида, барои вусъати корҳои минбаъда дастурҳои мушаххас дода, иҷрои онҳоро қатъӣ талаб менамоянд.
Пешвои миллат 10 августи соли 2023 ба ҷараёни кори роҳсозони “Роғун-Обигарм-Нуробод” (дарозиаш 75 километр) шинос шуда, барои босифат ва дар муҳлати муайяншуда сохтану ба истифода доданаш ба Вазорати нақлиёт ва сардорони корхонаҳои вобаста дастурҳои муфид доданд.
— Замони шуравӣ, — зикр кард Д. Қарчизода, — сохтмони ин роҳ оғоз ёфта, бинобар пош хӯрдани он ба ҳоли худ монд. Дар ин давра дар мавзеи Кабудҷар ва деҳаи Қандаки шаҳри Роғун чандин ҳодисаи нохуш ба амал омад.
Президенти кишварамон бо мақсади пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш ва осон шудани рафтуомади одамон сохтмони роҳи номбурдаро ба миён гузоштанд, ки ҳоло он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
— Баъди он ки сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” мутобиқи лоиҳа баланд шуду обанбор пур шуд, — изҳор намуд Қарчизода, — роҳи мошингарди қитъаи Кабудҷар ва корхонаҳои майдони бинокорӣ зери об мемонанд. Бо ин мақсад ширкати машваратии “Темеслу”-и Туркия ва ширкати бинокории Чин вазифадор карда шудаанд, ки барои зудтар сохтани роҳи нав ва ба ҷойи дигар кӯчонидани одамон чораҷӯӣ намоянд.
Ӯро бо ташаббусҳои ватандӯстонааш дар шаҳри Роғун ва берун аз он мешиносанд, эҳтиром мекунанд. Солҳое, ки техника кам буду неругоҳ баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳолати валангор қарор дошт, техникаи дар ихтиёрдоштаашро таъмир карда, дар бунёди иншоотҳои зеризаминӣ дар сафи пеш буд.
Медонист, ки ин нобасомониҳо зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон паси сар мешаванду кори Неругоҳи азими аср идома меёбад.
— Аз байн чанде нагузашта, — афзуд вай, — бо ташаббуси Сардори давлат қатори техникаву мошинҳои калонҳаҷм ва таҷҳизотҳои зарурӣ ворид шуда, сохтмони НБО-и “Роғун” аз нав вусъат ёфта, ду агрегати он ба кор даромад.
Д. Қарчизода марди дурандеш аст. Бо мақсади он ки кори неругоҳ оянда вусъат меёбаду омаду рафти сайёҳон зиёд мешавад, дар даромадгоҳи шаҳр (байни деҳаҳои Сарой ва Қалъаи нав) дарвозаи зебо бунёд карду дар марказ ошхонаи бисёрошёна.
Халқ ҳикмате дорад, ки дар он омада: “Ватандӯстӣ аз зодгоҳ оғоз меёбад. Қарчизода роҳи зодгоҳаш деҳаи Ҷавониро то роҳи калон мошингарди шаҳраки Обигарм тахту ҳамвор ва мумфарш намуда, рафту омади одамонро осон кард.
Банда, муаллифи мақола, бо мақсади шиносоӣ ба лоиҳаи роҳи “Роғун-Обигарм-Нуробод” ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ворид шуда, дар даромадгоҳи он акси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва навиштаҷоти зарринро хондам: “Ба чор сӯи олам роҳ мекушоем”.
— Роҳи зикршуда, — гуфтанд мутахассисони вазорат, — аз ду қитъа иборат буда, қитъаи якум (деҳаи Қандак) аз 5 пули нав, 2 нақб (дарозиашон 1,6 километр) ва мавзеи Қарағоч (дарозиаш 1,7 километр) ду сол пеш оғоз ёфта, қитъаи дуюми он Таги Камар-Нуробод аз 6 пул, 1 нақб (дарозиаш 2 километр) бо заҳмати коргарону мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ идома доранд.
Қисмати 3-юми роҳ сохтмони пули калон (дарозиаш 760 метр) аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва роҳҳои ба он васлшаванда, тибқи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки Осиёии сармоягузорӣ аз ҷониби ширкати давлати Корея амалӣ карда мешавад.
Сано ба онҳое, ки бо меҳнати диловарона дили талу теппа, кӯҳу камарро шикофта, ба мардуми Тоҷикистони азизамон роҳи дорои моҳияти байналмилалӣ дошта бунёд мекунанд.
Раҷабалӣ Аҳмад