Дар намоишгоҳи «Китоби Теҳрон»

 Дар намоишгоҳи «Китоби Теҳрон»

400 номгӯй китоби тозанашр аз Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон», ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ба намоиш гузошта шуданд.

Аз ҷумла, осори арзишманди Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Муҳаммад Ғоиб ва ғайра дар ин номгӯй шомиланд.

Ҷойгоҳи махсус ба китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуд, ки мавзуъҳои таърихи халқи тоҷик, эъмори давлатдории навини тоҷикон, таҳкими ҳувияти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва рисолати забони ноби тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихи миллати куҳанбунёди тоҷикро дар бар гирифтаанд.

Бахусус китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат», «Забони миллат-ҳастии миллат», ки ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд, таваҷҷуҳи меҳмонони намоишгоҳро ҷалб карданд.

Ин осор нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифати сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳимоятгари арзишҳои миллӣ бори дигар собит карда, ҳамзамон барои пажӯҳишу омӯзиши таърихи давлатдории муосири тоҷикон ба сифати манбаъҳои муътамади илмӣ хидмат менамоянд.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф доир ба муҳтавои китобҳои пешниҳодшуда суҳбат орост. Намоишгоҳи 36-уми байналмилалии «Китоби Теҳрон» то 17 май идома меёбад. Дар доираи он ҳамзамон маҳфилҳои фарҳангӣ, аз қабили муаррифии осори адибони тоҷик, суҳбатҳо дар бораи нақши адабиёт дар қаробати фарҳангҳо, таҳкиму тавсеаи ҳамкории ноширони тоҷик бо ҳамтоёни эронӣ баргузор мегарданд.

Дигар хабарҳо