Дар мотами Султонмуроди Одина

                                                   Абдуллоҳи Раҳнамо

Рафт Султонмуроди Одина

Рафт Султонмуроди Одина,
Беғараз, беғубор, бекина.
Аз сари кӯҳи Хонақо бигзашт,
Бе асо, бе таноб, бе зина.
Ҷойи чашмаш ду гавҳари ғам дошт,
Ҷойи дил як дарича оина.
Куртаҳояш пури қалам мешуд,
Панҷааш дошт аз қалам пина.
Суханаш дар гулӯ намегунҷид,
Метаровид илмаш аз сина.
Чу Парии Ҳисории сонӣ,
Даст шуст аз мақому ганҷина.
Чор ҷилди Ҳисорро бинвишт,
Бе тақозои музду нақдина.
Буд ҳамчун Ҳисор побарҷой,
Буд ҳамчун Ҳисор дерина…
Дар «Сарои сухан»* қиёмат шуд,
Рафт Султонмуроди Одина…
______
*»Сарои сухан» маҳфили адабии Ҳисор, ки устод сутуни он буданд.

               

                                                                  Салими Зарафшонфар                                                                                             

         Мӯя бар мотами Султонмуроди Одина

Ҷон зи ғам бирҳонда, афкандӣ ба сад ғам ҷони ман,
Тан зи ҷон бирҳонда, ҳаргиз нашнавӣ афғони ман.
Ҷомаи сабзат ба бар бурданд сӯйи тирахок,
Монд ёдат сабз дар пойизу дар найсони ман.
Баргрезон баргҳо буданд дар роҳи рават,
Дода ҳушдоре: расад ҳам фасли баргафшони ман.
Мавҷа-мавҷа шуъла аксат мезад, акнун мезаҳад
Чашма-чашма ҷойи аксат ашк дар чашмони ман.
Базлаҳоят базли толеъ, хандаҳои беғашат
Будӣ оромишфизои табъи пуртӯфони ман.
Хоксориат бидида, мебигаштам хоксон,
Мешуд инсонитар аз инсоният бунёни ман.
Мулки дилҳо кардаӣ тасхир бо некӯдилӣ,
Буд дили ин додарат з-онон, ако Султони ман.
Файзбахшо будияш, файзе зи фавти ту бикост
Аз Ҳисори файзбор, эй фозили даврони ман.
Мешудӣ андар Ҳисорам мизбони меҳрубон,
Дар Душанбе мешудӣ меҳмони меҳрэҳсони ман.
Менаойӣ ту дигар бар диданам, гар ман равам,
Менаёбам дигарат, эй ҷовидонпинҳони ман.
Дар Ҳисори Шодмон з-ин пас нагардам шодмон,
Баски он ҷо як ту будӣ шодмонгардони ман.

* * *

Ба кӯйи нанг будӣ раҳгузор, эй дӯст,
Барои халқ будӣ ҷонсупор, эй дӯст.
Биёмӯзида таърихи Ҳисор афзун,
Шудӣ худ ҷузъи таърихи Ҳисор, эй дӯст.

Дигар хабарҳо