ДАР БАҒАЛИ РОҒУН
Иншооти азими аср, ки метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, манбаи асосии тавлиди “энергияи сабз” бошад, НБО «Роғун» аст. Эмомалӣ РАҲМОН
Рӯзҳои охир тафси ҳаво фуромадааст. Дар майдони корнамоии аср – Роғуни овозадор низ ҳаво муътадил аст. Бо вуҷуди ҳавои мусоиду вазидани шамолак Роғун дар бағали кӯҳҳо чун ҳайкали тавонои миллат назаррабоӣ дорад. Дар ин макон афсона ба ҳақиқат табдил ёфтааст. Ҳоло ин афсонаи ширин аз бунёдкории бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори азсаргирии сохтусози иншооти азими аср мебошанд, маншаъ мегирад. Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ҳамин садоқату матонати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба риштаи тасвир кашида, ободкории раҳнамои миллатро тараннум намудааст:
Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,
Раҳҷӯи бахти халқӣ, эй раҳкушои миллат.
Дастони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,
Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои миллат…
Бо чеҳраи кушода, бо ҳиммати зиёда
Бурдӣ ба рӯи дунё нуру сафои миллат.
То чашми даҳр бурдӣ симои дилкашашро,
То минбари ҷаҳонӣ бурдӣ садои миллат…
З-ин рӯ, қарини мардум ҳастӣ чунон, ки акнун
Чун мардумак азизӣ дар дидаҳои миллат…
Шуд пеши роҳи миллат во аз ту сӯи давлат,
Пеши раҳи ту во бод, эй Пешвои миллат!
Маҳз дар айёми Истиқлол бо иқдомҳои пайвастаи Сарвари давлат соҳаи энергетикаи кишвар рушд карда, неругоҳи азими “Роғун” ба майдони нангу номуси миллат табдил ёфт. Талошу ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ буд, ки мушкилоти иқтисодӣ ва монеаҳои сиёсӣ паси сар шуданд, арсаи неругоҳ ба макони корнамоии халқӣ табдил ёфт. Дар ин замина муроҷиати худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон илҳомбахши хурду калони кишвар гардид: «Мо ин иншоотро, ки чун Кохи орзуи ҳафтсаду ҳафтод пуштамон аст, дар рӯйи тахтапушт бо нохуну дандонамон месозем!»
***
Имрӯз боз аз даромадгоҳи коргоҳи “Роғун” ба атроф менигарам. Атроф чун оина дар кафи даст менамояд. Садои чархаву техникаҳои муқтадир лаҳзае хомӯш намегарданд. Аммо ҳушу ёди маро садои бомароми оби дарёи Вахш сӯйи худ мекашад. Дар миёни ин ҳама садоҳои гуногуни техника ва равуои беисти мошинҳои гаронборе, ки сангу шағал мекашонанд, шилдиросу овози хурӯшони дарёро мешунавам. Дар чилаи тобистон шохаи рӯди мусаффои Вахш аз дуриҳо чунон софу кабуд метобад ва садояш мисли симфонияи ҳақиқии табиат ба гӯш мерасад. Дар саргаҳи Вахш лозурҳо хеле зиёданд ва оби дарё қаҳваранг ба назар метобад. Лекин об, ки пайваста ҷорист, то ба водӣ расидан ранг иваз мекунад ва осмонранг мешавад.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар канори дарёи Вахш ҷой гирифта, дар силсиланеругоҳҳои ин рӯдхона чорум буда, аз шаш чарха иборат аст, ки ҳар кадоми он бо иқтидори 600 мВт ҳар сол 13,3 миллиард киловатт/соат қувваи барқ истеҳсол менамояд ва ба ҳисоби нархи қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,5 миллиард сомонӣ фоидаи соф меорад. Албатта, шароити кӯҳсори Тоҷикистон барои истеҳсоли қувваи барқ хеле мусоид буда, аз нигоҳи илмӣ дар ин ҷо сохтани неругоҳҳои барқӣ-обӣ нисбат ба дигар давлатҳои ҷаҳон камхарҷтар аст. Захираҳои обии Тоҷикистон асосан пиряхҳо буда, онҳо дар қуллаҳои баландтарини Осиёи Марказӣ ҷойгир шудаанд.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳои калонтарин бо шумули Панҷ – 921 км, Вахш – 524 км, Сир – 185 км, Кофарниҳон – 387 км, Зарафшон – 306 км, Аму – 65 км, Бартанг-Мурғоб – 491 км, Ғунд – 296 км мебошанд, ки солҳои дароз ҷорӣ шуда, миллионҳо гектар заминҳои минтақаро шодоб мегардонанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамагӣ 5-6 дарсади оби ҷумҳуриамонро истифода мекунему халос. Дар маҷмуъ 65 дарсади оби баҳри Аралро обҳои Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Маҳз диловариву заҳмати шабонарӯзии коргарони неругоҳ мебошад, ки то имрӯз дар қисми болоии сарбанд то сатҳи 1140 метр, дар ҳаҷми 13 миллион метри мукааб сангу шағал хобонда шудааст.
Ҳамин гуна, кор дар қисми поёнии сарбанд бомаром идома дошта, хобондани сангу шағал дар сатҳи 1083 метр ҷараён дорад. Дар қисми поёнии сарбанд ба андозаи 6 миллион метри мукааб мавод аз анборҳо кашондаву хобонда шудааст. Полудани паҳлуҳои кӯҳҳо дар қисмати ядрои сарбанд аз сатҳи 1300 метр то 990 метр қисман ва аз сатҳи 990 метр то сатҳи 960 метр комилан иҷро гардидааст. То ба имрӯз дар ҳаҷми зиёда аз 2,7 миллион метри мукааб корҳои хокбардорӣ ба анҷом расиданд. Бояд зикр кард, ки ҳар қабати маводи хобондашуда аз ташхиси озмоишгоҳ мегузарад ва барои бунёди ин қитъа сангу шағал ва ҷинсҳои кӯҳӣ дар доираи тарҳи тасдиқгардида истифода мешавад.
Табиати диёри Роғун мисли дигар навоҳии кӯҳистон аҷаб босафост. Дар ин ҷо тамоми назокатҳои олами набототро дидан мумкин аст. Чашмаҳои равону долу дарахтони ҳамешасабз таваҷҷуҳи ҳар меҳмонро ба худ ҷалб месозанд. Касро бештар кӯҳҳои ба сукут рафтаи Роғун ба андеша мебаранд. Гӯё онҳо аз корномаи мардуми тоҷик огоҳӣ доранд, ки бағали худро ба рӯйи онҳо кушодаанд. Охир, дидани корнамоии кормандони техникӣ, нақбканону кафшергарон ва шунидани ғурроси техникае, ки синаи кӯҳро сӯрох мекунад, тешаи Фарҳоди кӯҳканро ба хотир меорад. Магар осон аст дар бағали кӯҳҳо бо техникаи вазнин кор кардан ва бо симтӯр дар қуллаи кӯҳ сад бастан? Аз ин баландӣ майдони неругоҳ хеле бузургу васеъ ба назар мерасад. Садҳо техникаву одамон дар пайи коранд ва дар нишебу фарози талу теппаҳо пиёдаву кашола аз як гӯшаи он ба гӯшаи дигар рафтан сахт душвор аст, аммо коргарон бо дили пур ҳаракат доранд. Дар ҳама ҷо кор ҷӯш мезанад. Дар каноре кори сангу шағалрезӣ ва бетонрезӣ ва дар гӯшаи дигар корҳои кафшергарӣ ҷараён доранд. Кас аз тамошои набзи кор ба ҳайрат меояд, зеро аксари корҳо дар нақбу роҳҳои зеризаминӣ анҷом меёбанд. Дар зери кӯҳҳо аз ҳар тараф техникаҳои зиёд дар равуо мебошанд.
Тамошои сарбанд ва дидани муъҷизаи эҳёи он аҷиб буд. Дар ин садди сунъӣ техникаҳои махсус равуо доранд. Дар ҳар қадам механизмҳои вазнин танзим гардида, ғурришу таркиш ва овози коргарон бо садои техника омезиш меёбад ва касро ба дунёи пурафсонае мебарад. Дасти муъҷизакори инсон ин ҷо садди бузурге сохтааст.
Сарбанди неругоҳ обро дар меъёри муайян ҷамъ кардааст. Обанбору баҳри оянда аз мавҷудияти худ хабар медиҳанд, зеро қудрати неругоҳ ба ин сарбанд вобаста аст. Дар синаи кӯҳ ва шафати кӯҳпораҳо баҳри азиме рухашро нишон додан мехоҳад. Ҳамаи ин аз садоқату матонати мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳад, чунки дар ин макон, дар бағали кӯҳҳо “тамаддуни зеризаминӣ” сохта мешавад. Ва боз дар корзор техникаҳои бисёр, мисли булдозеру заминкан (эскаватор), крану нақлиёти вазнин, ки аксари онҳо аз хориҷа оварда шудаанд, ҳаракат доранд.
Шаҳри Роғун торафт обод гашта, азимтар мешавад. Аллакай 70 километр нақбҳои сохтмон тӯл кашидаанд ва зиёда аз 80 дарсади кор дар зери кӯҳҳо ҷараён дорад. Нақбҳои НБО-и «Роғун»-ро дарвозаҳои тилоӣ, шоҳкорҳои коргари тоҷик гӯем, меарзад. Зеро дар сангистон ва бағали кӯҳҳо сохтани чунин сангари нақбҳо кори саҳлу осон нест. Сохти даврашакли нақбҳо касро ба андеша мебарад. Сақфи онҳо хеле баланд мебошад. Дохилашон мисли хонаи ду-се ошёна салқину сокит аст. Ҳатто нақби обпарто коргоҳи азимеро мемонад. Шахтаҳои идоракунанда маҳз бо ҳунари худи коргарони тоҷик бунёд гардидаанд.
Мудири фаннии сохтмонсозии НБО-и «Роғун» Маҳмадсаид Шамсуллозода аз нигоҳи мо чизеро пай бурд, ки гуфт: “Пештар мутахассисони рус ба муҳандисони бумии тоҷик он қадр бовар намекарданд. Корҳои сабукро худашон ба сомон мерасонданду корҳои вазнинро ба тоҷикон ҳавола мекарданд. Имрӯз боиси ифтихор аст, ки ҳамаи корҳои муҳандисӣ ба зиммаи худи коргарони тоҷик мебошад. Воқеан, акнун тоҷикон дар соҳаи бунёди неругоҳҳои хурду бузург кордону таҷрибадоранд. Бунёди силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш онҳоро кордон намуд”.
Ҳанӯз 16 сол муқаддам зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат таъкид доштанд: «Руҳи мубориза ва озодихоҳӣ дар сирати иҷтимоӣ ва таърихии миллати мо унсури хос ва асил аст. Ин неру бо хираду маърифат, ҳусни тадбир, диди фарох ва созанда мисли гӯшту нохун пайванд ёфтааст».
…Мо аз неругоҳи азими “Роғун” берун мешавем. Аз бағали кӯҳҳо ҳамоно садои ғурриши агрегату нақлиёти гуногун ба атроф паҳн мегардад ва мисли мусиқии хуше бо амвоҷи рӯди Вахш омезиш меёбад. Дигар Вахш он дарёи саркаш нест, балки бо шохобҳои пурхурӯшаш дар хидмати Роғун қарор дорад. Роғуне, ки фардоро чароғистон хоҳад кард.
Маҷид САЛИМ,
Душанбе-Роғун