Дарунмояи маҷаллаи «Садои Шарқ» дар соли 2024 арзёбӣ шуд

 Дарунмояи маҷаллаи «Садои Шарқ» дар соли 2024 арзёбӣ шуд

Баррасии дарунмояи маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» дар соли 2024 адибону мунтақидон ва пажӯҳишгаронро ба ҳам овард.

Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи 27 феврали соли 2025 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифт, таъкид гардид, ки соли сипарӣ маҷаллаи «Садои Шарқ» чандин намунаи назму наср, тарҷумаву баргадон, пажуҳиш, нақди адабӣ, иҷтимоъиёт ва китобиётро ба чоп расонид. Дар ин замина муҳаққиқон Шарифмурод Исрофилниё, Ҳафиз Раҳмон, Қарор Муҳаммадизода, Наргис Усмонова суханронӣ карда,  дастовард ва камбуди маҷаллаи мазкурро зикр намуданд.

Дар охир ширкаткунандагони ҳамоиш ибрози андеша карда, барои беҳбуди муҳтавои маҷаллаи «Садои Шарқ» назару пешниҳод доданд.

Дигар хабарҳо