Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Аз 15 августи соли равон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки то 27 август идома меёбад.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 довталаб иштирок намуд, ки нисбат ба соли 2023 11 ҳазору 609 нафар зиёд буда, теъдоди иштирокчиён аз ҳисоби хонандагони синфҳои 1-5 афзудааст. Аз шумораи умумии иштирокчии даври аввали озмун 49 ҳазору 267 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 2216 нафар зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад.
Озмуни мазкур тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2024 баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат роҳандозӣ мешавад.