Гиромидошти Сайидалӣ Вализода дар Кӯлоб
Дар Театри вилоятии мусиқии мазҳакаи ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ҳамоиши адабӣ ба муносибати 125-солагии шоири халқ, мутриб, сароянда, оҳангсоз ва ҳофизи халқии тоҷик Сайидалӣ Вализода баргузор гардид.
Маҳфилро духтари Сайидалӣ Вализода – Хосият Вализода гардонандагӣ кард.
Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Арафамо Даминзода, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Исфандиёр Ғуломов, шоирон Озар Салим, Чӯпон Бадали Ванҷӣ, Амиршоҳи Хатлонӣ ва дигарон дар ҳамоиш ширкат варзида, дар бораи шахсият ва эҷодиёти С. Вализода суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки ба поси хидматҳои шоир ва мутриби зиндаёд чандин мактаб, маҳаллаҳо ва Театри мусиқии мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ба номаш номгузорӣ шудаанд. Аз ҷумла, соли 2015 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб як боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр номи шоирро гирифт.
Пешниҳоди барномаи фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунар, овозхонони шаҳр, гурӯҳҳои ҳунарӣ ва шеърхонӣ аз ашъори Сайидалӣ Вализода ба маҳфил рангу мазмуни тоза бахшид.



