Ганҷномаи таърихи тоҷикон

Зи таърихи куҳансолони ин бум
Маро ин ганҷнома гашт маълум.
Низомии Ганҷавӣ
Китоби “Тоҷикон” ҳадяи шоистаи академик Бобоҷон Ғафуров барои миллати тоҷик аст, ки ин абармарди фарзона бо ҳадафи эҳё ва ҳифзи ҳастии таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти ин миллат эҷод карда буд. Ҳамчунон ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ва таъйид кардаанд, “Тоҷикон” воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст”.
Ба ин далел, ҳанӯз соли 1998 Президенти кишвар дар муқаддимаи нашри тозаи ин китоб, ки бо иқдоми бевоситаи худашон сурат гирифта буд, “Тоҷикон”-ро “сарчашмаи худшиносии миллӣ” унвон карда, таъкид карда буданд, ки “Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест”. Маҳз бо назардошти арзиши таърихиву миллӣ ва маърифатии ин асар Президент иқдоми миллатдӯстона ва маърифатпарваронаи дигар зоҳир карда, ба нашри тоза ва ба ҳар хонадони тоҷик ройгон тақсим кардани “Тоҷикон” амр намуданд, ки дар таърих ҳодисаи бешоиба аст.
Ин иқдоми ояндабинонаи Пешвои миллат чанд ҳадафи мушаххас дошт. Нахуст он кас бо дастрас кардани ин асар ба ҳар хонадони тоҷик мехостанд дар як фурсати кӯтоҳ дар такя ба сарнавишти таърихии миллат тафаккур ва андешаи тоҷиконро дар шинохти ҳувияти миллӣ тағйир диҳанд ва ба сӯйи худшиносии комили миллӣ раҳнамоӣ намоянд, сониян, ҳадафи дувум ин буд, ки бо ин иқдом шароити муҳимми фарҳангие ба вуҷуд оваранд, ки таърихи гузашта, ки бунмояи ҳувиятшиносӣ дорад, дастраси мардум шавад ва ба маънавиёти онҳо таъсир гузорад ва ниҳоят, мехостанд таърих ва бузургдошти гузаштаи боифтихор омили бедории миллат ва раҳоии он аз карахтӣ шавад ва мардум итминон пайдо кунад, ки таърих ва ҳифзи асолати он омили бақои ҷовидонагии миллат аст.
Ин иқдоми Президент қадами ҷиддӣ дар роҳи ислоҳоти амудии тафаккури миллӣ буда, мехостанд бо нашр ва омӯзиши мероси гузашта, аз ҷумла китоби “Тоҷикон” насли имрӯзу оянда дар шинохт ва тафсири ҳувияти таърихӣ ва фарҳангии миллат аз бунмояи миллии он ба қадри кофӣ истифода намояд. Чунки “бе омӯзиши густарда, андӯхтани донишу маърифати таърихӣ миллат аз шикасту рехт, сарнавишти печидаи хеш дар тӯли асрҳо огоҳ намешавад ва ба ояндаи худу сарзаминаш бетафовут мемонад. Зимнан гумроҳӣ, бохту гаравиш ба сиёсати аҷнабӣ дар замони “Табартақсим”, ки имрӯз фоҷеаи миллӣ қаламдод мешавад, аз ҳамин нодонӣ ва бегонапарастиву надоштани ҳисси ифтихори миллӣ рӯй дода буданд”. Дар ин замина метавон хулоса кард, ки омӯзиши таърих, хабардорӣ аз сарнавишт ва роҳи дар тӯли замонҳо сипардаи миллат, дар марҳалаҳои ҳассосу тақдирсоз ҳувияти миллиро аз даст надодани тоҷик ягона василаи баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, миллатпарастӣ ва масъулиятшиносӣ барои ҳифзи асолати миллӣ ва имрӯзу ояндаи давлати соҳибистиқлол мебошад. Китоби арзишманди “Тоҷикон” чи дар замони шӯравӣ ва чи имрӯз барои миллати мо ҳамин гуна рисолат дошту дорад.
Дар бораи арзиши таърихиву милли “Тоҷикон” сухан карда, аввалин ҳарфе, ки дил мехоҳад бигӯяд, ин аст, ки орзуи аслии Бобоҷон Ғафуров аз таълифи ин асари мондагор идомаи ҳамон ҳадафу нияти исботи ҳастии миллати тоҷик дар дарозо ва паҳнои таърих буд. Устод Айнӣ низ дар замони ҳассоси барои тоҷикон сарнавиштсоз барои исботи ҳастии таърихиву фарҳангии миллат” Намунаи адабиёти тоҷик”-ро навишта, бо овардани санадҳои адабию таърихӣ ва намунаҳои осори адибони гузуштаву имрӯзӣ ба даҳони тоҷикситезони пантуркист муҳри хомӯшӣ зад ва ба таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Академик Бобоҷон Ғафуров бо таълифи “Тоҷикон” ҳадафи ормонии сарнавиштсози эҳёи гузашта ва зинда доштани миллатро дар марҳалаи нави ҳаёти сиёсӣ дунбол карда, бо санадҳои раднашаванда басо густардаву моҳирона таърихи пайдоиш, зиндагӣ, ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, ихтироъкорӣ, шаҳру давлатсозӣ, таҳоҷуми аҷнабиён, ҷангу шикасту пирӯзӣ, дар ҳама ҳолат бо иродаи қавӣ устувор мондан, рушди ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанг, илму адабиёти тоҷик, нақши арзандаи тамаддунсози фарзандони нобиғаи миллаташро дар замонҳои мухталиф барои ташаккул ва инкишофи маърифати давлатсозӣ бар дигар қавму қабилаҳо собит намуд, ки аз нахусти нашри ин китоб мавриди эътибор қарор гирифт. Ба ин далел, ин китоб дар доираҳои бонуфузи илмии ҷаҳон, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо ва дигар кишварҳо мавриди таваҷҷуҳи донишмандон қарор гирифт. Аз ҷумла яке аз донишмандони маъруфи таърих ва фарҳанги Шарқ, муаллифи асарҳои “Мероси Эрон”, “Бухоро”, профессори Донишгоҳи Гарвард Ричард Фрай (ИМА) дар маҷаллаи “Америка ҳисторикэл ревю” (Ахбори муаррихони Амрико) мақолае таҳти унвони “Академик Бобоҷон Ғафуров ва “Тоҷикон” навишта, арзиш китобро ба тариқи зер мушаххас намуда буд: “Беназирии академик Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои марбут ба Осиё натанҳо аз он иборат аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст. Ӯ директори Институти шарқшиносии АИ СССР-бузургтарин маркази ховаршиносие мебошад, ки таҳти раёсаташ дар кӯтоҳтарин муддат муваффақиятҳои гӯшношунидро ноил гашт. Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русии оид ба мавзуи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он “Тоҷикон” аст”
Эҷоди чунин китобе, бахусус дар замони шӯравӣ, ки мухолифону муонидони фаровоне дошт, барои Бобоҷон Ғафуров осон набуд. Вай дар ин роҳ беш аз сӣ сол ранҷ кашид ва шоҳасари безаволаш меҳрномаи ӯ барои миллати азизаш гардид.
Бобоҷон Ғафуров дар ин китоб нафақат бо як ҷасорат ва маҳорати фавқулода воқеияти пурвусъати таърихро ба қалам додааст, балки соҳаҳову паҳлуҳо, ҷараёнҳо ва ҷузъиёти онҳоро дақиқназарона ва бо шарҳу тафсири дақиқ ба хонанда намудааст, ки бесобиқа аст. Аз ин ҷост, ки дар пеши назари мо натанҳо тарҳи умумии таърихи чандинасра намудор мегардад, балки пайкараи зиндаи он бо тамоми мураккабию тазодҳояш арзи ҳастӣ менамояд.
Хусусияти дигари ҷустуҷӯҳои Бобоҷон Ғафуровро дар ин китоб амиқият ва дар алоқамандӣ бо қонуниятҳо ва зуҳуроти машаххаси онҳо таҳқиқ намудани ҷараёнҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва мушкилоти этникӣ, таърихи фарҳанг ва пайванди онҳо бо ҳам муайян менамояд. Донишманди фақид муҳимтарин масъалаҳои таърихи халқи тоҷикро дар заминаи санадҳои ба ӯ дастрас омӯхта, доир ба қадимтарин ҷамъиятҳои инсонӣ ва доираҳои фарҳангӣ маълумоти навро ба ихтиёри хонанда мегузорад. Дар ин равиш ӯ ҳамчун донишманди назарияи илми таърих вақеиятҳо ва санадҳои таърихиро барои ошкор намудани қонуниятҳои умумии тараққиёти ҷомеаи инсонӣ ба кор гирифта, дар як вақт ба ҳалли масъалаҳои муҳиме муваффақ шудааст, ки аз дарёфти қонуниятҳои умумии пешрафти таърихии мамлакатҳову халқҳо ва ошкор сохтани махсусиятҳои инкишофи халқеву кишваре иборат мебошад. Дар ҷустуҷӯҳои илмии ӯ умумият ва махсусият ду ҷанбае ҳастанд, ки дар шинохти моҳияти ҳодисаҳои муҳимми таърихӣ муаллифро ба ҳақ пайвастаанд. Бо ин усул ӯ тавонистааст, ки хусусиятҳои хоси як халқ, як давлат ва як давраи таърихиро аз хусусиятҳои зикршудаи халқу давлатҳо ва давраҳҳои дигари таърихӣ тафовут диҳад. Дар ин замина ӯ таърихи халқи худро дар пайванди ногусастанӣ ва чун қисми таркибии ҷараёни таърих ва тамаддуни башарӣ таҳқиқ намуда, дар як вақт ҷиҳатҳои хоси таърих ва фарҳанги тоҷикон ва саҳми арзандаи онҳоро дар тамаддуни ҷаҳонӣ мушаххас месозад.
Тадқиқоти ин донишманд дар боби забони тоҷикӣ низ ҷолиб мебошад. Ба назари ӯ, агар забони форсӣ (тоҷикӣ) дар ҷануби Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи устуворро соҳиб бошад, пас дар шимоли Тоҷикистон-Суғд фақат дар асрҳои IX-X қисмати асосии аҳолӣ забони форсӣ (тоҷикӣ)-ро пазируфт. Муҳаққиқ дар асоси ҳуҷҷатҳо ба ин натиҷа мерасад, ки суғдиён баъзе аносири забони суғдиро ба забони форсии тоҷикӣ дохил намуданд. Ин донишманд қабул кардан ва пазируфтани забони навро дар сарзамини Суғд ва бидуни ҳеҷ душворӣ ҷараён ёфтани онро далели наздикии таърихӣ, сарфу наҳв ва таркиби луғавии ин ду забон медонад. Ба назари ӯ вожаи “тоҷик” аз нимаи аввали асри ёздаҳи мелодӣ сар карда, ба таври қатъӣ устувор мегардад ва ба номи халқе мубаддал мегардад, ки дар Осиёи Марказӣ, дар сарзамини Хуросон ташаккул ёфтаааст.
Ба ин тартиб, дар китоби “Тоҷикон” бисёр масъалаҳои муҳимми таърихи ташаккули халқи тоҷик ва сарнавишти таърихии он ба тарзи нав ҳаллу фасл шудаанд. Китоб бо фасоҳат ва шеваи содаву возеҳ эҷод шуда, қобили фаҳму идроки хонандагон мебошад. Дар китоб чеҳраи муборизи миллати тоҷик дар фосилаи замонҳо барои ҳифзи ҳастии таърихии худ хеле дақиқ ва дар такя ба санадҳои қотеъ офарида шудааст, ки беназир мебошад.
Нависандаи ҳушманд Абдулҳамид Самад ин асарро “Беҳтарин намунаи ибрат” шинохта, ба ҳар хонадон ворид шудани онро фоли нек таъбир мекунад ва “аз бузургсолони ҳар як хонадон, падару модарон таманнои онро” мекунад, ки “ин асарро дар баробари бафурсат омӯхтан чун ёдгории муқаддас, сарчашмаи омӯзиши таърих, таҳкими худшиносӣ, баланд бардоштани ғурур ва ифтихори миллии фарзандону набера ва абераҳо гиромӣ доранд ва дар ҷойи намоён ва шоиста бигзоранд”. Агар чунин карданд, “Аз ин қадрдонӣ рӯҳи аллома Бобоҷон Ғафуров шод ва мададгори ҳамагон хоҳад шуд”.
Сайрам БАҚОЗОДА,
номзади илми филология