Ганҷинаи ДАРЁ

 

Рӯзгори навҷавонӣ бо ғами дунё гузашт,

То хабар гаштам, зи ман он фасли нопайдо гузашт.

Ман ба хоби ноз будам дар лаби дарёи ишқ,

Хоб дидам, рӯи киштӣ ошиқи шайдо гузашт.

Ишқ бӯйи форами фасли баҳор оварда буд,

Накҳати гулбези ӯ дур аз машоми мо гузашт.

Орзу кардам, ки рӯзе бахт ояд бар сарам,

Орзу дар дил бимонду ҳасрати фардо гузашт.

Фасли гул омад ба боғу бар сарам омад хазон,

Хушк гардид оби дарё, он сару савдо гузашт,

Ишқи мо чун оби дарё ҳадди маҷроро шикаст,

Гашт берун аз раҳи худ, бо дигар маҷро гузашт.

Ганҷи дил бинҳуфта буд дар қаъри Дарёи вафо,

Н-омад он ғаввосу ганҷ аз синаи дарё гузашт.

* * *

Аз он, ки гулпарастам, ман чаманро дӯст медорам,

Фазову накҳату сайри даманро дӯст медорам.

 Агарчанде ки неши хор ҳар дам мехалад бар пой,

Тамошо кардани боғи суманро дӯст медорам.

Ба дил рози куҳан дорам, ба лаб сад ҳарфи ногуфта,

Зибас ёри куҳан, ширинсуханро дӯст медорам.

Чу майдони набарди ишқ ҷои сустбозон нест,

Таҳамтанҳои мисли Кӯҳканро дӯст медорам.

Дигар хабарҳо