Вохӯрии адибони тоҷик ва рус
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 22 октябр намоиши 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз ёфт.
Дар намоиш беш аз 40 ношир зиёда аз 5000 китоби тозанашрро пешниҳод карданд. Дар он намояндагони корхонаҳои табъу нашри давлатҳои ИДМ, инчунин Эрон, Ҳиндустон, Туркманистон, Чин, Русия, Туркия ва ноширони Тоҷикистон иштирок доранд.
Дар доираи ин иқдом дар маҷлисгоҳи осорхона бо мусоидати кумитаи тадорукот, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Маркази илмию фарҳангии «Россотрудничество» мулоқоти адибони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир гашт. Нахуст бахшида ба 210-солагии адиби бузурги рус Михаил Лермонтов адибон ва пажӯҳишгарони рус маърузаҳо пешкаш намуда, доир ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ӯ маълумоти судманд доданд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим иброз дошт, ки бо шеърҳои Лермонтов аз замони шуравӣ хонандаи тоҷик ошноии наздик дорад ва навиштаҳои адибро бештар шоири тавоно Ҳабиб Юсуфӣ тарҷума кардааст.
Сипас дар вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи тарҷума ва нашри китоб мубодилаи афкор карда шуд. Шоирони халқии Тоҷикистон Низом Қосим, Камол Насрулло, адибиётшинос ва тарҷумон Абдураҳмон Абдуманнон, адиби рус Максим Амелин, адиби русизабони Ӯзбекистон Евгений Абдуллоев, шоири ҷавони рус Н. Василий ва дигарон сухан гуфтанд. Абдураҳмони Абдуманнон аз таърихи тарҷумаи бадеӣ байни тоҷикон, русҳо ва дигар миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ андешаронӣ карда, дар бораи таҳия, тарҷума ва нашри тазкираи панҷҷилдаи адибони давлатҳои ИДМ маълумот дод. Камол Насрулло, ки бештари ашъори ин тазкираро тарҷума кардааст, аз бардоштҳояш сухан гуфт. Евгений Абдуллоев дар атрофи корҳои анҷомнаёфта, вале муҳим дар соҳаи тарҷума ҳарф зада, чанд пешниҳодашро ба ҷамъомадагон расонид.
Дар охир таъкид гардид, ки мулоқоти адибон ва тарҷумонҳо барои беҳтар гаштани ҳамкориҳо дар масъалаи тарҷума ва нашри асарҳои бадеӣ саҳми арзишманд дорад.