ВАҚТИ ГУЛИ ХОР РАФТ БОЗОР

Абдулҳамид Самад
Овозаи омад-омади устод Бозор Собир ба Ватан моҳҳо идома ёфт. Интизораш будем. Вале сад дареғ, ки хабари нохушу ҷонгудози маргаш расид. Шоири тавоно, рангинхаёлу озодандеш Бозор Собир дар айёми гулшукуфт ба рӯзгори пур аз талош ва шебу фарози пуразияти шоирона пас аз бемории зиёд дар Амрико падруд гуфт ва шахсияташ ба хотира, осори арзишмандаш ба сарвати адабӣ табдил ёфт. ӯ дар авҷи даврони навҷӯӣ, бедорӣ ва худшиносии аҳли қалам ба майдони сухан қадам ниҳода, якбора не, бо тамкину фурсат, бо бинишу офариниши нозук, хаёлҳои рангин, образҳои тару тоза, ангезаи эҳсосҳои нотакрор, ҷасорату ирода мавзӯъҳои ватан, модар, ишқу худшиносӣ, ҳақталошиву армонҳои миллӣ, ҷойгоҳи шахсиятҳои баруманди таърихӣ дар адабиёт ҷову мақоми уствор пайдо кард. Дар тасвири шоиронаи Бозор хасу хор, гулу гиёҳ, пайроҳа, сангу хок, абру борон, дару девору мазор… ҷону ҷилои тоза ёфтанд. Маҳз омӯзишу ҷустуҷӯйи пайваста, сари ҳар калима, ибора ва сатр заргарона нури чашм сарф кардани Бозор ӯро ба мартабаи баланди шоирӣ расонд; соҳибмактаб низ кард.

Аз содагии ман нест
Шеъре, ки сода гуфтам,
Худро ба мактаби худ
Ман ёд дода гуфтам, — ишора кардааст ӯ.

Ҳақиқат ин аст, ки пеши назари мо чанд насли хонандаи тоҷик танҳо бо шарофати шеъри «Забони ватан»-и устод Бозор бештар ба гиромӣ доштани забони модарӣ, рӯ овардан ба таърихи ниёгон, сабақ гирифтан аз фоҷиаҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ камар бастанд. Ва Бозор бо ашъори дилнишину пурмазмунаш дар радифи шоирони пешсафу номвар М. қаноат, Л. Шералӣ намунаи ибрати ҷавонадибони тоҷик шуд. Вай бо дастгириҳои бедареғаш дар тарбияти завқ, дарки сухан, биниши зебо, тозаҷӯиву тозагӯӣ, баланд бардоштани маърифати шеър ҳатто ба воситаи тарҷумаҳояш ҳиссаи сазовор гузошт.
Чи метавон кард, ки дар ин рӯзҳои авҷи рӯиш, сабзаву гул ва чаҳ-чаҳи булбул аз мастии атри гули хор шоире, ки ин ҳамаро дар таронаҳояш ҷону шаҳомат мебахшид, аз байни мо рафту шахсияташ ба хотира, осораш ба сарвати маънавӣ табдил ёфт. Устод бо рафтору гуфтор қолибӣ не, хоси табиати худаш, яъне Бозорона буд. Ва ҳатто навозиши тозиёнаи ҳазлҳояш низ касро ба худ меовард.
Боре ҷавоне касалманд аз ноҳияи Фархор ба суроғи Бозор меояд ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки дар ёфтани кораке дар Ховалинг мададаш расонад. Муродаш дар ҳавои мусоид табобат ёфтану бо маош беминнат зистан будааст. Бозор, ки он вақт дар осон кардани ин хел мушкилиҳо пайрави устод Боқӣ Раҳимзода набуд, чӣ кор кунад? Вай ба муроҷиати каси дармонда бетараф наистода, дар ҷустуҷӯи банда ба Иттифоқ омадааст, лекин маро наёфта, бо ҳарфҳои калон-калон чунин хоҳишнома навиштааст: «Абдулҳамид, агар ба ҳамин ҷавон дар Ховалинг коре биёбӣ, сарам ба замин, поям ба осмон мерасад».
Бешак устод Бозор Собир бо ҳунари волои тасвиргарӣ ва шеваи тозаи шеъргӯӣ дӯстдори адибони нисбатан ҷавону хонандагон буд. Кам менавишту зебо. Китобакҳое дер-дер ба нашр мерасонду аз ҷониби мухлисон гарм пазироӣ меёфт.
Дар як бино кор мекардем. «Офтобниҳол»-аш чоп шуд. Нусхае дар даст барои соядастгирӣ наздаш даромадам. Саргарми таҳрири шеърҳои шоири ҷавоне буд.
— Мавлоно, муборак бошад! – гуфтам. Хаёлманд сар бардошт ва чун ҳамеша орому саволомез сӯям нигарист: яъне чӣ мехоҳӣ?
— Агар озмуни тунуктарин китоб баргузор мешуд, — гуфтам ҳазломез, – бо ин маҷмӯа бебаҳс ҷойи аввалро мегирифтӣ… Ягон сухан навис.
ӯ зоҳиран бепарво китобро гирифту варақ зад ва даме ба хаёл рафта, сипас бо ҳарфҳои лундаи хоно ин байтро навишта, акнун бо чеҳраи равшану хандаи ширини Бозорона онро ба ман дод.

Шеъри ман чун чапотии Кӯлоб,
ҳаст тунуки хӯрданбоб.

Пеш аз сафари охиринаш ба Амрико дар ҷанозае устод Бозор андешаманд аз талу теппаҳои атроф чашм наканда гуфт:
— Дар зимистон мурдан нағз нест… ҳаво сард, одамҳо азоб мекашанд. Дар баҳор мурдан ҳайф аст. Сабзаву гулҳо поймол мешаванд. Тобистон ҳам ба мурдан мувофиқ нест. ҳавои сӯзон, замин сахт… Тирамоҳ беҳтар… – гуфт ва табассум ба лаб, озмоишкорона ба мо нигариста афзуд: — Фасли хазонрез, фасли мурдан аст тирамоҳ…
Дар авҷи баҳори диёр, вақти гули хор рафт устод Бозор ба роҳи охират; дар синаи хоки нарму гарми Ватан, байни мавҷи сабзаву гул маъво хоҳад гирифт; шеъри ҳамешабаҳори рангинро ба насли имрӯз фардо ба мерос гузошта рафт. Дареғ ки:

Дур аз бари ёр рафт Бозор,
Вақти гули хор рафт Бозор.
Бо хандаи лола, ашки чашма,
Бо ёди баҳор рафт Бозор.

Дигар хабарҳо