Ватан ному имони мост

Ин сатрҳо, ки ҳоло рӯйи коғаз меорам, эҳсоси лаҳзаина не, ташвишҳои ҳамешагӣ, хавотирии доимии мананд. Нохудогоҳӣ, бепарвоиву бетарафии баъзе ҳаммиллатони худро нисбат ба сабақҳои таърихи пур аз шебу фароз ва тақдири ояндаи худ мебинаму дуд аз димоғам мебарояд. Ин руҳи нохудогоҳӣ, ба ҳар он чи худист, санг задану он чи бегона аст, парастишу ситоиш кардан дар ин замони хатарзои ҷаҳонишавӣ кам не, ки зам мешавад. Хатар аз чанд самт ба ояндаамон таҳдид мекунад.

Аввалан, сели ахлоқу тамаддуни фасодзадаву фаҳшолуди Ғарб, ки тақлидгарони он миёни ҳаммиллатонамон хеле рӯ ба афзоиш дорад. Дуюм, душманони миллати мо дар ниқоби дини ислом тамоми таъриху тамаддун, анъанаву оинҳоямонро дар назари ҷавонони камсаводи зудбовар ва аз таърихи пурифтихори худ бехабар сиёҳ карда, дар онҳо руҳияи бегонапарастӣ, аз ҷумла паст задани миллати хешу парастиши ақвоми биёбониро мепарваранд ва бо ин теша бар решаи миллат мезананд.

Ҳуҷуми муллоҳои иртиҷоӣ ба номҳои тоҷикӣ ва зери таъсири тарғиботу ташвиқоти онҳо номҳои тоҷикии фарзандони худро ба номҳои арабӣ иваз кардани мардум худ то кадом андоза хатарнок будани ғафлати баъзеи мову бедории душманони миллати тоҷикро нишон медиҳад.

Аз гуфтугӯҳои дар маъракаҳо шунидаам ҳис мекунам, ки барои қисмате аз ҷавонони зери таъсири ғояҳои ба ном исломӣ монда арзишҳои муҳимму муқаддаси миллӣ, аз ҷумла ҳисси миллӣ, муҳаббати Ватан дигар қимате надоранд. Одатан мо ба чигунагии номи маҳалу деҳотамон эътиборе намедиҳем (хушбахтона, баъзе роҳбарони ватанпарасту ба миллат дилсӯз вақтҳои охир ба тоҷикӣ кардани номи маҳалҳо даст задаанд), вале иддае бо иваз намудани як ё ду ҳарфи номҳои тоҷикии маҳалҳо онҳоро ба таври худ шарҳу эзоҳ медиҳанд. Дар назари аввал ин кор чандон муҳим наметобад, аммо вақте кас аз асли мақсадашон огоҳ мешавад, ҳуш аз сараш мепарад. Дар маъракае ҷавоне, ки пешаи омӯзгорӣ дошту ба хонандагон алифбои ниёгонро таълим медод ва даъвои муллоӣ мекард, гуфт:

– Кӯҳи Хоҷа Муъмин аслан Муғултош ном доштааст. Вақте ки кофарони Ҳулбук лашкари муъминонро шикаст медиҳанд, сарбозони араб ба болои ҳамин кӯҳ мегурезанд ва кофарони Ҳулбук онҳоро шаҳид гардонидаанд. Бинобар ин, номи ин кӯҳ Хоҷаи муъминон шуд.

Ин омӯзгори ҳамадони муллотарош барои тасдиқи суханаш шеъри «Аз Хуталон омадия»-ро, ки ба эътирофи аксари донишмандон яке аз аввалин шеърҳои тоҷикист, «Аз Муғултош омадия» гӯён қироат намуд. Шунидаам, ки замоне Абраҳа ба Макка лашкар мекашад, яке аз мардумони араб ӯро роҳбаладӣ мекунад ва ин роҳбалад дар наздикии Макка мемирад. Ӯро ҳамон ҷо мегӯронанд. Асрҳои аср ҳар арабе, ки аз назди он гӯр мегузашту мегузарад, ба он санге мезанад ва ба он марди раҳбаладу авлоду аҷдодаш лаънат мефиристонад. Мегӯянд, ки сари гӯри он одам кӯҳе аз санг пайдо шудааст. Ҳамчунин ҷое хонда будам, ки солҳои аввали ислом арабҳо дар ҷанги зидди румиҳо шикаст хӯрда, бармегарданд. Занҳо ва модарони араб шавҳарон ва фарзандони худро бо таъну маломат пешвоз мегиранду мегӯянд, ки чаро дар майдони ҷанг намурдаву зинда баргаштеду моро дар чашми душман хору забун кардед.

Чунин мисолҳо дар таърихи гузаштаи мо ҳам кам набуданд. Дар миллати мо низ ғурури баланди миллӣ ва ҳисси худшиносиву ватанпарастӣ аз дигарон зиёд буду кам не. Барои исботи ин гуфта ҳазорон мисол овардан мумкин аст. Ман фақат яке аз онҳоро ба ёди хонандагони гиромӣ меорам.

Вақте Баҳроми Чӯбинаро ҷосусони Хусрави Парвиз дар Чин ба қатл мерасонанд, хоқони Чин мехоҳад хоҳари ӯро ба занӣ гираду вайро маликаи Чин гардонад. Хоҳари Баҳроми Чӯбина қабул намекунаду мегӯяд, намехоҳад зани турке бошад ва бо лашкари хоқон ҷангида, ба Ватан бармегардаду бо як сарбози қатории ҳамватану ҳаммиллаташ хонадор мешавад. Аммо имрӯз моро чӣ шудааст?!

Гӯри падару модар, пешвоёну бузургон, ҳатто гӯри Рудакиро аз ёд мебарорему қабри қотилони миллат, онҳоеро, ки ба сари Ватани мо шамшер кашида омадаанд, ба зиёратгоҳ табдил дода, онҳоро обод месозему парастиш мекунем.

Оринасабему бо худоён хешем,

Аз насли Каёнем в-аз он ҳам пешем.

Гуфтем ба бегонаву гӯем ба худ:

Мо пайкарасози қотилони хешем.

Яке аз ихлосмандон, ки вақтҳои охир шогирди ким-кадом муллое шуда буд, рӯзе ба наздам омада, расонд: «Устод, мо мазори ҳазрати Султон Остонақулро ёфта, бо ёрии мардуми деҳа обод кардем. Мардуми деҳаро фаҳмондем, ки сабаби ҳама мушкилиҳои ба сарашон омада (чанд сол боз дар ин деҳа бемории сил паҳн шуда, боиси фавти одамон гардида буд) беэҳтиромияшон нисбат ба мазори ин бузургвор аст.

Мардак чунон хушу хурсанд ва аз кори кардааш қаноатманд буд, ки гӯӣ қаҳрамоние карда бошад. Чӣ тавре мегӯянд: «Дар куртааш намеғунҷид».  Азбаски номи чунин «бузургвор»-ро пештар аз касе нашунидаву ҷое нахонда будам, кӣ буданашро пурсидам.

– Ин бузургвор яке аз саркардагони ҳазрати Амир Темури Курагонӣ буданд, ки дар ҷанги зидди куффор шаҳид шудаанд, – ҷавоб дод ӯ.

Эътибор медиҳед ? Ин «бузургвор»-и шаҳидшуда яке аз каллабурҳои Темур ва он кофироне, ки ӯро шаҳид кардаанд, гузаштагони ватанхоҳу ҷонфидои мо – тоҷиконанд. Ва ин ҳазрат, ки бо ин қадар эҳтирому эътиқод номашро мегиранд, ҳамонест, ки аз каллаи тоҷик манора сохтаву ҳазорон ҳазор зану кӯдакро дар зери пойи аспҳояш ба тӯдаи гӯшт табдил дода, қасам хӯрда буд, ки то ба рикоби аспаш хун нахезад, куштанро бас намекунад. Худ дар хотираҳояш навиштааст, ки ҳар гоҳ фаввораи хунро медидаму оҳу нолаи занону кӯдаконро мешунидам, мисли шаробхӯрда маст мешудам.

Шояд агар ин суханро аз каси бесаводу омие мешунидам, ин қадар дардам намекард, аммо онро касе мегуфт, ки худ омӯзгор буду ҳаваси шеърнависӣ дошт. Вақте чунин касон, ки ба қавле зиёиянд, ин қадар зери таъсири ақидаҳои бегонагону бадхоҳони миллати тоҷик монда, ба таърихи худ беэҳтиромӣ мекунанд, аз дигарон чӣ ҷойи умеду гила мемонад?!

Ҳарчанд ки мекунам зи худ огоҳат,

Огоҳ намешавад дили гумроҳат.

Гӯри падарат намерасад бар ёдат,

Қабри хари Исост зиёратгоҳат.

Таърих моро борҳо барои нохудогоҳӣ, бегонапарастиямон ҷазо дода, Исфандиёрро бо Рустаму Рустамро бо Суҳроб ҷанг андохтани душманонамонро гӯшзадамон кардааст. Борҳо Ҷамшедҳоямонро аз рӯйи нодонӣ ва бо иғвои душман ба куштан додаву Заҳҳокҳоро ба тахт шинондем, ки мағзи сарҳоямонро ба хӯрди морҳояшон додаанд. Афсӯс, мо шогирдони кундзеҳне ҳастем, ки ҳеҷ наметавонем ин сабақҳои таърихро азбар кунему дӯстро аз душману худиро аз бегона фарқ намоем. Чаро чунинем? Чаро намеандешему намефаҳмем, ки бояд ҳамеша бедору ҳушёр бошем?!

Дар селраҳа сохт қазо хонаи моро,

Обод кӣ созад дили вайронаи моро?!

Чун оби дарё ба ҷӯйҳои кандаи бегонагон наравему заифу нотавон нашавем. Ҳоло моро зарур аст, ки чун шохобҳо ба ҳам оему дарё шавем, зӯру тавоно шавем, то тавонем биёбонҳои дарёдамкаши замонҳоро бигузарем, пушти сар кунем.

Мо ба ҳам ноҷӯру душман ҷӯр шуд бар қасди мо,

Мо чунин камзӯру душман зӯр шуд бар қасди мо.

Ҳамдиёри офтобему чунин зулматпараст,

Аҳриман шоҳи диёри нур шуд бар қасди мо.

Эй Худо,

Моро чӣ шуд?

Гардшинро садршини тахту минбар сохтем,

Қотилонро ҳазрату шоҳу паямбар сохтем.

Аз низои мазҳабу куфру мусулмонии худ

Хасмро бо тоҷу фар, худро қаландар сохтем.

Эй Худо,

Моро чӣ шуд?

 

Алимуҳаммад Муродӣ,

Шоири халқии Тоҷикистон.

Дигар хабарҳо