Вассофи куҳандиёри азизи хеш

 Вассофи куҳандиёри азизи хеш

Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода

Аз рӯи анъанаи дар миёни аҳли илму адаби ҷаҳон маълуму маъруф, ки асрҳо пеш тавлид ёфтаасту то ба имрӯз муваф­фақона идома дорад, адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷик ба ҷуз забони ғанӣ ва пуробуранги модариамон, бо чандин за­бони дигари гуногун рушд мекарду ҳам­вора рушд мекунад. Дар даврони истиқ­лоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон адибон дар сарзамини зебоманзари мо, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама бо забони тоҷикӣ, сониян бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ, ки шумораашон дар ҳоли афзудан аст, асар эҷод мекунанд. Ин табиист, зеро Тоҷикистон имрӯз низ чун пешина мамлакати сермиллат аст ва тоҷикон чун халқи меҳмоннавозу сулҳпарвар ва муттаҳид алорағми нифоқ дар арсаи олам соҳибэҳтироманд. Ин анъанаи нек чун мероси гаронбаҳои аҷ­доди бузургвору зиндаёди мо аз насл ба насл мегузарад. Чунин тарзи зиндагӣ ва ҳамзистии осоиштаро сиёсати Ҳукумати кишварамон таҳти сарварии хирадман­донаю дурандешонаи Пешвои миллата­мон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якзайл тарғибу ташвиқ ва татбиқ мекунад.

Бар хилофи чашмдошти баъзе но­тавонбинон, баъд аз пошхӯрии давлати абарқудрати шуравӣ теъдоди адибони русизабон дар Тоҷикистон чандон коҳиш наёфт ва имрӯз аз ҳисоби ҷавонони соҳи­бистеъдод афзуда истодааст. Гузашта аз ин, бо ташаббуси Президенти мамлакатамон дар назди Иттифоқи нависандагон Маркази тарҷумаи бадеӣ таъсис ёфт. Ба шарофати ин иқдоми оқилона шоҳа­сарҳои адабиёти классикиву муосири ҷаҳон, аз ҷумла асарҳои адибони рус, шоирон, насрнависон, драматургҳо ва публисистон дастраси доираи васеи мухлисон мегарданд. Намунаҳои ин осор дар маҷаллаи адабии русизабони «Памир» низ рӯи чопро мебинанд.

Ин ҷо метавон ному насаби як гурӯҳ адибони русизабонро, ки дар миёнашон дар қатори намояндагони миллатҳои гуногун тоҷикон низ ҳастанд, мисол овард. Чанде аз онон бо амри тақдир дар кишварҳои дигар низ зиндагӣ ва эҷод мекунанд, асарҳояшонро интишор медиҳанд, ки боиси ифтихори мост.

Яке аз адибони русизабони мо сарда­бири маҷаллаи «Помир», шоир, насрна­вис ва тарҷумон Саид Сангин мебошад. Ӯ дар байни ҳамқаламону ҳампешагону ҳаммаслакон мақоми арзанда дорад, би­ноан ба муаррифии муфассал ниёзманд нест. Ӯ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар давлатҳои дигар, аз ҷумла дар Ру­сия ва Белорусия хонандагон дорад, ки далели дилписандии каломи вай барои эшон аст.

Банда ҳанӯз худи Саидро надида, бо навиштаҳояш каму беш ошно будам. Сипас шиносоии бевоситаи мо ба вуқуъ омад, ки он зуд ба рафоқату ҳамкории эҷодӣ табдил ёфт. Пас аз мулоқотамон як мисраъ шеъри шодравон Ҳабибулло Файзуллоро бо тағйири ҳарфи «м» аз дил мегузаронам: «Забонаш ташнаи шеъру нигоҳаш ташнаи дидор».

Метавон тасаввур кард, ки Саид аз овони кӯдакиаш забони русиро аввал аз янгааш, аз ҷӯраҳои русизабони ҳамсо­яашон, сипас дар мактаби русӣ ва яқин ба шарофати бисёр китоб хонданаш омӯхтааст. Ва бешак хуб омӯхтааст, ки аз сарвати луғавиаш пайдост.

Аҷиб он аст, ки Саид Сангин донишо­мӯхтаи Техникуми сохтмони Душанбе мебошад ва табиист, ки фаъолияташ ба ҳайси бинокор шуруъ гардидааст. Аммо майли эҷодкорӣ, ки бармаҳал дар дили ӯ ҷо гирифта буд, пирӯз шудааст ва аз ин рӯ барои ҳамеша ба арсаи эҷод қадам ниҳод. Зеро истеъдоди худодод боз намудани пару болро тақозо менамояд, хусусан барои касе, ки вуҷудаш бо сухан ва каломи воло сиришта шудааст.

Саид Сангин муаллифи чандин китоб аст. Ӯ қариб дар ҳамаи жанрҳои адабӣ асар дорад. Эҷодиёти адиб аз шеър, ми­ниотюрҳо ва тарҷума иборат аст. Насраш низ бештар мусаҷҷаъ мебошад.

Дар бораи фаъолияти тарҷумонии Саид месазад алоҳида сухан гуфт. Ба қалами ӯ тарҷумаи намунаҳои осори безаволи классикони адабиёти тоҷику форс — устод Рӯдакӣ, Хайёми оламшу­мул, Шайх Саъдии нобиға, Ҷалолуддини Балхӣ, Туғрали ширинкалом ва дигарон, ҳамчунин рубоӣ ва дубайтиҳои халқӣ му­тааллиқанд. Ба шарофати тарҷумонҳо, аз қабили Семён Липкин, Силсилабону ва дигарон, аз ҷумла Саид Сангин, намунаҳои осори классикони адабиёти мо дастраси доираи васеи хонандагон мегарданд, ба адабиёти ҷаҳон зам ме­шаванд, онро ғанитар месозанд. Тавре ки кадоме аз классикони адабиёти тоҷику форс фармудааст: «Қатра дарёст, агар бо дарёст».

Чанде пеш боз як китоби Саид Сангин бо номи «Край мой родимий» («Куҳан­диёри азизи ман») тавассути нашриёти «Адиб» рӯи чоп омад. Як нусхаи онро му­аллиф ба ман бо соядаст тақдим намуд, ки барои ин аз ӯ миннатдорам. Вале ҳа­минро низ бояд гӯям, ки баъд аз хондани ин асари тозанашр дар дилам ба Саид борҳо арзи сипас намудам, эҳтиромам ба ӯ бештар гардид. Зеро хондани маҳ­сули қалами ин адиби пухтакор, чи назм бошаду чи наср, аҷаб кайфияте дорад. Беҳуда нест, агар бо ишора ба мазмуни фармудаи Ҳаким Фирдавсӣ гӯем, аз навиштаҷоти Саид Сангин «Ҳам лаҳни булбул, ҳам овои шер» ба гӯш мерасад.

Китоби тақдимкардаи Саидро хонда, ба чунин хулоса омадам, ки ӯ вассоф ва сароянда аст, вассофу сарояндаи Ватани ягонаи мо, куҳандиёри азизи хеш, табиати биҳиштосои сарзамини тоҷикон, қуллаҳои осмонбӯсаш, таърихи дерину имрӯзии мардуми заҳматқарину созанда­аш, давлати соҳибихтиёру парчами он, пойтахти ҳамешабаҳори мамлакатамон- шаҳри Душанбе. Навиштаҳои Саидро хондаму суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳар бегоҳ пеш аз оғози «Ахбор» аз тариқи телевизиони тоҷик мешунавем, гаштаю баргашта ба ёдам расиданд: «Чунин Ватанро дӯст доред, ба қадри чунин сарзамин бирасед!»

Дӯсти мо Саид Сангин яке аз ҳам­ватанон, яке аз шаҳрвандони аз дилу ҷон меҳанпарасти Тоҷикистони азизи мост, ки бо давлатҳои пешрафта ва мутараққии ҷаҳон баробарҳуқуқ аст ва дар миёни онҳо мақоми сазовор пайдо намудааст.

Шоир ва адабиётшиноси барҷастаи эронӣ Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ барҳақ чунин гуфтааст: «Шеър чизе нест, ҷуз ба мусиқӣ расидани калом».

Адиби пурмаҳсул Саид Сангин ба пайванд додани каломаш бо мусиқӣ муваффақ шудааст. Дар ҳар шеъри ӯ му­сиқӣ ҳувайдост, дар ҳар мисрааш мусиқӣ танин меандозад. Агар гӯем, ки шеъри ӯ муродифи мусиқист, хато нахоҳад буд.

Ин хусусияти эҷодиёти Саид Сангинро дар пешгуфтори китоби «Куҳандиёри азизи ман» дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) М.В. Русакова низ таъкид намудааст.

Китоби зикршуда боз як нишона ва далели камолоти эҷодии Саид Сангин аст, ки ҳумоюн бодо!

Чӣ хуб мебуд, агар шоирони мо ба тарҷумаи шеъру миниотюрҳои Саид Сангин камар мебастанд. Аминам, ки хонандагони тоҷик осори ин адибро хуш мепазиранд.

Ба пиндори банда, китоби мавриди назари Саид Сангин сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Мансур СУРУШ

 

Дигар хабарҳо