Бузургмеҳри Баҳодур «Як ваҷаб хоки ватанро надиҳем!»
АШК
Ашк, эй хуни сафеди дардҳо,
Алвидои бесадои чашмҳо.
Интиҳои марзи сабри мардҳо,
Ибтидои рашку қаҳру хашмҳо.
Ашк, эй ҳамвазни фарёди Худо,
Аз дили огоҳ гоҳо пар кашӣ.
Ашк, эй ифшогари рози дарун
Ин қадар лоқайду ринду саркашӣ?!
Ашк, эй мавҷи ба соҳил сар зада,
Шӯрии ту бошад аз шӯрии бахт.
Пушти девори аламҳо дар зада,
Мечакӣ аз шикваи кӯрии бахт.
Ашк, эй мушти пушаймонии дил
Бар сару рӯҳо пас аз бечорагӣ.
Эй саломи бекаломи по ба гил
Баъди ранҷу кулфати оворагӣ.
Ашк, эй ранге, ки рассоме надид,
Ашк, эй шеъре, ки шоир ҳам нагуфт.
Ихтирои кас наёварда падид,
Нотае, ки дар раги ғамҳо нуҳуфт.
Эй алифбои ба кӯдак ошно,
Эй забони аввалини зодрӯз.
Рехта чун оби раҳмат ройгон
Бар алоби ғуссаҳои синасӯз.
Беҳтарин шореҳи дарди модарон,
Алвидои бесадои мардҳо.
Ҳамчу хуни хеш мерезам туро
Ашк, эй хуни сафеди дардҳо.
ЯК ВАҶАБ ХОКИ ВАТАНРО НАДИҲЕМ!
Як ваҷаб хоки Ватанро надиҳем,
Кӯҳу дарёву чаманро надиҳем.
Гарчи дар кишвари мо санг зиёд,
Сангро — лаъли Яманро надиҳем.
Рӯд аз покии мо қисса кунад,
Сабаби пок шуданро надиҳем.
Лолаҳо — хуни шаҳидон Ватан,
Лолаву сарву суманро надиҳем.
Ориё дар ту муҷассам дидем,
Ориёмулки куҳанро надиҳем.
Шарафи мард зану тифл бувад –
Мазҳари кӯдаку занро надиҳем.
Сухан овардаву парвардаи мост,
Ба ду-се гӯл суханро надиҳем.
Як кафи хоки Ватан ҳам гардем,
Як кафи хоки Ватанро надиҳем!
БОМДОДИ БОРОНӢ
Ин саҳар гул зери борон
Ханда дорад, ноз дорад.
Атри шабнам пош дода,
Шеваи пардоз дорад.
Бингарам аз пушти шиша,
Набзи гул овоз дорад;
Булбули шӯридахотир
Гирди гул парвоз дорад.
Тозаоҳанг аст борон,
Шираи овоз дорад.
Нотаҳои ошноӣ
Пардаи Шаҳноз дорад.
Қатра — оғози талотум
Дил ба дарё мерасонад.
Ғунча — оғози табассум
Сар ба саҳро мерасонад.
Мекушоям равзанамро
То ҳавоям тоза бошад.
То димоғам тоза гардад,
Шеърҳоям тоза бошад.
Лолаи ҳоландии шаҳр
Тоҷикистонист акнун.
Соғараш пур шуд зи борон,
Масти боронест акнун.
Модаре дар кӯчаи шаҳр
Гарди мардумро бирӯбад.
Чун фаришта бо мурувват
Дарди мардумро бирӯбад.
Модарам дар кунҷи хона
Боз мехонад намозаш.
Бахти мо хоҳад зи Эзад
Лаҳзаи розу ниёзаш…
Файзи борону гулу мул
Дар дилу ҷонам асар кард.
Ё шудам аз нав таваллуд,
Ё нигоҳамро дигар кард.
Бо ҳамин субҳи Душанбе
Ман чи сон дар худ наболам?
Дар дилам уммед бишкуфт,
Хуш ба ҳолам, хуш ба ҳолам.
Ин саҳар гул зери борон
Ханда дорад, ноз дорад.
Хомаам дар рӯи дафтар
Бо фараҳ парвоз дорад.