Боз як навиди тоза дар осмони Самарқанд
Бо ташаббуси равшанфикрону фарҳехтагони Самарқанд шумораи нахустини маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” моҳи марти соли 2022 аз чоп баромад. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барои мардуми тоҷиктабори Ҷумҳурии Узбекистон ин беҳтарин туҳфа мебошад.
Ҳамзабонони ватандӯстро ба интишор шудани ин навниҳоли адабӣ табрик гуфта, ба сармуҳаррир ва ҳайати эҷодии он барори кор ва комёбиҳои ҳар чи бештарро таманно менамоем.
Солҳои охир бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои миллатҳои муқими Узбекистон, аз ҷумла тоҷикон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар маркази вилоятҳо хонаҳои дӯстӣ таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо тоҷикон, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо, тоторҳо, русҳо ва дигар қавму миллатҳо бо ҳам омада, анъанаву суннатҳои худро тарғиб менамоянд ва забону фарҳангашонро ҳифз мекунанд.
Дар вилояти бостонии Самарқанд низ Маркази миллӣ — мадании тоҷикони Узбекистон таъсис ёфта, ба он ҷавони боистеъдоду ватандӯст Акбар Маҳмудов роҳбарӣ менамояд. Вай тавассути Марказ чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, адабӣ ва илмӣ доир карда, дар таҳкими дӯстӣ миёни тоҷикон ва узбекон нақши созгор мегузорад. Дар назди Маркази номбурда дӯкони фурӯши китобҳои тоҷикӣ таъсис ёфта, дар он китобҳои тозанашре, ки дар Тоҷикистон ва Узбекистон чоп мешаванд, савдо мегардад. Дар дохили дӯкон қироатхона низ ташкил гардидааст, ки дӯстдорони китоб дар он ҷо ҷамъ омада, китобҳои навро мутолиа менамоянд ва суҳбатҳои адабӣ мегузаронанд.
Бояд таъкид кард, ки ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, чопи китобу рисолаҳо ва нигаҳдории марказҳои мазкур аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Узбекистон маблағ, утоқи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, толорҳои хурду миёна ҷудо шудааст. Ҳамзамон дар буҷети Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Ҳукумати Узбекистон грантҳо таъсис дода шудааст, ки марказҳои маданию фарҳангии миллатҳо метавонанд ҷиҳати дарёфти онҳо лоиҳа пешниҳод намоянд ва тавассути озмун соҳиби маблағҳои грантӣ шуда, аз ҳисоби онҳо чорабиниҳои фарҳангии хешро доир созанд ва китоб интишор намоянд. Марказҳои маданию фарҳангии тоҷикон дар вилоятҳо аз ҳисоби чунин грантҳо асарҳои адибони тоҷик ва узбекро тарҷума, бознашр ва чоп карда, тадбирҳои дигарро низ ба роҳ мемонанд.
Ба қарибӣ дар доираи чунин маблағҳои грантӣ аз тарафи Маркази миллӣ — мадании тоҷикони вилояти Самарқанд китоби нависандаи узбек Ӯткур Ҳошимов бо номи “Қайдҳо дар ҳошияи дафтар” дар тарҷумаи Аслиддин Қамарзода ба забони тоҷикӣ чоп шуда, дастраси хонандагон гардид. Маркази миллӣ — мадании тоҷикони вилояти Ҷиззах (роҳбараш Абукарим Шарифзода) достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Мир Алишер Навоиро дар тарҷумаи Ҷонибек Қувноқов аз чоп баровард ва Маркази миллӣ — мадании тоҷикони Бухоро (роҳбараш Абдурауф Авезов) барои ҳунармандони ансамбли рақсиву овозии “Мавригӣ” либосҳои зебову шинамро дӯзонида, куртаҳои тоҷикиро дар бисёри тадбирҳо муаррифӣ менамояд.
Дар Самарқанд инчунин китобҳои “Дарахти дӯстӣ” (бо ду забон – тоҷикӣ ва узбекӣ), маҷмуаи мақолаҳои “Бӯстони меҳр”-и Муайяна Хӯҷева, драмаи “Падаркуш”-и Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ дар тарҷумаи Юнуси Имомназар, “Насиҳат гӯш кун, ҷоно”-и Парда Ҳамдӣ, “Ҳангомаҳои Донишдеҳ”-и Эркин Воҳидов дар тарҷумаи Асадулло Шукуров чоп шуда, дастраси хонандагони тоҷику узбек гардиданд. Дар чопи ин китобҳо саҳми равшанфикрони барнодили Самарқанд зиёд мебошад.
Бо шарофати Истиқлол ва бо баракати сиёсати дурбинонаи ду сарвари давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити дӯстона миёни зиёиён, олимон ва адибони ду кишвар таҳким ёфта, ба аҳли илму эҷод нафаси дуюм насиб шудааст. Онҳо дӯстиро тарғиб карда, дар жанрҳои мухталиф асарҳои пурмазмун таълиф карда истодаанд. Махсусан, дар Самарқанд чопи осори ниёгон ва адибони муосир хело хуб ба роҳ монда шуда, китобу маҷмуаҳои адибони давраи Истиқлол муназзам интишор шуда истодааст. Дар дигар вилоятҳои тоҷикнишини Ҷумҳурии Узбекистон низ чопи асарҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шуда, қисми зиёди онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат интишор мешаванд. Дар ин кори хайр соҳибкорон ва тадбиркорони тоҷики Узбекистон ҳам мусоидат карда, барои чопи босифати китобҳо ва интишори онҳо маблағ ҷудо менамоянд.
Дар вилояти Самарқанд Шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Узбекистон таъсис ёфтааст, ки ба чопи асарҳои адибони тоҷик мусоидат мекунад. Қисме аз осори адибони тоҷик ба забони узбекӣ низ тарҷума ва нашр мешаванд. Бо ин восита мухлисони шеъру сухан дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёд гардида, адибони ҷавоне, ки аз ҳама бештар ба адабиёт завқу шавқ доранд, рӯйи кор омада истодаанд.
Ба ғайр аз ин, дар назди факултаи филология ва шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқанд маҳфили адабӣ фаъолият мекунад, ки сарпарастии онро Шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Узбекистон бар уҳда дошта, ашъори шоирон ва асарҳои насрии нависандагони ҷавонро мавриди баррасӣ қарор дода, беҳтаринҳояшро ба рӯзномаҳои вилоятӣ ва маҷмуаҳои ҷудогона тавсия менамояд. Маҳфили мазкур бо Маркази миллию мадании тоҷикони вилоят робита дошта, дар чорабиниҳои фарҳангии он фаъолона иштирок менамояд. Дар ин кори хайр саҳми профессорони тоҷик Ҷумъа Ҳамроҳ ва Аслиддин Қамарзода хело калон аст. Марказ инчунин дар муаррифии санъаткорони барҷастаи Самарқанд саҳм гузошта, маҳсули заҳмати рассомону ҳу-нармандонро ба намоиш мегузорад ва расму оинҳои мардуми тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ мекунад.
Дар доираи ҳамкориҳои Шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Узбекистон бо Маркази миллӣ ва бо саъю талоши шоири ҷавону соҳибзавқи тоҷик Асадулло Исмоилзода шумораи аввалини маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” аз чоп баромад.
Ба ҳайати Шурои ҷамоатии ин маҷалла шахсиятҳои шинохта, олимон, санъатварон, адибону сиёсатмадорони тоҷики Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз қабили Нусрат Раҳмат, Садрӣ Саъдӣ, Ҷумъа Ҳамроҳ, Паймон, Аслиддин Қамарзода, Ҷаъфари Муҳаммад, Фарҳод Исомиддинов, Таваккал Чориев, Олим Давлатов, Шерпӯлод Вакилов, Рамазон Абдуллоев, Тошпӯлод Туғалов, Баҳодур Раҳмонов, Муқимҷон Орифӣ, Фурқатҷон Ӯзоқов, Акбар Маҳмудов дохил шудаанд.
Ҳамзамон ба хотири ҷалби бештари дӯстдорони сухан аз ҳисоби равшанфикрон ва эҷодкорони вилоятҳои тоҷикнишин Шурои ҳамоҳангсоз интихоб гардидааст, ки ба ҳайати он аз шаҳри Тошкент Шоҳқаҳҳор Салимов, аз Фарғонаву Намангон Масъуди Мирзо, аз Ҷиззаху Навоӣ Фарҳод Неъмат, аз вилояти Тошкент Абдуқаюми Ҳасанзод, аз вилояти Қашқадарё Рӯзибой Қурбониён, аз вилояти Сурхондарё Ҷаъфари Муҳаммад, аз вилояти Бухоро Ғанӣ Умуров шомил шудаанд. Онҳо барои пурмазмун гардидани маҷалла аз маҳаллаҳо маводи мухталиф пешниҳод карда, чеҳраҳои навро ба хонандагон муаррифӣ менамоянд.
Сармуҳаррири маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” Асадулло Исмоилзода ва котиби масъул Хоҷа (Норхоҷа Чориев) таъйин гардидааст. Ҳамкорони ин маҷалла Шуъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Узбекистон дар Самарқанд ва хонаи эҷодии табъу нашри “Маҳорат” мебошанд. ҶММ “Бунёдкор авлод” муассиси маҷалла муқаррар шудааст. Маҷалла дар коғази 70Х108 чоп шуда, нархаш озод мебошад. Маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” дар Оҷонси ахбор ва коммуникатсияи оммавии назди Админстратсияи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон номнавис шуда, дар матбааи ҶММ “ELNUR- PRINT” аз чоп баромадааст. Нишонаи маҷалла шаҳри Самарқанд, кӯчаи Анҳор, хонаи 33 буда, дар телеграм бо номи @Durdonai_Sharq ва почтаи электрониаш: Durdonai_Sharq@ mail.ru мебошад.
Дар саҳифаи аввали маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” сарсухани сармуҳаррир Асадулло Исмоилзода ҷойгир шудааст. Дар он муаллиф ба мардуми шарифи тоҷики Ҷумҳурии Узбекистон муроҷиат карда, менависад:
“Эй ҳамватан, эй ҳамзабон! Эй ҳамдидаи беҳтар аз ҷон”. Муждагонӣ диҳед!
Инак, орзуи деринтизори мо амалӣ гардид. Дар Узбекистони соҳибистиқлол бори нахуст маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангие ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Рӯшанфикрони диёрамон солҳои зиёд ин орзуро дар дил мепарвариданд.
Боиси шодмонист, ки ин имконотро Узбекистони нав ба мо ҳадя намуд. Давраи нави зиндагӣ ва эҷод дар Узбекистон фаро расид…. Сарҳадҳо боз шуданд. Бахусус, дӯстии азалии узбекон ва тоҷикон барқарор шуд. Ин ҷост, ки мардумонамон аз ин дилшоданд….
Бо мо бошед, то дурдонаҳои асили Шарқро ҷамъ оварем, аз он ҳам худ баҳравар гардем ва ҳам атрофиён манфиат баранд”.
Дар муроҷиати сармуҳаррир муҳаббату самимият ба сиёсати имрӯзаи роҳбарияти олии кишвар баён шуда, оид ба таҳкими дӯстии халқҳои тоҷик ва узбек андешаҳои ҷолиб баён шудааст. Сарсухан бо ҳисси баланди ватандӯстона, меҳру муҳаббат ба забону фарҳанг ва эҳтиром гузоштан ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, кӯтоҳ, вале пурмуҳтаво мебошад.
Дар саҳифаи сеюми маҷалла табрикоти ҳайати эҷодии ҳафтавори “Овози тоҷик” ва меҳрномаи узви Иттифоқи нависандагони Узбекистон Нусрат Раҳмат интишор шудааст. Дар табрикот ба шодии аҳли зиё ва равшанфикрони эҷодкор ишора шуда, ба ҳамаи тоҷикони Узбекистон ин рӯйдоди фарҳангӣ муборакбод гардидааст.
Маҷалла бо саҳифаи “Адабиёти тоҷики Узбекистон дар давраи Истиқлол” оғоз мешавад. Дар он намунаи ашъори шоирони даврони Истиқлолият, аз ҷумла Ҷонибек Қувноқ, Салим Кенҷа, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Акбар Пирӯзӣ, Абдуллоҳи Раҳмон, Паймон, Нормурод Каримзода, Абдулло Субҳон, Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, Саидаи Синавӣ, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Уғулой Ҷӯрабоева, Пайғом, Фозили Шукурзод, Неъматуллои Боғистонӣ, Шоҳимардони Валимуҳаммад, Баҳодури Убайдулло, Дилшоди Фарҳодзод, Хусрави Саъдулло, Дилафрӯз Муқимова, Парисо, Илҳом Эшонзодаи Насафӣ, Зарина Раҳматова, Расулбеки Аҳмадзод, Олим Панҷизода ҷой дода шудааст.
Аксари шоирон дар жанрҳои ғазал, рубоӣ, мураббаъ, чаҳорпора намунаи ашъори худро пешниҳод кардаанд. Онҳо дар интихоби мавзуъ, тарзи тасвир, баёни андеша, корбасти вазну қофия ва тасвири ҳолату ҳиссиёти ботинии қаҳрамони ғиноӣ ба навҷӯиҳо ноил шуда, ҳолату вазъиятро хело хуб инъикос менамоянд. Масалан, дар ғазали Хусрави Саъдулло қудрату тавони инсон тасвир ёфта, соҳибҳиммату соҳибҳурмат будани ӯ ба таври содаву равон таҷассум шудааст:
Ҷаҳонеро дигаргун кард азми ҳиммати Инсон,
Бувад болотар аз ҳар ганҷи дунё қимати Инсон.
Зи боло файз меборад ба рӯйи ҳар хасу хораш,
Дар он мулке, ки медоранд поси ҳурмати Инсон.
Ба кишти одамӣ борону нури шед мебахшад,
Замину осмон гӯё бувад дар хидмати Инсон.
Агарчи хушдилӣ ҷӯяд, видои ғуссаҳо гӯяд,
Вале шодиву ғам бошад насиби ҳазрати Инсон.
Яке дар фикри ҷоҳ, аммо касе дигар даруни чоҳ,
Набояд аз назарҳо дур монад қисмати инсон.
На танҳо ин табиат, бал Худо ҳам дӯст медорад,
Бубинад хештанро лаҳзае дар сурати Инсон.
Дар ин ғазал шоир ба бозтоби сарнавишти инсон рӯ оварда, нақши ӯро дар пешрафти ҷамъият арзишманд медонад ва хислатҳои некашро ёдовар мешавад.
Дар ғазали “Ишқ медамад…”-и Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ бо завқи баланди шоирона мавзуи ишқ тасвир шуда, ҳолату ҳиссиёти қаҳрамони ғиноӣ ҳунармандона инъикос ёфтааст. Шоир бо як хитобаи хос аз дарди ишқ хабар дода, вазъияти ошиқ ва зебоиҳои маъшуқаро бо диди нав бозтоб медиҳад ва чунин мегӯяд:
Эй дил зи ман рабудаи ман! Ишқ медамад!
Дилро зи ман зудудаи ман! Ишқ медамад!
Хоб аз ду дида бурдаи ман! Субҳ медамад!
Дар хоби хуш ғунудаи ман! Ишқ медамад!
Бо ларзише латифтар аз мавҷи боди субҳ,
Эй шавқи паркушудаи ман! Ишқ медамад.
Меҳмони қудс мерасад, эй дил, нисор кун,
Ҳар будаю набудаи ман! Ишқ медамад!
Эй дар вуҷуди худ сафари изтиробро
Як шаб наёзмудаи ман! Ишқ медамад.
Ҷаъфар! Сабур бош, ки дар интиҳои шаб
Бо шеъри навсурудаи ман, Ишқ медамад!
Бояд гуфт, ки дар ашъори дигар шоирони тоҷики Узбекистон ҳамин гуна тасвирҳои ҷолибро дидан мумкин аст. Ҳар як шоир бо диди хеш ба дунёи мураккаби инсон рӯ оварда, ҳолату ҳиссиёти ӯро бо маҳорат тасвир намудааст. Ин шоирон ба тасвири мавзуи Ватан, эҳтироми забону фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо анъанаҳои неки халқи худ ифтихор менамоянд ва отифияту зебоии онро васф мезозанд.
Дар қисмати насри маҷалла ҳикояи фантастикии “Санги сарнавишт”-и Адаш Истад, ҳикояи “Ривояти охирин”-и Чоршанбеи Деҳнавӣ, суханрезаҳои Ҳикмати Султонзода ва “Лутфи бузургон”-и Уктам Иброҳим ҷой дода шудааст.
Махсусан, ҳикояи Адаш Истад ниҳоят ҷолиб буда, дар он тақдири ҷавоне, ки ба ояндааш ҷиддӣ муносибат намекунад, тасвир ёфтааст. Адиб ҳаёти персонажи марказии худро дар макони тахайюлӣ офарида, дурандеш набудани вайро бо маҳорати баланд инъикос менамояд. Забони ҳикоя ниҳоят пуробуранг буда, тавассути нақли ровӣ саргузашти ҷавони худхоҳ таҳкия мешавад.
Дар рубрикаи “Адабиёти мумтози форсии тоҷикӣ” якчанд ғазалу рубоиҳои Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба таври намуна ҷой дода шудааст.
Дар қисмати “Адабиёти тасаввуфӣ” намунаҳо аз рубоиҳои Абдухолиқ Ғиждувонии Бухороӣ (Хоҷаи ҷаҳон) оварда шудааст. Ду рубоии мутафаккири бузург ба таври мисол пешниҳод мегардад:
Гар дар дилат аз касе шикоят бошад,
Дарди дили ту аз ӯ бағоят бошад.
Зинҳор ба интиқом машғул машав,
Бадро бадии хеш кифоят бошад.
Ё ки:
Чун мегузарад умр, камозорӣ беҳ,
Чун медиҳадат даст, накукорӣ беҳ.
Чун киштаи худ ба дасти худ медаравӣ,
Тухме, ки накутар аст, агар корӣ беҳ.
Дар аксари рубоиҳои ин орифи тавоно мавзуи ахлоқи ҳамида дар ҷойи аввал гузошта шудааст. Шоир бо ин роҳ андешаҳои фалсафию ирфонии хешро ифода карда, инсонро ба хоксорӣ, фурӯтанӣ, таҳаммулгароӣ ва қаноатмандӣ даъват менамояд.
Дар рубрикаи “Эҷоди ҷавонон” асарҳои назмиву насрии адибони ҷавон, аз ҷумла ҳикояи “Бодбараки орзу”-и Фаридуни Фарҳодзод, ҳикояҳои кӯтоҳи “Олами ирфон”-и Маликаи Бахтиёр ҷойгир шудааст. Аз ашъори шоирони ҷавони боистеъдод шеърҳои Сиёвуши Қодирӣ (ноҳияи Сариосиё), Сарфароз (ноҳияи Сух), Фарсимои Фаридунзода (Самарқанд), Шаҳзод Кенҷазода (Самарқанд), Ҳасан Сулаймонӣ (ноҳияи Бука), Далершоҳ Неъматов (ноҳияи Узун), Асалой Сархатзода (Самарқанд), Ҳадисаи Шуҳрат (Ангрен), Зикрилло Зубайдзода (ноҳияи Китоб) ҷойгир шудаанд.
Дар маҷалла рубрикаи “Адабиёти навини Тоҷикистон” ҷойгир гардида, аз ашъори Низом Қосим, Фарзонаи Хуҷандӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Алимуҳамади Муродӣ, Абдуҷаббор Суруш намунаҳо оварда шудаанд. Масъулони маҷалла кӯшиш кардаанд, ки беҳтарин шеърҳои шоирони Тоҷикистонро интихоб намоянд ва онҳоро пешкаши хонандагони тоҷиктабори Узбекистон намоянд. Чунончи, дар шеъри “Пешаи маҷмуи мо”-и Низом Қосим қаҳрамони ғиноӣ эҳсосоту ҳиссиёти хешро нисбат ба Ватани маҳбубаш чунин ифода менамояд:
Эй Ватан, дилбаставу бонанг фарзандат шудем,
Аз ҳавою аз ҳавас дил канда, дилбандат шудем.
Сад ҳазорон ҳамдилу ҳамҷон баҳам дар хидматем,
Ҳамдилу дилбастаи якрӯю садчандат шудем.
Дар маҷалла рубрикаҳои алоҳидаи “Адабиёти навини Эрон” ва “Адабиёти навини Афғонистон” ҷой дода шудааст ва аз ашъори Нимо Юшиҷ, Нодири Нодирпур, Фурӯғи Фаррухзод, Восифи Бохтарӣ, Латифи Пидром, Партави Нодирӣ намунаҳои ин санъати воло ворид гардидааст. Аксарияти шоирони мазкур дар саргаҳи таҳаввулоти шеъри муосири форсиву дарӣ қарор дошта, сабки баён ва қолаби анъанавиро шикаста, бо навгониҳо ба дунёи адабиёти оламшумул ворид гардидаанд. Махсусан, Нимо Юшиҷ бо шакли шеъри нимоӣ машҳур шуда, ин навъи шеър дар адабиёти тоҷик низ маъмул гардид ва аз устод Муъмин Қаноат сар карда, устодон Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва бисёре дигарон ин сабки тасвирро пазируфтанд ва намунаҳои олии шеъри нимоиро эҷод карданд.
Шеъри “Маҳтоб”-и Нимо Юшиҷ беҳтарин намунаи шеъри тасвирӣ ё нимоӣ дар адабиёти форсӣ буда, бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад:
Метаровад маҳтоб,
Медурахшад шабтоб!
Нест як дам шиканад хоб
ба чашми касу лек
ғами ин хуфтае чанд
хоб дар чашми тарам мешиканад!…
Дар маҷалла саҳифаи “Тарҷума” низ ҷойгир шуда, ҳикояи “Бойчечак”-и Абдусаид Кӯчимов (нависандаи узбек), достони “Манас”-и Мар Байҷиев (адиби қирғиз), ҳикояи лирикии “Тани танҳо бо худам”-и Хосият Рустамова (адибаи узбек) роҳ ёфта, аз тарафи адибони тоҷик тарҷума шудаанд ва хело ҷолиб мебошанд.
Дар маҷалла рубрикаҳои “Робита”, “Адабиётшиносӣ”, “Забоншиносӣ”, “Нақди адабӣ” ҳам ҷойи худро ёфта, дар он як қатор мақола, пажӯҳиш ва нақду баррасии адабиётшиносону забоншиносони шинохта ворид шуда, ҳусни маҷалларо боз ҳам беҳтар кардаанд. Мақолаҳои “Достони ишқу дард”-и Олимҷон Давлатов, “Озодмарди хирадгустар”-и Анзурат Маликзод, “Тадқиқгари ғояҳои маърифатпарваронаи адабиёт”-и Суюн Карим ва Ҷумъа Ҳамроҳ, “Забон аст тору пуди маъанавият”-и Сабоҳат Маҷидова, “Чеҳраҳои намоёни адабиёти тоҷики Узбекистон”-и Абдулқайюми Ҳасанзод аз беҳтарин пажӯҳиш ва нақду баррасӣ ба шумор мераванд.
Дар қисмати “Ҳаҷв” ҳаҷвияи Маҳбуба Турсунова “Танқид” ҷой дода шудааст.
Дар маҷалла инчунин рубрики “Китобиёт” роҳ ёфта, дар он ду мақола, яке “Тазкираи адибони сарзамини шоирхез”-и Умеда Каримова ва дигаре “Китобҳои тозанашр”-и Асалой Сархатзода ҷой гирифтаанд. Дар мақолаи якум сухан дар бораи тазкираи Иброҳими Наққош “Суханварони Зарафшон”, ки аз тарафи нашриёти “Ирфон” дар Тоҷикистон чоп шудааст, изҳори назар меравад ва онро муаллиф тазкираи ниҳоят муфид барои дӯстдорони сухан медонад. Дар китобиёти дуюм оид ба чопи китобҳои наве, ки адибони тоҷик дар Узбекистон интишор кардаанд, маълумот омадаст.
Муқоваи маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” низ бо завқи баланд ороиш дода шудааст. Дар рӯйи муқова кори рассоми Самарқанд Алибек Раҳмон “Дарахти ҳаёт” бо шакли ранга ҷой дода шудааст, ки таърихи ин шаҳри куҳанро бо фарҳанги бояш фаро мегирад. Дар дохили муқова акси сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакии Самарқандӣ бо қитъаи машҳури ӯ ҷойгир шудааст:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Дар дохили муқоваи пушти маҷалла акси сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бо ду байти зерин оварда шудааст:
Саъйе бинамову илму одоб,
Беҳтар зи шарики хеш дарёб.
То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,
Бодонишу ботамиз бошӣ.
Дар пушти муқоваи маҷалла Хонаи эҷодии табъу нашри “Маҳорат” таблиғ шудааст ва корҳое, ки ин муассиса ба анҷом мерасонад, таъкид гардидааст.
Дар ҳақиқат, маҷаллаи тозанашри “Дурдонаи Шарқ” дар қатори беҳтарин маҷаллаҳои адабӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон ва Тоҷикистон ворид шуда, барои дӯстдорони каломи бадеъ туҳфаи муносиб ва шоиста ба ҳисоб меравад.
Бовар дорем, ки интишори ин маҷалла имкон медиҳад, ки адабиёти бостонии тоҷикӣ — форсӣ боз ҳам бештар тарғиб гардад ва забону адабиёти тоҷик неруи нав гирифта, ба комёбиҳои назаррас ноил шавад.
Маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” дар оянда ҷиҳати таҳкими дӯстии халқҳои тоҷик ва узбек нақши барҷаста бозида, ба равобити адабии ду кишвари ҳамсоя мусоидат менамояд.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академик, Сафири Фавқулода ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон