Бозтоби масоили иҷтимоӣ дар «Садои Шарқ»

 Бозтоби масоили иҷтимоӣ дар «Садои Шарқ»
Дар ҳама гуна ҷомеаи тамаддунпарвар таваҷҷуҳ ба масоили иҷтимоӣ рӯзафзун аст, зеро сатҳу сифати зиндагии мардум, созгории муҳит ва авзои замон бо чигунагии иҷтимоиёт иртиботи қавӣ дорад. Аҳли зиё, ба вижа, адибон ҳамчун аъзои фаъолу равшанфикри ҷомеа нисбат ба вазъи иҷтимоии замон шикастатаваҷҷуҳ нестанд ва перомуни ин масъалаи умда пайваста ибрози назар ва табодули афкор мекунанд. Ин гуфтаро вобаста ба мазмуну муҳтавои моҳномаи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» низ метавон собит кард. Ин нашрияи маъруфи кишвар солҳост, ки ба масоили иҷтимоӣ ҳамвора эътибори хосса зоҳир мекунад ва чанд сафҳаи ҳар шумораашро зери унвонияи “Иҷтимоиёт” ба ҳамин гуна масоил рабт медиҳад. Чунин ба назар мерасад, ки таваҷҷуҳи маҷалла ба иҷтимоиёт батадриҷ меафзояд; ба масал, агар дар соли 2020 дар 12 шумораи он дар маҷмуъ 9 навишта марбут ба ин соҳа нашр шуда бошад, дар соли 2021 ин рақам ба 13 расидааст. Ҳамзамон, мавзуъҳо низ дар ин навиштаҳо вусъат дарёфтаанд. Мақолаву нигоштаҳое, ки дар давоми соли гузашта зери унвонияи “Иҷтимоиёт” рӯи чоп омадаанд, аз нигоҳи жанр гуногун (очерк, мақола, мусоҳиба…) буда, ғолибан ба мавзуъҳои маорифу маънавият, рушди улуми дақиқ, терроризму экстремизм, сарватҳои табиӣ, таъриху ҳамбастагии халқҳо, дӯстиву рафоқат ва вазъи сиёсии ҷаҳон бахшида шудаанд.
Басо рамзӣ ҳам ҳаст, ки дар нахустшумораи сол очерки адиб ва рӯзноманигор Ҳусейни Нарзулло бо номи “Бикелини Катия” чоп шудааст дар мавзуи мактабу маориф. Маълум, ки дар ҷумҳурии мо маориф соҳаи афзалиятманд эълон гардидааст ва таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба ин соҳа пайваста меафзояд. Дар очерки мазкур аз рӯзгорони рангину пурҳаводиси ду омӯзгор, зану шавҳар Екатерина ва Неъматҷон ҳикоят мешавад. Онҳоро қисмат дар деҳаи дурдасти Косабулоқи ноҳияи Рӯдакӣ (он ҳангом ноҳияи Ленин) ба ҳам дучор меорад. Неъматҷон, ки аслан зодаи шаҳри Истаравшан аст, бо роҳхати Вазорати маориф ба ин мавзеъ меояду Екатерина аз вилояти Нижнегородскии Русия.
Онҳо ба ҳам дил мебанданду оила барпо мекунанд ва соҳиби фарзанд мешаванду пас аз чанде ба зодгоҳи худ баргашта, дар мактаби деҳаи Суркат идомаи фаъолият мекунанд.
Очерк сужаи ҷолибу омӯзанда дорад ва воқеаҳоеро фаро мегирад, ки таҷассумгари дӯстию рафоқат, ҳамдилию садоқатанд ва ҷанбаҳои хоси ҳаёту фаъолияти аҳли маорифро тасвир мекунанд.
Мақолаи “Илмҳои дақиқ — омили рушди ҷомеа”, ки ба қалами Ризои Баҳромзод мансуб аст, мавзуи маорифро дар маҷалла тақвият мебахшад. Он ба бахши муҳими соҳа – нақши фанҳои дақиқу табиатшиносӣ бахшида шудааст ва як навъ тавзеҳест дар ҳошияи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040).
Шоиста он аст, “Садои Шарқ” минбаъд низ вобаста ба масоили марбут ба соҳаи маориф (бурду бохти он) ингуна нигоштаҳо ба нашр расонад.
Мақолаи санъатшинос Саъдулло Раҳимов “Тафаккури нав дар фарҳанг ва ҳунари тоҷик” домони мавзуоти иҷтимоиро дар маҷалла вусъат бахшидааст. Дар ин мақола оид ба адабиёт, кино, меъморӣ, телевизион ва театр дар замони муосир андешаҳои ҷолиб иброз дошта шудааст. Бо муаллиф, чун “дар шароити нав, дар шароите, ки Тоҷикистон ба истиқлоли давлатӣ расидааст, зарурати амалӣ намудани ислоҳоти шуур, чи тавре ки дар давраи шуравӣ буд, пайдо шудааст” мегӯяд, метавон розӣ шуд, вале чун қотеъона қазоват мекунад, ки “аксари мардум имрӯз бо арзишҳо ва тасаввуроти куҳнашуда зиндагӣ мекунанд”, наметавон ҳамақида буд. Ҳамчунин, ин ки “шеъри тоҷикон аз қадимулайём ҷойгоҳе бартар дар ҷомеа доштааст (бо баъзе истисноҳо), вале то ба ҳол ба шеъри замони нав табдил наёфтааст” мегӯяд, андешае баҳсбарангез аст ва бо воқеияти адабиёти замони истиқлол ҳамоҳангӣ надорад. Умуман, аз мақолаи мазкур як навъ бӯи хурдагирӣ нисбат ба фарҳангу ҳунари миллӣ ба машом мерасад. Шояд инро сабаб серталабӣ ва ғамхорӣ нисбат ба рушди маънавии миллат бошад, аммо дар ҳама гуна ҳолат набояд ба муносибати беэҳтиётона ба масоили миллӣ роҳ дод. Ҳамин нукта низ таъкидкарданист, ки ин мақола ҷамъбасти комил надорад ва бо хулосае хеле умумӣ поён мепазирад.
Очерки адиби шинохта Раҷаб Мардон “Шохаи дарахти булӯр”-ро метавон ҳамоҳанг бо очерки Ҳусейн Назрулло “Бикелини Катия” донист. Наздикии ин ду очерк дар мундариҷаву таркибёбии онҳо ифода меёбад. Дар очерки “Шохаи дарахти булӯр” сухан аз рӯзгор ва фаъолияти самарбори олими маъруф, риёзидони мумтоз Камолиддин Бойматов аст. Муаллиф кӯшидааст симои қаҳрамонашро печида бо ҳаводиси зиндагӣ, марҳилаҳои фаъолияташ ҳар чи равшантар инъикос бикунад ва ба ин то ҷое муваффақ ҳам шудааст, вале чунин ба назар мерасад, ки очерк ҳанӯз корталаб аст, онро метавон бештар суфта ва пухта кард. Ба вижа, баъзе ҷумлаҳо ба таҳрир ниёз доранд, чун ин ҷумлаҳо: 1. Сайёд ва меҳмони хориҷие набуд, ки роҳи ӯ аз Лучоб, синфхонаю хобгоҳҳои зебо, ошхонаю китобхонаи тарбиятгирандагони ин дабиристон нагузарад. (Аз синфхонаю ошхона… гузаштани роҳи сайёҳ ё меҳмонро чӣ гуна метавон тасаввур кард?)… 2. Ходимони “Пионери Тоҷикистон”, махсусан шоира Мавҷуда Ҳакимова аз ӯ шеърҳои тоза чашмбор буд… 3. Хоҳиш мекард, ки дар ҳолатҳои хастагӣ онҳоро гӯш кунам.
“Тоҷикистон ва мисриён: чанд намуна аз таърихи робитаҳо” ном нигоштаи Хусрав Нозирӣ, ки муддате чанд дар Миср маъмурияти дипломатӣ доштааст (солҳои 2014-2019), аз он лиҳоз ҷолиб аст, ки далелҳои рангину таваҷҷуҳбарангезеро аз таърихи равобити тоҷикон бо ин кишвари деринтамаддун фаро мегирад. Иттилоъ дода мешавад, ки дар Миср осори зиёди марбут ба дудмони Ҳахоманишиён боқӣ мондааст ва ин осорро мебояд имрӯз ба таври васеъ омӯхт, зеро онҳо саҳифаҳои таърихи аҳди қадими тоҷиконро рӯшантар месозанд.
Тоҷикони Осиёи Марказӣ дар дарозои асрҳо ба кишвари Миср фаъолона равуо доштаанд ва ин боиси омезиши фарҳангҳо гардидааст. Донишмандони бузурги тоҷик Аҳмади Фарғонӣ, Носири Хусрав ва Абунасри Форобӣ муддате дар Миср зиставу фаъолият доштаанд. Ин ҷо ҳоло Муборак Насруллоҳ Мубашшири Тарозӣ – набераи вопасин амири Бухоро мезистааст. Модари Тарозӣ духтари калонии Амир Олимхон – Муҳаррама Шоҳбегим будааст. Боз як нуктаи ҷолиб дар мақолаи мавриди назари мо он аст, ки муаллиф дар Қоҳира (пойтахти Миср) бо бародарон Одил Дониш ва Шариф Дониш шинос мешавад, ки аслан аз шаҷараи Аҳмади Дониши тоҷик будаанд.
Устод ва олими варзида Холназар Муҳаббатов аз муаллифони ҳамешагиву фаъоли бахши иҷтимоиёти маҷалла буда, ғолибан мақолаҳое перомуни экология ва сарватҳои табиии диёр ба нашр мерасонад. Дар соли 2021 ду мақолаи ӯ дар “Садои Шарқ” чоп шудааст, ки яке “Сангҳои қиматии Тоҷикистон” ва дигаре “Ёде аз рӯзгори соҳибдилон” ном гирифта. Дар мақолаи аввал муаллиф сангҳои гаронбаҳои кишвар, аз ҷумла, лоҷвард, фирӯза, аметист, беҷода, ёқут, ақиқ, булӯрро тавсиф бахшида, гоҳ ба таърих руҷуъ мекунад ва мулоҳизаҳои судманд иброз медорад. Иттилоъ дода мешавад, ки сангҳои қиматӣ ифодагари қудрату сарвати давлатанд, хусусияти ороишию табобатӣ низ доранд ва ҳатто бо боварҳои мардумӣ иртибот пайдо кардаанд. Тоҷикистон аз сангҳои қиматӣ сарватманд аст ва коркарду истифодаи ин гуна сангҳо метавонад сарватафзои ҷумҳурӣ бошад. Муаллиф далел меоварад, ки 20 дарсади буҷаи давлати Ҳиндустон имрӯз маҳз аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти сангҳои қиматӣ пур карда мешавад. Ташкили корхонаҳо вобаста ба коркарду истеҳсоли сангҳои қиматӣ дар Тоҷикистон мусоидат ба бештар ғанигардонии хазинаи мамлакат ва бо ҷои кор таъмин кардани теъдоди зиёди одамон мекунад.
Мақолаи дуюми М. Холназар аз рӯзгорони ҳикматбори ҳофизи маъруф Ҳоҷӣ Абдулазиз ва шаҷараи ӯ ба таври муассир ҳикоят мекунад. Дар ин нигошта барҳақ таъкид мешавад, ки “устод Ҳоҷӣ Абдулазиз аз худ мероси ғанӣ боқӣ гузоштааст, ки мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон аз он баҳра мегиранд. Дар баробари эҷоди беҳтарин суруду оҳангҳои дилошӯб вай дар сурудани оҳангҳои “Шашмақом” ва такмили он хидмати бебаҳо намудааст. Мактаби мусиқии Ҳоҷӣ Абдулазиз барои инкишофи мусиқии классикии тоҷик хидмат кардаасту хоҳад кард”.
Нигоштаҳои Зубайдулло Давлатов “Решаҳои ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ” ва Бахтиёр Ҳамдам “Ҳалқаҳои мори печон” ба масоили доғи рӯз – экстремизму терроризм ва вазъи сиёсии сайёра бахшида шудаанд. Нашри чунин мақолаҳо тақозои айём аст ва барои дарки возеҳи воқеияти замон ва махсусиятҳои он ба хонандагон мадад мерасонад. Салоҳ он аст, ки сухан дар ин мавзуъҳои умда бояд бештар бодалелу муассир ва ҳадафгиру боварибахш бошад, хонандагон ба мулоҳизаву хулосаҳои нигорандагон эътимоди қавӣ пайдо кунанд. Аз ин нуқтаи назар, ба вижа, мақолаи “Решаҳои ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ”, ки дар он бозгӯи гуфтаҳои маъмул ва такрор боло гирифтааст, таҳрирталабу такмилхоҳ аст. Мақола орӣ аз ҷамъбасти таъсиргузору корагар монда.
Хушоянду сутуданист, ки маҷаллаи “Садои Шарқ” ба бузургдошти забони тоҷикӣ ва тафсиру ситоиши асолату тавоноии он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дорад. Ин қазияро чопи чандин нигошта дар саҳифаҳои маҷалла собит месозад ва мақолаи донишманд Дӯстмуҳаммади Аҳмад бо номи “Донишвожаҳои пизишкӣ чӣ гуна бошанд?” аз ин ҷумла аст. Муаллиф бо гуфтугӯ перомуни вожаҳои пизишкӣ бори дигар таъкид бар он мекунад, ки забони тоҷикӣ имкону тавони фаровон дорад ва аз муқтадиртарин забонҳои дунёст. Чанд иқтибос аз ин мақола: “Фақат дар “Захираи Хоразмшоҳӣ”, ки дар ибтидои асри 12 аз ҷониби Исмоили Ҷурҷонӣ ба забони дарӣ таълиф шудааст, наздик ба 45 000 донишвожаю истилоҳоти пизишкӣ забт шудаанд”. “Маликушшуаро Баҳор дар асари худ “Сабкшиносӣ” менависад: “Луғате, ки арабҳо барои рафъи ҳоҷати идорӣ ва адабии худ аз эрониён гирифтаанд, бамаротиб зиёдтар аз он буд, ки ба мардуми Эрон додаанд”.
Дӯстмуҳаммади Аҳмад изҳори таассуф мекунад, ки “дар чанд соли охир шумораи зиёди ба истилоҳ “таърихча”, “дастурамал” ва “фарҳангҳо”-и истилоҳоти тиббӣ пурнуқс пешкаши мардум ва кормандони тиб гардиданд. Аксари кулли ин таълифот рӯбардори хатоҳои гузашта буда, дар натиҷаи “тарҷумазадагӣ” таҳиягарон ба иштибоҳоти навбатӣ роҳ додаанд”. Ва дар фарҷом ба хулосае мерасад, ки “имрӯз системаи истилоҳоти тибби тоҷикӣ ниёз ба навсозии шакл ва мундариҷа дорад. Барои истилоҳсозӣ ва тадвину таълифи луғатномаҳои тиббӣ бояд гурӯҳи калони донишмандони соҳаҳои мухталифи тибб, духтурони қатории забондон ва олимону забоншиносони касбӣ ҷалб карда шаванд”. Мақолаи мазкур ҳамбаста ба ифтихори миллист ва далелу мулоҳизоти ҷолиберо фаро мегираду дар силки нигоштаҳои иҷтимоии маҷалла ҷойгоҳе шоиста дорад.
Маълум, ки солҳои охир дар заминаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон ба соҳаи саноат таваҷҷуҳ ҳамвора меафзояд. Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ (22.12.2021) солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон карда шуданд. Мақолаи Нозир Ёдгорӣ “Сарфакорӣ маърифат аст” вазъ, моҳият ва махсусиятҳои саноати энергетикаро бозгӯӣ мекунад. Дар он зимни мулоҳизаҳои ҷолиб перомуни бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, эҳтиёҷи рӯзафзуни ҷаҳониён ба барқ ва мушкилоти истеҳсоли барқу таъмини аҳолӣ бо он далелҳои муътамад оварда шудаанд. Сухани ниҳоии муаллиф ин аст, ки аз неруи барқ сарфакорона истифода бояд кард, зеро ин амал боэътимодтарин василаи ҳар чи бештар қонеъ гардондани эҳтиёҷоти сокинони кишвар ва саноату иқтисодиёт мебошад.
Мусоҳибаи нависанда Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод бо сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзод инъикоси мавзуи саноатро дар маҷалла вусъат бахшидааст ва низ силсилаи нигоштаҳои иҷтимоии нашрияро аз лиҳози жанр рангинтар бинмудааст. Хонанда ба шарофати ин мусоҳибаи фарогир аз вазъи воқеии геологияи тоҷик, кашф ва омӯзишу коркарди конҳои сарватҳои табиии кишвар ва дурнамои фаъолияти иктишофӣ дар манотиқи мамлакат ҳамбаста бо далелу арқоми зиёде ошноӣ пайдо мекунад.
Кормандони маҷалла барои ба чоп омода намудани мақолаву нигоштаҳо кӯшиши зиёд ба харҷ дода, ба он муваффақ шудаанд, ки саҳифаҳои нашрия ҳар чи бештар муҳтавоманду рангин ва ҷолиб бошанд. Ба вижа, забони нигоштаҳои иҷтимоӣ дар маҷалла нисбат ба солҳои пешин хеле такмил ёфтааст, ғалатҳои имловию услубӣ низ дигар аҳёнан ба назар мерасанд. Ҳамакнун вақти он расида, ки забони тамоми матолиби “Садои Шарқ” намунавӣ ва ифодагари тавоноиву назокатмандии забони тоҷикӣ бошад, кормандони маҷалла бар он бикӯшанд, ки дар нигоштаҳо хурдтарин ғалатҳо роҳ наёбанд. Алҳол, дар бархе аз нигоштаҳо дар риояи имло, аломатгузорӣ ва услуби баён носаҳеҳиҳо ба назар мерасанд (фарқ накардани имлои ҷонишини саволии чӣ ва пайвандаки чи, риоя нашудани талаботи имлои нав, имлои калимаю ибораҳои туфайлӣ, мавриди корбурди калимаи модалии бошад, истифодаи феълҳои мураккаб ва амсоли инҳо). Баъзан ба гунаи ҷумлаи зер ҷумлаҳое ба нашр мерасанд, ки пояи мантиқашон хароб аст: “Чандест, ки дар даромадгоҳи ноҳияи Дарвоз, аз соати 14 то 18 , бо сабаби бехатарӣ равуойи мошинҳо қатъ мешавад” (№9, саҳ. 114). Ин ҷо 1) ифодаи “чандест, ки” дар аввали ҷумла тақозо дорад, ки хабар на “мешавад”, балки “шудааст” бошад, 2) бо аломати вергул ҷудо кардани ифодаи “аз соати 14 то 18” шарт нест, 3) “бо сабаби бехатарӣ” гуфтан мантиқи гуфторро костааст; аслан, на бо сабаби бехатарӣ, балки бинобар пурхатар будани роҳ равуойи мошинҳо қатъ шудааст…
Бояд мунсифона ва бо такя ба воқеияти муҳтавои маҷалла қазоват кард, ки “Садои Шарқ” дар чопи мақолаву нигоштаҳои иҷтимоӣ дар соли 2021 қадами ҷиддие ба пеш гузошта, домани мавзуъҳоро вусъат бахшидааст, аз лиҳози корбурди жанрҳо низ ба навгониҳо комёб гардидааст ва тавонистааст, ки ба хонандагон як силсила нигоштаҳои рангину ҷолибу пурмуҳтаворо пешниҳод бикунад. Воқеияти иҷтимоии замон дар “Садои Шарқ” равшан ба назар мерасад.
Абдурауф МУРОДӢ

Дигар хабарҳо