Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад

 Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзи дуюми сафари корӣ ба вилояти Хатлон, дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони Машриқзамин — Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар ҳудуди Маҷмааи варзишии маркази шаҳраки Балх бунёд ёфта, корҳои созандагӣ дар ин ҷо соли 2018 оғоз гардида буданд.

Муҷассамаи шоири маъруфи тоҷик 17 метр баландӣ дорад.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, қомат афрохтани пайкараи олим ва файласуфи оламшумули тоҷик Мавлоно Балхиро дар самти эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоён ва қадрдонии шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик нек арзёбӣ намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки бузургтарин асари Ҷалолиддини Балхӣ “Маснавии маънавӣ” мебошад, ки ба навиштани он соли 1259 шурўъ намуда, зиёда аз 10 сол ба эҷоди он машғул гашта- аст. “Маснавии маънавӣ” аз шаш дафтар иборат буда, 25 ҳазору 632 байтро ташкил медиҳад, ки ҳама афкори ирфонию ахлоқӣ мебошад. Қисмати дуюми ашъори ўро ғазалиёт ва рубоиёт ташкил медиҳанд, ки аз сад ҳазор байт иборатанд.

Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ аз бузургтарин чеҳраҳои миллати тоҷик аст, ки бо эъҷозу эҷодаш дар асри XIII ба адабиёти тоҷику форс такони бузург бахшидааст. Ҳамин аст, ки имрўз ўро ҷаҳониён дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд. Эҷодиёт ва осори ба меросгузоштаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ имрўз тарбиятгари насли наврасу ҷавон буда, аз таълифоти муҳимми адабиёти халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Аз он ки иншооти мазкур дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Бохтар-Балх-сарҳади Афғонистон ҷойгир аст, макони тамошобобе барои сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити фароҳамовардаи истироҳату фароғат, ба масъулин ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, анҷом додани корҳои созандагӣ ва гулистон намудани як ҷойи ноободро аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ хонданд.

Дигар хабарҳо