Ба ёди Шоири халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Маъмур, ки 80-сола шуд
Дарди ту аз дарди ҳар шоир гузашт,
Дарди аввал шуд, зи ҳар охир гузашт.
Он ҳама буд аз қазо дарди дигар,
Ин бувад дарди дилу дарди ҷигар…
Рустамӣ, гум кардаӣ суҳробҳо,
Чашм дар обиву дил дар тобҳо…
Эй азиз, аз чоҳ, инак, сар бикаш,
Сӯи Мисри сарфарозӣ пар бикаш…
Дар ду дунё, эй аламдори алам,
Такяи ҷону дилат бодо қалам.
Низом Қосим