Ба истиқболи Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон
Ҷараёни тайёрӣ ба анҷумани якуми нависандагон қариб ду сол идома ёфт (агар қарори ҳизби коммунисти Тоҷикистонро, ки танҳо 10 июли соли 1932 дар ин мавзуъ қабул гардид, ба ҳисоб гирем), вале рӯҳияи умумии омодагӣ аз рӯзи қабули қарори ҳизби умумииттифоқ оғоз гардида буд. Аммо ин тайёрӣ дар арафаи анҷуман боз ҳам суръат гирифт, ки бастаи чандин хусусият буда метавонист.
Вобаста ба ҳусни таваҷҷуҳе, ки ба тариқи расмӣ изҳор мегардид, чорабиниҳои вобаста ба корҳои ташкилӣ ва эҷодию адабӣ моҳиятан ғанӣ шуда, суръати нав гирифтанд.
Пеш аз ҳама, бригадаҳои махсуси нависандагон ба ноҳияҳо сафар карданд, дар айни замон ба кори бахшҳои Иттиҳодияи нависандагон, ки дар маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ва манотиқи тоҷикнишин ташкил шуда буд, таҳрик дода шуд. Хусусан, раиси ҳизб Бройдо дар Самарқанд ҳангоми суҳбат бо устод Айнӣ масъалаи ба зудӣ даъват кардани иҷтимои нависандагонро ба миён гузошт.
Дар саҳифаҳои рӯзномаҳо («Тоҷикистони сурх», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва ғ.), «Саҳифаҳои адабӣ»-и доимӣ ва дар маҷаллаи адабии «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чопи мақолаҳо ва осори нависандагон ба муносибати даъвати анҷуман шакли мунтазамро мегирад, ки ба ин васила ҳам қувваҳои адабӣ садо баланд мекунанд ва ҳам як навъ «симо»-и умумии адабиёти тоҷикӣ равшантар намудор мешавад. Аз ҷумла, ба муносибати анҷуман дар таҳрири умумии Носиров ва Содиқов як маҷмуа аз навиштаҳои нависадагони тоҷик бо номи «Туҳфа: алманах» (1934, адади нашр 3000, дар ҳаҷми 246 саҳифа) ба табъ расид, ки фарогири асарҳои 40 муаллиф буд.
Дар ҳамон вақт (7 марти соли 1934) пленуми Кумитаи ташкилоти Иттифоқи нависандагони шӯроии СССР баргузор гардида, то андозае вазифаҳои пеш аз анҷумани якумро муайян намуд. Дар ин ҷаласа низ боз аз шиддат ёфтани муборизаи синфӣ, чи дар ҷомеа ва чи дар адабиёт, масъала гузошта шуда буд. Дар айни замон масъалаи диққати алоҳида додан ба адабиёти миллӣ ва мавқеи онҳо дар иттиҳоди адабиёти дигар халқҳо махсус таъкид карда мешавад. Пленуми мазкур Низомномаи муваққатии Иттифоқи нависандагонро низ тасдиқ кард, ки бояд як навъ ойинномаи анҷуманҳои дар пеш истодаи ҷумҳуриҳои миллӣ мегардид. Аз ҷониби нависандагони Тоҷикистон дар пленуми мазкур Абулқосим Лоҳутӣ иштирок ва суханронӣ карда буд («Тоҷикистони сурх» аз 29 марти соли 1934).
Як нукта, ки дар пленуми мазкур таъкид шудааст, хеле муҳим ба назар мерасад. Гуфта мешавад, ки: «Сифати баланди эҷодиёти бадеӣ шиори сиёсии мо дар адабиёт мебошад. Бигзор китобҳо 5-10 маротиба кам бошанд, вале бояд ҳар як китоб як ҳодисаи мадании бузург бошад…». Воқеан, ин нияти хуб аст, вале амалияи роҳбарӣ ба кори адабӣ ва усули ҳукмравоӣ, ки сабаби маҳдудиятҳо дар кори эҷодӣ мегардид, аксаран барои расидан ба «сифати баланд» монеъ мешуд.
Ҳар чи бошад, кӯшиши асари асили бадеӣ ва сифатан баланд офаридан ҳеч гоҳ аз назар дур намондааст ва ҳар чизи хубе, ки адабиёти шӯравӣ дорад, дар роҳи иҷрои ҳамин ният ба майдон омадааст. Бесабаб нест, ки дар ҳамон вақт, яъне ба муносибати анҷумани якум ва дар арафаи он мақолаи Обид Исматӣ таҳти унвони «Мубориза барои сифат дар адабиёт» («Тоҷикистони сурх» аз 23 апрели соли 1934) ба табъ расид, ки муаллифаш аз дастовардҳо камтар сухан ба миён оварда, бештар аз камбудиҳои сифатӣ, техникаи шеър, забон ва вазн, умуман шакли адабӣ дар адабиёти тоҷик, ки ислоҳашон ба манфиати адабиёт ва адибон буд, мулоҳизаҳои ҷолиб баён кардааст. Муаллиф дар ин маврид масъалаи ҷоннок кардани танқид, нақди холисонаву беғараз ва таҳаммули фикри интиқодиро аз воситаҳои муҳимми ислоҳи камбудиҳо ба шумор овардааст.
Дар иртибот ба масоили сифати адабиёти бадеӣ, ки аз афташ бояд яке аз масъалаҳои муҳимми анҷуман ва вазифаҳои баъдии он дар кори эҷодӣ ба шумор меомад, чорабиниҳои дигар низ андешида шуд. Масалан, дар арафаи анҷуман (охири моҳи апрел) як даста аз аъзои Кумитаи умумииттифоқии ташкилоти нависандагони шӯроӣ ба Душанбе (он ҳангом Сталинобод) меоянд. Ин ҳайат иборат буд аз А. Лоҳутӣ, Бруно Ясенский (роҳбари даста), Виктор Шкловский, Борис Лапин, Захар Хатсревин, Павел Василев, Михаил Зинкевич ва нависандаи фарансавӣ Пол Низан.
Зоҳиран, дастаи мазкур тибқи изҳороти Б. Ясенский дар маҷлиси якҷояи даста (бригада) ва адибони тоҷик, ки 22 апрел баргузор гардид, барои «дар бобати аз нав сохтани кори Кумитаи ташкилотии маҳаллӣ, дар бобати тайёрӣ ба анҷумани нависандагони Тоҷикистон ва дар бобати бо қувват тайёр кардани ташкилотҳои адабии Тоҷикистон ба анҷумани умумииттифоқии нависандагон» ёрӣ расонидан омада будааст («Тоҷикистони сурх» аз 28 апрели соли 1934). Вале чизи муҳим дар сафари ин ҳайат ҳамоно хондани маърӯзаҳои назарӣ оид ба адабиёт ва кори эҷодӣ, ибрози андеша аз таҷрибаи амалии худ, шиносоӣ бо вазъи корҳои тайёрии Кумитаи ташкилотӣ ба анҷуман ва ошно шудан ба фаъолияти адабии нависандагони тоҷик дар иртибот ба ин маъракаи муҳим, яъне савия ва сифат, дараҷаи касбиву ташкилии аҳли адаб будааст.
Бинобар ин, аъзои даста гузаронидани семинарҳо, кумак барои баланд бардоштани сифати адабиёти ҷавони тоҷик ва ба нависандагон барои азбар кардани устодии (ҳунари — А.Н.) адабӣ ёрӣ расониданро вазифаи муҳимми худ ба шумор меоварад. Ҳамчунин масъалаи бо иштироки нависандагон аз ду ҷониб – аъзои бригада ва адибони тоҷик таълиф кардани асари илмӣ-бадеӣ оид ба Тоҷикистон, ба чоп омода кардани маҷмуаи осори беҳтарин адибони маҳаллӣ ба забони русӣ аз вазифаҳои асосӣ будааст.
Даста бо муваффақият ва камбудиҳои адабиёти тоҷик, корҳои эҷодии нависандагони алоҳида ба таври мушаххас шинос шуда, оид ба асарҳои адибони ҷавон Раҳимӣ, Ҷабборов, Абдуллоев, Дилмуродов, Рабиӣ, Давлатшоҳ, Қозиҷонов, Исматӣ, Маҳмудова, Икромӣ, Нурмуҳаммадов, Бурҳонов фикру мулоҳизаҳои ҷолиб баён мекунад.
Андак пештар, 20 апрел, узви дастаи мазкур, нависанда, баъдҳо назариётчии поэтикаи формолизм ва яке аз муаллифони филмномаи «Дохунда» Виктор Шкловский дар хонаи «Аскарони сурх» дар мавзуи «Кино ва адабиёт» маърӯза мехонад. Вай оид ба ҳунари таҳияи кино ва навиштани кинонома, ҳамкории нависанда бо ҳунари киноофарӣ маслиҳатҳо ироа карда, ба суолҳои иштирокчиён ҷавоб мегардонад. Чунон ки мебинем, дар ин маврид низ як масъалаи муҳимми адабию ҳунарӣ ба миён гузошта шудааст, ки барои ҳунари тоҷикӣ ҳодисаи навоғоз ба шумор мерафт.
Воқеан, дастаи адибони Маскав ба қадри имкон кӯшиш кардаанд, ки дар суҳбату ҷаласаҳо аҳли адаб ва шунавандагони худро мутаваҷҷеҳи омӯхтани ҳунари нигорандагӣ ва афзудани сифати асари бадеӣ намоянд. Чорабинии дигари дастаи адибон, ки 23 апрел амалӣ гардид, «Шаби муаллифи ҷавон» ном дошт ва пеш аз ҳама масъалаи такмилу боло бурдани ҳунари адабӣ дар он матраҳ гардид.
Ин чорабинӣ низ бо ташаббуси Кумитаи ташкилотӣ баргузор мешавад ва онро Саид Носиров – Комиссари маориф ва садри Кумитаи ташкилотӣ бо маърӯза оғоз мебахшад. Виктор Шкловский дар бораи кор бо нависандаи навқалам бо номи «Гуфтугӯ бо нависандаи ҷавон» маърӯзаи муфассал мекунад. Ғанӣ Абдулло аз намоишномаи «Вахш» порае мутолиа кардааст. Бруно Ясенский аз муҳтавои асар ва ҷасорати нависандаи ҷавон қаноатманд, вале ислоҳи камбудиҳои ҳунарии ӯро, ки иборат аз тасвири схематикии иштирокдорони асар, сергапӣ дар монологу диалогҳо ва нақлу публитсистикаи хушк буда, ба мукаммал нишон додани симои инсон халал расонидаанд, ҷиддан талаб мекунад.
Агарчи сиёсатмадор Хидиров ҷавононро ба фош кардани душмани синфӣ даъват намудааст ва Б. Ясенский таваҷҷуҳи эшонро ба мавзуъҳои нав қадр кардааст, вале боз ҳам масъалаи маҳорати нависандагӣ сарфи назар намешавад.
Ин тарзи гузоштани масъала, баррасӣ ва нақди осори адибон дар Тоҷикистони он рӯз бисёр муҳим буд. Зеро чунон ки аз таҷрибаи ТоҷАПП дидем, дар замони Кумитаи ташкилотӣ низ сахт мутаваҷҷеҳ шудан ба масъалаи мафкура гоҳо имкон намедод, ки аҳли нақд ба мушкилаҳои ҳунарӣ диққати даркорӣ диҳанд. Зиёда аз он, нақде, ки дар заминаи табиати хоси асари адабӣ навишта мешуд (осори Бектош ва С. Улуғзода), аксар нодуруст тавзеҳ карда мешуд ё ба танқид рӯбарӯ меомад. Ҳатто 30-солагии фаъолияти А. Лоҳутӣ барин як шоири инқилобии соҳибҳунар бештар дар зери шиори мубориза бо миллатчиёни буржуазии миллӣ ва аҳаммияти мафкуравии эҷодиёти вай гузашт ва ба равшан кардани сирру асрор ва ҳунари чӣ тавр осори баландсанъати замонавӣ навишта тавонистани ӯ камтар диққат ҷалб гардид.
Бинобар ин, корҳое, ки дастаи Маскав дар арафаи анҷуман оид ба ҷабҳаи ҳунарии кори адибони тоҷик мекард, аҳаммияти бузургеро молик буд. Масалан, 25 апрел ҳамин гуна як чорабинии хуб – «Маҷлиси машваратии шоиронаи шоирони тоҷик» баргузор шуд, ки рӯҳияи умумии онро масъалаи ҳунари нависандагӣ муайян мекард ва коргардони он ҳамон дастаи адибони маскавӣ буданд.
Устод Лоҳутӣ ба ҷаласаи мазкур сарварӣ кард ва аҳаммияти корҳоеро, ки дастаи нависандагон оид ба «боло бардоштани ихтисоси адабии кадрҳои нависандагони маҳаллӣ» ба ҷо овард, махсус таъкид намуд.
Ҳаминро низ бояд эътироф кард, ки адабиёти нави тоҷикӣ дар 15-16 соли мавҷудияташ ҳеч гоҳ бо ин ҷиддият мавриди таҳлили мушаххас қарор нагирифта буд ва аҳли адаби он дар атрофи кори ҳунарӣ гуфтугӯи фоидабахш накарда буданд. Масалан, дар ҷаласаи мазкур Михаил Зинкевич камбудии асосии шеъри тоҷикро дар: а) номушаххасӣ, б) баёниячигӣ ва бештар публитсистӣ будан ва в) дар он ҳал нашудани масъалаи азнавсозии иҷтимоии инсони зинда дидааст, ки ҳама ҷолибанд ва то охир ҷолиб монданд. Инчунин вай, барҳақ, як омили муҳимми баланд шудани сифати шеъри тоҷикро дар истифода аз мероси ғании адабиёти классикӣ мебинад, ки як намунаи барҷастааш эҷодиёти Лоҳутӣ мебошад.
В. Шкловский аз таҷрибаи А. Блок дар истифодаи шакли куҳна ва оҳангу забони халқ дар ифодаи мазмуни нав истинод мекунад ва зарурати омӯхтани классикҳои форс ва шоирони навпардози русро ба миён мегузорад.
Шоир Павел Василев «ниҳоятдараҷа умумӣ будан» ва хеле «суст ифода шудани хусусияти миллӣ»-ро аз камбудиҳои шеъри тоҷикӣ ҳисобидааст. Вай дуруст мегӯяд, ки тасвири деҳқони тоҷик дар ашъои шоирони мо аз деҳқони дигар миллатҳо тафовут надорад ва мураккабиҳои тағйири иҷтимоиву равонии ӯ дар ҷараёни гузариш ба зиндагии нав мавриди тасвир нест. Ва ниҳоят: «Бояд ба назм ва ашъори Тоҷикистон либоси миллии тоҷикӣ пӯшонд» – дуруст хулоса мекунад вай.
Б. Ясенский ба Василев гӯё ҷавоб дода, таъкид мекунад, ки аз амали саргарм шудан ба хусусиятҳои зоҳирии миллӣ ҳазар кунанд, беҳтараш хазинаи эҷодиёти халқро омӯзанд. Ясенский ба як камбуди ҷиддии шоирони тоҷик – беэътиноӣ ба лирика диққат ҷалб намуда, бепоя будани чунин амалро дуруст шарҳ додааст. Вай мегӯяд, ки лирикаро «…бисёр шоирҳо боқимондаи индивидуализми буржуазӣ гуфта ҳисоб мекунанд. Ҳиссиёти шахсӣ, ишқ, марг, дӯстӣ мавзуъҳои ба адабиёти сотсиалистӣ лаёқат надоштагӣ ҳисоб карда мешаванд. Дар ин хусус рафиқ Лоҳутӣ мустасно аст. Вай тавонистааст намунаҳои лирикаи навро офарад».
Аммо худи Лоҳутӣ дар анҷоми ҷаласа бо таъкид дар бораи «зарурати қувват бахшидани омӯзиши эҷодӣ ва дар масъалаи мероси классикӣ» муфассал таваққуф карда, аз шоирони классики форсу тоҷик ва худаш мисолҳои ибратбахш нишон додааст.
Ҳамин тавр, аҳли адаби тоҷик бо тайёрии ҷиддӣ ба истиқболи анҷумани якуми худ мерафт ва дар ин роҳ, чунон ки дар он замон хос буд ва баъзеҳо инро чун ҳодисаи манфӣ аз буда зиёд мегӯянду мазаммат мекунанд, ҳизби коммунист ва сарвари он дар Тоҷикистон Г. И. Бройдо раҳнамоӣ мекард.
Ин ҷо мавриди он аст, ки тасаввури нодурусти М. Раҷабиро дар бораи аз охири соли 1933 то охири соли 1934 бесарвар будани ҳизби коммунист рад намоем. Ин корро таърихшинос У. Ғаффоров дар мақолаи фавқ бо далелҳо анҷом дода, аз корҳои наҷиби Бройдо мисолҳои ҷолибе овардааст. Аслан ин факти хеле маълум аст. Аммо банда ба як чиз диққат ҷалб кардан мехоҳам: М. Раҷабӣ низ аз он бехабар набудааст ва дар рисолаи «Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ» (1997) аз ин факт истифода кардааст. Аз чӣ бошад, ки пас аз 2-3 сол онро аз ёд бурдааст. Ин кори бахшиданӣ буд, агар чун саҳви «техникӣ» ё «қалам» мешуд. Аҷобаташ дар он аст, ки ӯ ин далели набударо ҷиддӣ гирифта ба таври худ қазоват мекунад, боз ҳам ба мавзуи дӯстдоштааш корҳои булаҷаби гӯё ба ҳизб хос мепайвандад, муҳокимаҳо ороста, хулосаҳо мебарорад. Яке аз онҳо ҳамин аст, ки гӯё ба сабаби набудани роҳбари ҳизбӣ дар Тоҷикистон сарвари Иттифоқи нависандагон низ интихоб нашуда монд (ва ба шудани чунин кор ҳеч шубҳа надорад, балки ба сифати шахси аз сирру асрори ҳизб ва усули корбариҳои он огоҳ бовараш қатъист).
Аммо чӣ мегӯед, ки хулосаи дувуми М. Раҷабӣ низ хатост ва баъди тавзеҳоти боло онро воҳимае беш ба шумор овардан мумкин нест, зеро сарвари Иттифоқи нависандагон дар анҷоми анҷуман, аниқтараш дар пленуми аввали баъди он баргузоршуда интихоб гардида, аниқ ном бурда мешавад. Аммо дар ин хусус баъдтар сухан хоҳем гуфт.
Вале дар мавриди аз ёдҳо рафтани Бройдо ва ё то имрӯз ба кӯйи фаромӯшӣ супорида шудани кору амали вай мешавад, ки таасссуф хӯрд.
Ба фикри банда, ин кор барои ҳар як тоҷики худшинос айб аст, агар гуноҳ набошад. Зеро вай на камтар аз ҳар як фарди андешаманди мо дар ғами фарҳанг, ҳунар, адабиёт, миллат ва сарнавишти таърихии мардуми тоҷик будааст. Худатон қазоват кунед, ки ӯ дар ин масъалаҳо чӣ фикру ақида ва ниятҳо дошта ва дар ин роҳ чӣ иқдомҳои ҷасуронае пеш гирифтааст.
Абдухолиқ НАБАВӢ



