Ба диққати аҳли адаб. Озмун

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод намудани асарҳои сазоворро барои дарёфти Ҷоизаҳои адабии ба номи С. Айнӣ (дар бахши наср) ва ба номи М. Турсунзода (дар бахши назм) дар соли 2025 эълон менамояд.

Ҷоизаҳои адабии ба номи С. Айнӣ (дар бахши наср) ва ба номи М. Турсунзода (дар бахши назм) барои беҳтарин асарҳои назм, наср, драма, таҳқиқ ва тарҷумаи осори бадеӣ, ки дар солҳои 2022 ва 2023 ба нашр расидаанд, дода мешаванд.

Муҳлати пешниҳоди асарҳо ба Раёсати ИН – то 14-уми марти соли 2025.

Пешниҳодҳо аз ҷониби бахшҳои эҷодӣ, шуъбаҳои вилоятӣ ва нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат мегиранд.

Дигар хабарҳо