Номаи табрикии ИНТ ба БАҲРИННИСО
БАҲРИННИСОИ ГИРОМӢ!
Солҳои дароз аст, ки номи Шумо чун бонуи хушзавқи суханвар тавассути шеърҳоятон ба хонандагон ошност. Бо вуҷуди хатм кардани риштаи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (соли 1968) сарнавишти Шумо аз аввал бо волотарин санъати нафиса, яъне шеър пайванд хўрдааст ва бо камоли муҳаббату иродат ба раҳгузори шеъру зебоӣ омадаед. Андўхтаҳоятон дар ин роҳ гувоҳӣ медиҳанд, ки табъу завқатон бо каломи нобу асил парвариш ёфтааст. Содагиву самимияте, ки дар навиштаҳоятон ба назар мерасад, намоёнгари сафои ботин ва самимияти сириштии Шумо буда, боиси тароват ёфтани суханатон гардидааст.
Фаъолиятатон аз рӯи тахассус дар Институти иқтисодиёти Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ оғоз ёфта, сипас дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»-и имрӯз), маҷаллаи «Шифо» ва рӯзномаи «Дарду дармон» ҷараён гирифтааст. Дар давоми фаъолиятатон дар ин нашрияҳо чандин мақолаҳои хонданӣ иншо намудаед, ки аз сӯи хонандагон истиқболи хуб ёфтаанд.
Хонандагон бо ашъори Шумо тавассути матбуот ва маҷмуаҳои «Барфи шукуфа» (1987), «Барги сабз» (1987) , «Гули сабр» (1996), «Риштаборон» (1994) ва ғайра шинос шудаанд. Аз соли 1999 дар сафи аъзои ИНТ қарор доред.
Бо орзуи сиҳатмандиву саодатмандӣ ҷашни мубораки 75-солагиятонро муборакбод мегўем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон