БАҲОРИ РОҒУН

То ба Роғуни овозадор расидан тамошои мавзеъҳои нотакрори ин диёри афсонавӣ, махсусан дар оғози фасли баҳор, ки дар ҳар қадам шоҳкорҳои табиати нозанин ба ин диёри таърихӣ ҳусни дигаре зам кардааст аҷаб нашъае дорад. Пас аз роҳи мошингард талу пуштаҳо ва кӯҳҳои ин ҷо, ки номҳои бостонӣ доранд, ба чашм намоён мегарданд – кӯҳи Палангон, болотари Сарипулак кӯҳи Ғӯриён, кӯҳҳои Афзалӣ, Уқобон ва рӯди Вахш. Ин ҷо Вахш аз кӯҳу даман ва ёнаҳо берун мешавад. Кӯҳу дамане, ки дар қади дарёи Вахш доман паҳн кардааст, ҳамеша сабзу хуррам, пурфайзу баракат аст. Ниҳолакони бодому зардолу аллакай гул бастаанд ва мисли духтаракони зебо либоси ҳарир ба тан кардаанд ва хаёле, ҳар меҳмонро хайрамақдам мегӯянд. Баъди паси сар шудани талу пуштаҳои сарсабз моро шаҳри Роғун, маъвои нурофарон ба оғӯши худ мегирад.
Имрӯз шаҳри Роғун аҷаб симои зебое дорад. Биноҳои баландошёна, кӯчаву хиёбонҳои васеъ ва дӯкону мағозаҳои қатор ҳусни шаҳрро афзудаанд. Пеш аз он ки ба шаҳраки коргарон – Роғуни овозадор равон шавем, хостем шаҳрро тамошо кунем. Шамоли баҳорӣ ба кас ҳаловат мебахшад ва ҳамин, ки аз коргоҳи нурофарон садои беисти трактору таҷҳизоти пуриқтидор расид, ҷониби користон шитофтем…
Ҳангоме ки ба макони нурофарон расидем, ҳаво гармтар гашт. Равшан шуд, ки гармиҳои рӯзҳои охир дар табиат нақши худро гузаштаанд. Дар роҳҳо танҳо равуои нақлиёт, набзи меҳнат ба чашм мерасаду халос. Дар неругоҳ бо муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар НБО-и “Роғун” Сайдулло Абдулаҳадзода вохӯрдем. Ин марди қавипайкар, ки лаҳзае оромӣ надорад, симои андешамандашро аз атроф намеканад. Аз нигоҳи кунҷковонаи мо чизеро пай бурду гуфт:
Қобили зикр аст, ки корҳои омодагӣ ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлол пайваста идома дошта, вохурӣ бо собиқадорони соҳа ва қадршиносии бунёдкорони фаъоли неругоҳ саривақт амалӣ мегардад.
Акнун вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Раҳбари кишвар бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд гаштанд”.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар натиҷаи сохта, ба истифода додани силсиланеругоҳҳои миёнаву азим дар дарёи Вахш иқтидори истеҳсолии неруи барқ ба 9195 МВт баробар ба 9 миллиону 195 ҳазор кВт мерасад. Зеро маҳз бо талошҳои ҳамешагӣ, ниятҳои нек, хайрхоҳию сулҳдӯстӣ ва миллатпарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ин иншоот босуръат идома меёбад.
Барҳақ, сохтмони аср – “Роғун” маҳз бо ҳидояту пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба майдони корзору қаҳрамонӣ, диловарӣ табдил ёфтааст. Зеро неругоҳи мазкур армони миллати тоҷик аст. Онро бо ҳар баҳое набошад, бояд сохт!
Пешвои маҳбуби миллат, ки устоди зиндаёд Бозор Собир “Бастакори ГЭС-и Роғун» унвонашон карда буд, худашон ба трактор нишаста, пеши роҳи рӯди Вахши саркашро бастанд. Чаро мо онро насозем?!
Албатта, месозем ва машҳури дунё мекунем!
Шаҳраки бинокорон, биноҳои муҳташам ва нақбу таҷҳизоти азим бо шукӯҳ ва ҷалол ба назар расида, равуои нақлиёт лаҳзае қатъ намегардад. Атроф пур аз техникаю садои ғурриши механизмҳои муқтадир аст. Ин ҷо касе бекор нест. Аз ҳар ҷониб ба ҳам бархӯрдани муҳаррикҳо ё садои кафшергарию овози беисти матор ба гӯш мерасад. Ба ҳам бархӯрдани оҳан, ғиҷирроси чархи нақлиёт, нидоҳои пурғулғула аз ҷӯшу хурӯши кор дарак медиҳанд. Неругоҳ дар ҳалқаи кӯҳҳо бунёд меёбад ва ин ҷо ба коргоҳи азим, ба набардгоҳи одаму табиат табдил ёфтааст. Коргарони тоскулоҳдор дар ду нақби обпарто машғули корҳои ҳаррӯзаи хеш буданд. Нақлиёти вазнин бомаром ҳаракат доштанд. Мошинҳо бо навбат ба назди экскватор омада меистоданд. Техникаи муқтадир бо кафши пӯлодини худ сангу шағали аз нақбҳо баровардаро ба мошинҳо бор мекард. Техникаи пармакунӣ бо дандонҳои тез синаи кӯҳро мешикофт ва гурӯҳи кафшергарон, бетонрезон сақфу деворҳоро бо арматура мустаҳкам мекарданд.
Дар ҳақиқат, Неругоҳи “Роғун” бузургтарин иншооти муҳандисӣ дар олам мебошад. Шаш агрегат дорои тавоноии 600 мегават аст ва солона дар неругоҳ 13,4 млрд квт соат неруи барқ истеҳсол мегардад, баландии сарбанди неругоҳ 335 метр мебошад.
Шаҳраки коргарон майдони ҳақиқии нангу номусро мемонад. Ҳангоме ки нақлиёти махсус коргаронро аз маҳалли зисташон ба нақби обпарто бурд, қатори дигари мошинҳои пуриқтидор баргашт. Тамошои техникаҳои гуногун касро ба ҳайрат меорад.
Дарёи Вахш бузургтарин рӯдест, ки нур меофарад ва 386 километр тӯл дорад, ки дар қатори дарёҳои Енисей, Нил, Ангара, Норин бузургтарин тавлидкунандаи барқ дар олам аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибони сарватҳои табиат ва муҳити зист мебошанд.
– Бахти баланди мост, ки ҳарчанд захираҳои бузурги нафту газ надорем, табиат сарзамини зебои моро бо сарвати бебаҳову беинтиҳои гидроэнергетикӣ, яъне сарчашмаҳои камназири дарёҳо шодоб гардонидааст, ки аз баракати онҳо Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби нӯшокӣ дар сайёра яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. То шаст фоизи захираҳои оби минтақаи марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд, – гуфтанд Пешвои миллат зимни мулоқот бо созандагони неругоҳ.
Дар фасли баҳори нозанин табиати Роғун ҳазору як ранг дорад. Атрофи неругоҳи азимро дари файзбору нусратбор шудааст. Иқлим, боду ҳавои мусоид, дарёи равон маъвои писандидаи мардум гаштаанд. Дар баромадгоҳи неругоҳ диққатамро пирамарди нуроние ба худ ҷалб кард. Ӯ гуфт:
“Писарам, баҳори Роғун пур аз файзу баракат аст. Охир, Роғун қадамҷои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳар гоҳе ки Роҳбари давлатамон ба Роғун меоянд, диёри мо хаёле ба нуристон табдил меёбад. Ман аз Роғун дил канда наметавонам. Деҳаам Обигармро тарк карда, дар дами пирӣ ҳамроҳи коргарон ҳастам. Мехоҳам, заррае ҳам бошад, дар сохтмони “Роғун” ҳисса гузорам”.
Пирамард андаке ба сукут рафта, илова кард:
– Ҳеч аз хотирам намеравад, ки соли 1980 гурӯҳи мутахассисони шаҳри Ленинград ба мавзеи сойи “Оби шӯр”-и Роғун омада, маслиҳат доданд, ки дар саргаҳи деҳаҳои Ҷуруҷ, Одамак садди оҳанин созанду ҷараёни оби шӯрро дигар кунанд. Вале ин пешниҳод амалӣ нагардиду баъдтар сел омада, тамоми сангу шағали кӯҳҳоро чаппа карда, ба дарё рехт. Техникаи бисёре зери об монд. Даҳшати сахте рух доду коргарон фирор карданд.
Соли 2012, вақте ки Хайрулло Сафарзодаро директори генералии ҶСК НБО-и “Роғун” таъйин карданд, аввалин иқдоме, ки анҷом дод, пешгирии фалокати сойи “Оби шӯр” буд. Хайрулло, ки то ин дам раисии шаҳри Роғунро ба зимма дошт, иқлиму хоку вазъи неругоҳро хуб медонист, барои ҳифзи сарбанд ба масоҳати 115 метр, баландияш 75 метр девори мустаҳками бетонӣ бардошт.
Даме ки бо пирамард хайрухуш кардем, рӯз аз нисф гузашта буд.
Кӯҳҳо ва табиати зебои Роғун дар оғӯши баҳор гул мекарданд. Роғун бо манбаи рӯшноӣ ва табиату об ба ҳам омада буд ва таронаи зафари мардони нуристон дар он танин меандохт.
Маҷид САЛИМ