Баъзе мулоҳизаҳо оид ба имло
Чанде пеш китобчаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» (Душанбе, ҶДММ «Абдулло ва Искандар Ко», 2021)-ро харида мутолиа кардем. Хатоҳои истифодаи аломатҳои китобатро дар матни Қоидаҳо дида, андеша кардем, ки «онҳо шояд ғалатҳои техникии ношир бошанд.» Вале пас аз он ки аз Интернет нусхаи асли қарори ҳукуматро бо матни имлои нав дастрас карда, бо матни китобча муқоиса намудем, маълумамон шуд, ки ношири китобча ҳеҷ хатое содир накардааст. Ин ғалатҳо маҳз аз тарафи мураттибон содир шудаанд.
Бо вуҷуди кӯшиши зиёди забоншиносону мураттибони «Қоидаҳои аломатҳои китобат»-и нав, он аз ғалатҳои ҷиддӣ холӣ нест, ба баъзе масъалаҳо ҷавоб нагуфтааст ва чанде аз аломатҳои китобат дар он тавзеҳ наёфтаанд (зада, саволу хитоб, ситорача ва се ситорача, аломатҳои мувозӣ). Чанде аз онҳоро мехоҳем баррасӣ кунем.
Аломати тире. Дар забони тоҷикӣ истифодаи аломати китобати тире, мисли забонҳои англисӣ ва русӣ, нақши муҳим дорад. Аломати тире (–) вазифаи тавзеҳ ва ҷудо карданро иҷро менамояд. «Қоидаҳои аломатҳои китобат»-и забони тоҷикӣ ҳафт мавриди корбурди аломати тиреро хеле хуб мушаххас карда тавзеҳ додааст [2021, с. 52–53]. Вале, мутаассифона, дар ҳамаи мавридҳо дар банди 7 ба ҷоий аломати тире (–) зиёда аз 40 маротиба аломати нимтире (-) истифода шудааст, ки хатои маҳз аст, зеро аломати нимтире (-) вазифаи тавзеҳиро иҷро намекунад, маъно коста шудааст. Ба намунаҳои зерин аз «Аломатҳои китобат» таваҷҷуҳ кунед:
«13. Аломати тире вазифаи тавзеҳ ва ҷудо карданро иҷро менамояд ва дар мавридҳои зерин гузошта мешавад: «- дар байни мубтадо ва хабари номие, ки феъли ёвар ҳазф шудааст. Лоиқ — шоир. Душанбе — пойтахти тоҷикон. Фарзанди хуб — боғи падар, фарзанди бад — доғи падар. (Зарбулмасал)»…. [2021, с. 52–53].
Дар намунаи боло ва ҳафт мисоли дигар, дар ҳама ҷо, ба ҷойи тире (–) нимтире ё дефис (-) истифода шудааст, ҳол он ки ин ду аломат вазифаҳои комилан фарқкунанда доранд. Дар ин бора дар «Аломатҳои китобат»-и нав бо унвони «Нимтире» тавзеҳ оварда шудаст:
«Нимтире (дефис) хатчаи васлкунандаи байни қисмҳои калимаи мураккаб ҳангоми якҷоя навиштан ё байни ду калимае мебошад, ки яке аз онҳо муносибати баёниявӣ дошта, якҷоя калимаи мураккабро ташкил медиҳанд» [2021, с. 61]. Дар ин фасл, яъне фасли 12. Нимтире (-), ҳам, ки «Аломатҳои китобат» 16 қоидаи истифодаи нимтиреро эзоҳ додааст, 16 маротиба ба ҷойи тире (–) дар аввали бандҳо нимтире (-) навишта шудааст. Яъне, мураттибони «Аломатҳои китобат» ин масъаларо дуруст зикр мекунанд, вале, мутаассифона, дар мисол овардан хато мекунанд. Се намуна меорем:
« — исмҳое, ки ҷузъи дуюми онҳо маънои мустақил надоранд: нон-пон, бача-кача, чой-пой, бозор-мозор, қанд-панд, тахта-пахта ва ғайра;
— дар байни калимаҳои тақлидӣ ва тасвирӣ: шар-шар, фаш-фаш, чак-чак, гум-гум, ғиҷир-ғиҷир, тиқ-тиқ, тақ-тақ, ялт-ялт, шав-шав, ав-ав ва ғайра;
— дар исмҳои хоси иқтибосӣ: Коста-Рика, Улан-Удэ, Сан-Марино, Рио-де-Жанейро, Буэнос-Айрес ва ғайра»… [2021, с. 62–63].
Пас биёед бубинем, ки фарқ байни худи ин ду аломат дар навишт дар чист? Албатта, ҷойи баҳс нест ва фарқи ин ду аломати китобат барои ҳамагон, аз ҷумла, донишҷӯён, маълум аст. Вале, азбаски мураттибони «Аломатҳои китобат» ба чунин хатоҳои дағал роҳ додаанд, ин аломатҳои китобатро барои онҳо тавзеҳ медиҳем.
Аломати тире (–) вазифаи маъноӣ ва грамматикӣ дорад ва мавридҳои истифодаи он инҳоянд… [ниг. «Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ», 2016, с. 322]. Аломати китобати нимтире (дефис) бошад (-) дар мавридҳои зерин гузошта мешавад: [ниг. «Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ», 2016, с. 75].
Чунон ки мебинем, дар навишт аломати китобати тире (–) аз нимтире (-), ки ними аломати тире мебошад, бо дарозтар будани худ фарқ мекунад. Байни навишти аломати тире ва нимтире каме монандӣ ҳаст, лекин аз рӯйи вазифаҳои грамматикӣ ва мавридҳои корбурд ин ҳарду аломат аз ҳамдигар куллан фарқ мекунанд ва ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ гоҳ набояд онҳоро мисли мураттибони имлои нав омехта кард. Аз ҷумла:
1) аломати тире (–) маънои вожаи «яъне»-ро дорад; аломати нимтире (-) хатчаи васлкунанда байни қисмҳои калимаи мураккаб мебошад;
2) аломати тире (–) ба ҷойи хабари ҳазфшуда меояд; аломати нимтире (-) байни калимаҳои такрор истифода мешавад.
3) аломати тире (–) пеш аз калимаҳои хулосакунда меояд; аломати нимтире (-) ҳеҷ гоҳ маънои хулосакуниро ифода намекунад;
4) аломати тире (–) маънои пайвандаки «агар»-ро ифода карда метавонад; аломати нимтире (-) ҳеҷ гоҳ пайвандаки «агар»-ро иваз карда наметавонад.
5) аломати тире (–) сухани муаллифро аз нутқи айнан нақлшуда ҷудо мекунад; аломати нимтире (-) ҳеҷ гоҳ ба ин вазифа истифода намешавад.
6) аломати тире (–) ба ҷойи вожаҳои ифодакунандаи замон, масофа, андозаи ҳаҷм ва вазн истифода мешавад; аломати нимтире (-) ба ин маъноҳо ҳеҷ гоҳ истифода намешавад ва ғайра.
Фарқи байни аломатҳои тире (–) ва нимтире (-) дар луғатҳо, дар дастурҳои таълимӣ, Қоидаҳои имлои пешин ва нав, китобҳои дарсӣ тасвир, тафсир ва тавзеҳ дода шудааст. Аммо аксари донишҷӯён, ҳатто муҳаққиқон, ҳангоми навиштани диссертатсияҳо (докторӣ ҳам!!) онҳоро нодида мегиранд, зеро монандии каме зоҳирии онҳо касро фиреб медиҳад ва на ҳама дар компютер корбурди дурусти онро медонанд. Дар натиҷа маъно халалдор мешавад. Аломати нимтире (-) ҳеҷ гоҳ бо фосила аз як тараф ё ду тараф навишита намешавад, аломати тире (–) бошад, баръакс, ҳатман бо фосила ҷудо навишта мешавад. Ҳамаи ин тавзеҳот дар «Аломатҳои китобат» сабт гардида бошанд ҳам, амалан дар матну мисолҳо ин қоидаҳо риоя нашудаанд.
Ин камбудҳоро хатои техникӣ ҳам номидан мумкин нест, зеро дар ҳуҷҷате, ки бо қарори Ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст, хатои техникӣ шуда наметавонад. Пас ин чист? Дарк накардани фарқи вазифаҳо ва мавқеъҳои истифодаи аломатҳои нимтире (дефис) ва тире аз тарафи таҳиягарони Қоидаҳои имлои нав? Қабул надоштани аломати тире? Нодида гирифтани аломати тире? Ё чизи дигаре?
Нуқта бо нохунак. Чизи дигаре, ки дар истифодаи он дар забони тоҷикӣ номуназзамӣ ба назар мерасад, ин истифодаи аломати китобати «нуқта бо нохунак» мебошад. Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҷумлаҳои айнан нақлшуда ё иқтибосот тарзи истифодаи нуқтаро мушаххас намесозанд. Масалан, оини истифодаи аломатҳои савол ва хитоб дар китобҳои дарсӣ дар ин мавридҳо дар дохили нохунак ҷойгир кардани ин аломатҳо, вале берун аз нохунак гузоштани аломати нуқтаро ба шакли анъана даровардааст. Қоидаҳои имлои соли 2021 ҳам бавосита ҳамин нуктаро собит месозад. Яъне, дар Аломатҳои китобат ин амал тавзеҳ наёфтааст, вале мисолҳо оварда шудаанд. Барои исботи ин фикр як намунаро аз худи «Аломатҳои китобат» меорем:
«Рӯзе он подшоҳро дар роҳе бо вай мулоқот афтод ва забон ба мақолот бикушод: «Эй дарвеш, сабаб чист, ки алоқа аз мо буридӣ ва қадам аз омадурафт кашидӣ?» Дарвеш ҷавоб дод: «Сабаб он ки донистам, ки наомада савол шунидан беҳтар аст, аз омада малол дидан». (Абдураҳмони Ҷомӣ)» [2021, с. 59].
Чунон ки мебинем, дар ин мисол аломати савол дар дохили нохунак ва аломати нуқта берун аз нохунак гузошта шудааст. Яъне, дар ин ҷо номуназзамии истифодаи аломати китобат ба назар мерасад. Аз як тараф, аломати савол ва хитоб дар дохили нохунак гузоштан ва аз тарафи дигар, берун аз нохунак гузоштани аломати нуқта ҳидоят шудааст. Тибқи «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» [2021, с. 37] «нуқта дар охири ҷумлаи ҳикоягӣ гузошта мешавад. Ҷумлае, ки дар охири он нуқта гузошта шудааст, фикри тамомшударо фаҳмонида, мазмуни хабарӣ дорад».
Мо бар он ақида ҳастем, ки пас аз нохунак гузоштани нуқта ҳеҷ маъное надорад ва дар ҷумлаҳои иқтибосӣ аломати нуқтаро, мисли аломати савол ва ҳам хитоб, дар дохили нохунак гузоштан мантиқан дуруст аст. Яъне фикри тамомшудаи хабарӣ бо нуқта ба охир мерасад ва иқтибосӣ будани он бо нохунак мушаххас мегардад. Барои муқоиса, оинҳои имлои забони англисӣ дар дохили нохунак овардани ҳамаи аломатҳои навъҳои ҷумла, яъне хабарӣ бо нуқта, саволӣ ба аломати савол ва хитобӣ ба аломати хитобро, талаб мекунанд, ки мантиқан дуруст аст.
Аломати мувозии моил (/ ва //). Солҳои зиёд аст, ки як ё ду хатти мувозии моил дар забони тоҷикӣ, хусусан дар феҳристи адабиёти рисолаҳои илмӣ, роиҷ аст. Дар ин ҳолат ду хатти мувозии шикаста маънои «дар асари» ё «дар китоби»-ро дорад. Мисол аз худи Имло: «Ҳалимов С. Калимасозии исм дар забони адабии тоҷик /аз рӯи забони «Гулистон»-и Саъдӣ // Масъалаҳои забон ва адабиёт. Қисми 1/2. — Душанбе: Дониш, 1975. – С. 283–307». Дар мисоли боло ду хатти мувозии шикаста ба маънои «дар китоби» «Масъалаҳои забон ва адабиёт» чоп шудани мақолаи С. Ҳалимов далолат мекунад. Вале дар «Аломатҳои китобат» ин аломат тавзеҳ наёфтааст. Профессор Т. Шокиров дар дастури таълимӣ «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» (2010) даҳ ҳолати истифодаи хатҳои мувозиро бо мисолҳо (саҳ. 58-59) шарҳ додааст.
Ҳуруфи моил. Ҳуруфи моил (истилоҳи русӣ «курсив», англисӣ «италикс») кайҳо боз дар забони тоҷикӣ истифода мешуд ва истифода шуда истодааст, вале мураттибони «Қоидаҳои аломатҳои китобат» дар ин бора чизе намегӯянд. Масалан, ҳанӯз дар «Грамматикаи забони тоҷикӣ» (1956) ва фарҳангу луғатҳо ин навъ хат ба таври фаровон ба мақсади ҷудокунӣ истифода мешуд. Дар худи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» (2021) ҳуруфи моил барои овардани мисолҳо дар ҳар як банду қоида бешумор истифода шудааст, вале чаро маҳз бо ҳуруфи моил оварда шудани ин мисолҳо дар ягон ҷо тавзеҳ дода нашудааст. Як мисол аз худи имло:
«17. Аломати нохунак дар мавридҳои зерин гузошта мешавад: — Номи ташкилотҳо, китобҳо, маҷаллаву рӯзномаҳо ҳангоми истифодаи онҳо дар матн:
Шумораи нахустини рӯзномаи нави тоҷикӣ «Паёми Душанбе», ки пайки айёми бозсозист, аз чоп баромад». [2021, с. 59-60]
Дар намунаи боло мисол пурра бо ҳуруфи моил оварда шудааст ва ибораи «Паёми Душанбе» дар дохили нохунаки шакли (» «) ҷойгир карда шудааст. Илова бар ин ба ҷойи тире (–¬) дар аввали сатр ғалат нимтере (-) оварда шудааст.
Ба иттилои хонанда мерасонем, ки дар забони англисӣ кайҳо боз барои ҷудо кардани номи ташкилотҳо, китобҳо, маҷаллаву рӯзномаҳо ҳангоми истифодаи онҳо дар матн нохунак истифода намешавад. Вазифаи ҷудо кардани ин номҳоро дар матн ҳуруфи моил иҷро мекунад. Агар мисоли болоро аз рӯйи қоидаҳои аломати китобати забони англисӣ нависем, он чунин шакл хоҳад дошт: «Шумораи нахустини рӯзномаи нави тоҷикӣ «Паёми Душанбе», ки пайки айёми бозсозист, аз чоп баромад». (А.М.)
Шояд мо ҳам аз истифодаи нохунак дар мавриди ҷудо кардани номи ташкилотҳо, китобҳо, маҷаллаву рӯзномаҳо ва ғайра ҳангоми истифодаи онҳо дар матн даст кашида вазифаи ҷудокунии вожаҳо ё матнро ба ҳуруфи моил бисупорем? Агар истифодаи нохунакро ба вазифаҳои мухталиф дар ҳамин мақолаи дар дасти шумо буда мешуморидем, медидем, ки он қариб 100 маротиба истифода шудааст. Яъне бо истифодаи ҳуруфи моил ба ҷойи нохунак матни мо бо сад аломати типографӣ кутоҳ мешуд.
Шакли аломати нохунак. Аломати нохунак дар «Аломатҳои китобат» (2021) дар ин шакл (» «) дода шудааст. Яъне, нохунак тибқи ин ҳуҷҷат дар болои сатр гузошта шудааст. Нохунак асосан барои ҷудо кардан нутқи айнан нақлшуда аз сухани гӯянда ва баъзе мавридҳои дигар истифода мешавад. Дар забони русӣ ва англисӣ нохунак чунин (“ ”) шаклро дорад ва низ дар болои сатр гузошта мешавад. Вале дар барномаҳои компютерии забони тоҷикӣ (аз ҷумла Times New Roman Tj), ки аксари ноширон онро истифода мебаранд, аломати нохунак дар ин (« ») шакл ва дар мобайни сатр истифода мешавад ва онро компютер ба таври автоматӣ дар мобайни сатр ҷойгир мекунонад. Дар «Аломатҳои китобат» (2021) дар ҳамаи мисолҳо нохунак 152 маротиба маҳз дар ҳамин (» «) шакл ва дар болои сатр гузошта шудааст.
Яъне мураттибони «Аломатҳои китобат» (2021) нохунаки шакли дигареро ба расмият даровардаанд, ки ба нохунак монандӣ надорад. Нохунак вожаи тоҷикӣ буда, аз калимаи нохун ва пасванди хурдию навозишии -ак сохта шудааст ва маънои луғавиаш нохунча мебошад. Ҳангоми китобат аломате истифода мешавад, ки ба нӯги буридаи нохун шабеҳу монанд аст. Пас хонанда аз ин ҷо, яъне аз Қоидаҳои аломати китобати ” нав бояд чӣ хулоса барорад, минбаъд кадом шакли нохунакро аз се варианти додашуда истифода барад, онро дар мобайн гузорад, ё дар болои сатр? Ҳар бор, агар ман ба муҳаррир чизе барои таҳрир барам ин шакли (“ ”) нохунакҳоро ҳатман бо нохунакҳои «тоҷикӣ» дар ин шакл (« ») иваз мекунад.
Хулоса, ғалатҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ»-и соли 2021-ро ҳар чи зудтар ислоҳ карда ба ҷомеа пешкаш кардан лозим аст. Китобчаҳои имлои пурғалати чопшударо ҳар чи тезтар аз муомила бардоштан зарур аст.
Абдусалом Мамадназаров,
профессори ДМТ