БАРҚ
Қариб бист сол боз дар маҷлисҳои Ҳукумати мамлакат, ки охири ҳар моҳ барпо мешаванд, иштирок мекунам ва шоҳиди ҳолам, ки дар ҳар кадоми онҳо масъалаҳои муҳимми давлатдорию раъиятдорӣ мавриди гуфтугӯйи ҷиддию қатъӣ ва самимонаю дилсӯзона қарор мегиранд. Ва гоҳ-гоҳ, вобастаи мавзуи маҷлис, байту мисраъҳое рӯйи коғаз меоянд. Аз он ҷумла:
Кафили барқамон гар нохалаф буд,
Сазовору вафодори салаф буд;
Насиби ҷайби ӯ симу зари барқ,
Насиби барқи мо умре талаф буд!
Ватан, дуздони қарқатро занад барқ,
Ба барқу зарқ ғарқатро занад барқ,
Ту бебарқиву барқатро бидузданд? –
Илоҳӣ, дузди барқатро занад барқ!
Ин сатрҳо солҳо пеш навишта шуда буданд, лекин, мутаассифона, ҳоло ҳам рӯзмарраанд. Далел ин аст, ки маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябр боз ба ин масъалаи доғи рӯз – таъмини мардум бо барқ бахшида шуд. Раиси Ҳукумат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамеша амиқу муассир вазъи душвори ин соҳаи муҳимми хоҷагии халқи кишварро баён карданд. Зикр шуд, ки оби дарёи Вахш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта панҷоҳ дарсад кам гардида, сатҳи оби баҳри Норак се метр фуромадааст ва ин омилҳо барои истеҳсоли барқи кофӣ мушкили аёнӣ ба вуҷуд овардаанд. Омилҳои дигаре, чун истифодаи исрофкоронаи барқ, бе ҳисобкунак барқ гирифтани баъзе ашхос, корхонаҳое, ки рӯйирост ин сарвати миллиро медузданд, муамморо печидатар карда, истиқлоли энергетикии кишварро мавқуфтар месозанд.
Ислоҳоти системаи барқи мамлакат, ки бо исрори Бонки ҷаҳонӣ амалӣ шуд, вазъро на танҳо беҳ накард, балки боиси бадтар шудани он гардид. Ва, чунонки Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода тазаккур доданд, ин кор бояд баъди ба истиқлоли энергетикӣ расидани кишвар сурат мегирифт.
Воқеан, дар бораи он «реформа» дар ҷомеа низ гап зиёд аст ва мардум барҷо ба ҳайрат афтода, фаҳмиданӣ мешаванд, ки чаро ба шохаҳои муҳимми ин соҳаи стратегии кишвари соҳибистиқлоламон бегонаҳо роҳбарӣ мекунанд? Магар онҳо нигина чакидаанд? Аз мутахассисони босалоҳияту дилсӯзи худамон чӣ бартарӣ доранд? Оё бо маошҳои ҳангуфти онҳо мутахассисони худамон беҳтару бештар кор намекунанду фоида намеоранд?
Дар маҷлис хотиррасон гардид, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба соҳаи барқ низ зарари бисёр расонд. Таҷҳизоти зиёд, то сутунҳои барқ ба яғмо рафт. Бадхоҳони давлату миллатамон он солҳо роҳамонро бастанду барқамонро қатъ карданд. Ҳатто беморхонаҳоямон барқ надоштанд ва фавти шаш тифлаки навзод дар таваллудхонаҳои пойтахт дар як зимистони қаҳратун дили сӯхтаи миллатро рештар намуд.
Ҳамин буд, ки Ҳукумати мамлакат, шахсан Сарвари давлати пурмушкиламон ҷиддан ба масъалаҳои обу барқ рӯ оварданд. Ташаббусҳои ҷаҳонияшонро ҳама медонад, ин ҳам маълум бод, ки кам кишваре барои системаи энергетикиаш дар чунин як муддати кӯтоҳ ин қадар маблағгузорӣ кардаасту мекунад.
Бунёди неругоҳҳои хурду калони барқ ба кори пайвастаи Ҳукумат табдил ёфтааст. Ду агрегати НБО-и «Норак» ва се агрегати НБО-и «Қайроққум» таъмири куллӣ диданд ва боз даҳҳо соли дигар хидмат хоҳанд кард. 50 дарсади корҳо дар иншооти беназири «Роғун» ба анҷом расидаанд ва гардон шудани як агрегати дигараш вазъи энергетикиамонро тамоман дигар мекунад.
Мутаассифона, омили аёни ҷаҳонӣ – дигаргуншавии иқлим, ки хушксолиҳои мудҳиш ба бор овард, ба кори ин соҳа низ бетаъсир намемонад. Ин ҳолат, яъне, камбуди барқ дар тамоми дунё, ҳатто дар давлатҳои муқтадире, ки газу нафт доранд, ба мушоҳида мерасад. Омилҳои дигар низ ҳастанд, аз ҷумла афзоиши аҳолӣ, ки аз некуаҳволии мардум ҳам дарак медиҳад. Таваҷҷуҳ кунед, ки дар соли 1991 ҳамагӣ 5 миллион будем, ҳоло, шукр, 11 миллионем. Бунёди корхонаҳои зиёди саноативу иҷтимоӣ, биноҳои беҳисоби баландошёна, вазъи қаноатбахши молиявии аксари мардум, ки ба истифодаи чандин таҷҳизоти замонавии барқӣ дар хонаҳо мусоидат мекунад, омили дигари талаботи бештар ба барқ аст. Албатта, ин омилҳо барои кишваре, ки сарвати бемислаш об асту барқаш обӣ, мушкил эҷод мекунанд.
Раиси муҳтарами Ҳукумат бо самимияту дилсӯзии хосси худ аз мушкилоти мардум дар мавсими сардиҳо гуфта, ба вазорату идораҳои масъул супоришҳои мушаххасе доданд, ки иҷрояшон ҳатман вазъро беҳбуд хоҳад бахшид. Бо ташвиш аз мавҷудияти коррупсия дар системаи барқ сухан рафт ва бо далелҳо собит гардид, ки агар дуздиҳо набошад, барқи имрӯзаамон – якуним миллиард киловат барои чор фасли соламон басанда аст. Вале чӣ гуна басанда бошад, ки 50 дарсади талафоташро дуздӣ ташкил медиҳад! Чӣ гуна басанда бошад, ки бо барқи дуздии як беинсоф се ноҳияро бо барқ таъмин кардан мумкин аст! Ин ба ном «талафоти техникӣ», ки дар доираи меъёр имконпазир аст, дар баъзе аз ноҳияҳо то 70 дарсадро ташкил медиҳад, ки ҳеҷ қобили қабул нест ва аз дуздии бераҳмонаи сарвати давлату миллат шаҳодат медиҳад. Умедворем, ки мақомоти қудратӣ тибқи супориши Раиси муҳтарами Ҳукумати мамлакат ин ҳолатҳои шармоварро мушаххасан ошкор ва бартараф мекунанд. Охир, чунин ашхос на танҳо гармӣ, балки дилгармӣ, на фақат рӯшанӣ, балки нури манзилу дилҳои мардумро медузданд!
Масъалаи дигаре, ки бояд ҳар як шаҳрванди кишвар таваҷҷуҳ кунад: барқи мо дар дунё арзонтарин аст, вале ин набояд боиси ба қадри он нарасидану исроф шуданаш бишавад. Бояд ҳар киловати онро чун нонрезаҳои дастархони бо заҳмати гарон оростаамон сарфакорона истифода бибарем, то ки манзилҳои бештаре дар диёрамон гарму рӯшан бошанд. Қонуни нави соҳа, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои муштариён эҷод шудааст, ҳамаро ба ин водору вазифадор мекунад ва иҷрои бечунучарояш имкон фароҳам меорад, ки истифодаи барқ дар доираи меъёру инсоф доимӣ бошад ва мардум дар фасли сармо азият накашад.
Таҷриба нишон дод, ки ин кор имконпазир аст. Чунонки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, порсол талафоти барқ дар пойтахти мамлакат 20 дарсад буд, имсол бо чораҳои мушаххас, аз ҷумла шинондани ҳисобкунакҳои электронӣ ва ошкор намудани барқдуздӣ ин рақам то ба 9 дарсад фуромад ва фоизи талафоти барқро дар кишвар низ хеле поён бурд.
Дар заминаи ин таҷрибаи омӯхтанӣ дастур дода шуд, ки ҳисобкунакҳои электронӣ ҳарчи бештар мавриди истифода қарор бигиранд, сарфаи барқ кори ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванду роҳбарони корхонаҳо бошад, истифодаи ҷамъиятию шахсии барқи офтобӣ рушд биёбад.
Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муассир иброз доштанд, ки давлат пайваста дар фикри ҳалли мушкилоти мардум аст ва супориш доданд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар аз Ҷумҳурии Туркманистон харидорӣ намудани миқдори зарурии қувваи барқ чораҳо андешида шаванд.
Супориши дигари муассир он буд, ки ашхосу идораҳои дахлдор бояд фаврӣ лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Хатлон» («Шӯроб»)-ро омода бисозанд. Неругоҳе хоҳад буд он, ки зудтар бунёд меёбад ва дар баробари агрегатҳои нави «Роғун» мардумро бо барқи арзону фаровон таъмин ва истиқлоли энергетикии кишварро амалӣ мекунад.
Маҷлиси Ҳукумати мамлакат суҳбати заруру муфиде буд аз вазъи мардум дар ин рӯзҳо ва, бовар дорем, ки иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари муаззами давлату миллатамон боиси беҳбуди он мегардад. Эътимоди бештар он аст, ки халқи бузургвори Тоҷикистон бо ин Сарвари ғамхору ин Давлати устувор мушкилиҳои мудҳиштарро паси сар намудааст ва бо фарҳанги модарзоди инсонию ватандорӣ огоҳонаю собирона, ҳамдилонаю сарҷамъона ин зимистонро ҳам баҳор ва дилгармию рӯшанботинии худро бори дигар собит хоҳад кард.
Низом ҚОСИМ



